ВГИК ВА ФИЛИАЛИ ОН ДАР ТОШКАНД

Институти давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С.Герасимов (соли ташкилёбиаш – 1919) яке аз муассисаҳои бонуфузи таълими олӣ дар Русия буда, то имрӯз бештар аз 50 ҳазор нафар мутахассисони соҳаи синамо омода намудааст, ки дар рушди фарҳанг, хусусан санъати кино дар дараҷаи маҳаллию байналхалқӣ саҳм гирифтаанд.

Институти давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С.Герасимов (соли ташкилёбиаш – 1919) яке аз муассисаҳои бонуфузи таълими олӣ дар Русия буда, то имрӯз бештар аз 50 ҳазор нафар мутахассисони соҳаи синамо омода намудааст, ки дар рушди фарҳанг, хусусан санъати кино дар дараҷаи маҳаллию байналхалқӣ саҳм гирифтаанд. Минҷумла, садҳо нафар маъруфтарин актёрҳои кинои тоҷик ва ӯзбек, ки номашон бо эҳтиром ба забон мегирем, хатмкардаи ҳамин боргоҳи номвари таълими олианд. ИДУК бо номи ВГИК маълум ва машҳур аст. Барои ҷавононе, ки актёриро орзу мекунанд, таълим гирифтан дар ВГИК шарафи калон мебошад.
Чанд сухан дар бораи ин институт, ки ба таърихи кинои мо низ то андозае робита дорад.
1 сентябри соли 1919 аввалин дар ҷаҳон Мактаби олии кинематографӣ (номи онвақтааш) дар Маскав кушода шуд, ки дар яке аз квартираҳои духонагӣ воқеъ дар Майдони шӯроҳо ва кӯчаи ба номи Твер ҷой гирифта буд. Барои қабул ба он беҳтарин «кинонатурчиҳо» (актёрҳоро ҳамин тавр меномиданд) интихоб карда шуданд. Ба донишҷӯён оиди пластикаи ҳиссӣ, ифодаҳои мимикӣ, шамшербозӣ, акробатика, рушди тана ва гимнастикаи ҳиссиёт таълим дода мешуд.
Соли 1923 дар мактаби кино факултаи киномуҳандисӣ, соли 1924 риштаи коргардонӣ ва филмҳои мултипликатсионӣ кушода шуд. Соли 1925 мактаб ба Техникуми давлатии кинематографӣ табдил ёфт.
Ба техникум Валентин Туркин роҳбарӣ мекард. Владимир Гардин, Лев Кулшев, Эдуард Тиссэ аввалин устодони ин боргоҳи ҳунар ба шумор мерафтанд.
Аз соли 1928 то 1948 дар ин ҷо ҳунарвари маъруф Сергей Эйзенштейн низ ба ҷавонон нозукиҳои санъати синаморо омӯзондааст. Соли 1940 ба ин муассисаи таълимӣ Давид Файнштейн роҳбар таъин гашт. Ӯ соли 1941 дар ҷанг алайҳи фашистон ҳалок гардид.
Аз 5 августи соли 1930 Техникуми давлатии кинематография – Институти давлатии кинематография, аз 17 майи соли 1938 – Институти давлатии умумииттифоқии кинематография ном гирифт. Институт байни солҳои 1930-1938 дар хиёбони Ленинград мавқеъ ёфт. Баъд ба биное, ки алҳол киностудияи ба номи М.Горкий ҷой гирифтааст, кӯч баст. Аз 1 сентябри соли 1938 дар бинои нав воқеъ дар кӯчаи Вилгелм Пик фаъолияти худро идома бахшид. Аудиторияҳои бинои нав 750 нафар шунавандаро гунҷоиш медоданд. Аз ибтидои солҳои панҷоҳум бинои синфхонаҳои нави таълимӣ сохта ва ба истифода супурда шуданд. Соли 1978 дар кӯчаи ба номи Б.Галушкин барои донишҷӯёни институт бинои 16 ошёна қомат афрохт.
Маълум, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон як қатор муассисот ва корхонаҳои Русия ба ақибгоҳ кӯчонда шуданд. ВГИК бо ҳамроҳии киностудияҳои «Мосфилм» ва «Ленфилм» ба пойтахти онвақтаи Қазоқистон – Алмаато эвакуатсия гардид.
Хатмкардагони ВГИК дар давраҳои гуногун алҳол дар бештар аз 80 кишвари ҷаҳон ба сифати истеҳсолгари филмҳои бадеию телефилмҳо, омӯзгор ва мутахассиси соҳаи синамо, роҳбару ходими муассисаҳои маданӣ фаъолият мебаранд.
Имрӯзҳо дар он наздик 10 факулта мавҷуд. Риштаҳои коргардонӣ, актёрӣ, факултаҳои бадеию кинооператорӣ, аниматсионию мултимедӣ, сенариянависӣ, продюсерӣ аз ҳамин қабиланд. Дар кафедраҳои таъриху фалсафа, эстетика, таърих, фарҳанг, драматургияи кино, санъати тасвирӣ, айни замон лабораторияҳои таърихи кинои хориҷӣ, таърихи кинои ватанӣ, классикӣ, графикаи компутерию мултмедиа мутахассисони соҳибтаҷриба кор мекунанд, дар омодасозии кадрҳои сазовор саҳм мегузоранд.
25-30 соли охир робитаи алоқамандони кинои мо бо ВГИК як андоза коҳиш ёфта буд. Президент Шавкат Мирзиёев сентябри соли 2019 барои равнақи ҳамкориҳо бо ВГИК ташаббус пеш гузошт. Худи ҳамон сол дар Русия Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон рӯи кор омаданд. Дар доираи ин чорабинӣ байни Агентии кинематография ва ВГИК меморандум ба имзо расид. Соли 1920 аз ҷумҳурии мо 7 нафар ба муассисаи таълими олии зикршуда қабул шуда бошанд, соли 1921 донишҷӯёнамон ба 15 нафар расиданд.
Таҳти ташаббуси Президенти мо филиали ВГИК дар Тошканд кушода шуд. Маросими кушоиши филиал дар доираи киноҷашнвораи байналхалқии кинои Тошканд бо унвони «Дурдонаи Роҳи абрешим» баргузор гардид.
Дар маросими он ҷонишини Сарвазир Азиз Абдуҳакимов, ҷонишини вазири маданияти Русия Олга Ярипова, ректори ВГИК Владимир Малишев ва дигар киномутахассисон ширкат варзиданд.
Аз 1 ноябри соли равон дар филиал донишҷӯёни мо дар ду ришта – драматургия ва кинопродюссерӣ таълим мегиранд. Дар ҳудуди Агентии кинематографӣ барои филиали ВГИК бинои алоҳида ҷудо карда шудааст. Дар оянда баҳри боз ҳам васеъ намудани фаъолияти филиал нақшаҳо кашида мешаванд.
Соли оянда дар бинои Агентии кинематография барои таҳкими малакаҳои амалӣ ва мулоқот бо киноэҷодкорони шинохта маркази медиа кушода хоҳад шуд.
А.Абдуҳакимов гуфт, «Ӯзбекфилм» як қатор филмҳое дорад, ки гаштаю баргашта намоиш ёбанд ҳам боз тамошо карданамон меояд. Вале вақтҳои охир филмҳои мо миқдоран афзуда бошанд ҳам савияашон наонқадар қобили таваҷҷӯҳ. Омодасозии кадрҳои ҷавони сазовор дар филиали боргоҳи маъруфи синамо умед аст ба равнақи филмҳои ватаниамон, баланд шудани дараҷа ва савияи онҳо мусоидат намояд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: