Веломарафони “Қадами сабз ба оянда”

Дар доираи Ёддошти баимзорасидаи миёни Вазорати таълими томактабӣ ва Вазорати туризм ва варзиш, Федератсияи велосипедронони Ӯзбекистон, намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Қадами сабз ба оянда” марафони 1-уми велосипедронӣ баргузор шуд.

Дар доираи Ёддошти баимзорасидаи миёни Вазорати таълими томактабӣ ва Вазорати туризм ва варзиш, Федератсияи велосипедронони  Ӯзбекистон, намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Қадами сабз ба оянда” марафони 1-уми велосипедронӣ баргузор шуд. Ин чорабинӣ дар ҳудуди Экобоғи шаҳри Тошканд роҳандозӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он Раиси Федератсияи велосипедронии Ӯзбекистон Танзила Норбоева, сафири ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон Пиер фон Аркс, вазири туризм ва варзиш Азиз Абдуҳакимов иштирок ва суханронӣ карданд.
– Бо ташаббуси Федератсияи велосипедрон дар оянда тадриҷан таъмин намудани ташкилотҳои таълими томактабии минтақаҳои кишварамон бо дучархаи мувозин амалӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин барои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишҳои оммавӣ тамоми шароити созгорро фароҳам меоварем, – гуфт Танзила Норбоева.
– Дар ин веломарафон 65 нафар кӯдакони синни то 6-сола ширкат карданд. Ба онҳо тарбиячиёни муассисаҳои томактабӣ ва варзишгарони соҳаи варзиши велосипедронӣ роҳнамоӣ намуданд. Ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тарбияи экологӣ, ҷисмонӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи оммавӣ ба варзиши кӯдакон ва наврасон равона шудааст ва дар ин самт лоиҳаи озмоишӣ мавриди татбиқ қарор дода шудааст, – гуфт ба мухбири “Овози тоҷик” сухангӯи Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ Мавлуда Асқархӯҷаева.
Вай афзуд, ки бадшавии вазъи экологӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба нигаронӣ мувоҷеҳ кардааст. Барои ҳамин истифода аз велосипедҳои педалронӣ ва бидуни педал хеле муҳим мебошад. Дар кӯдакон низ муносибат ба тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои бехатарии роҳ батадриҷ ташаккул меёбад. Чунин марафони велосипедронии кӯдакон дар Осиёи Марказӣ бори нахуст дар Ӯзбекистон ба роҳ монда шуд.
Дар поёни веломарафон кӯдакон бо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд. Баъд барои онҳо барномаҳои тафреҳии шавқовар намоиш дода шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: