«ВИҶДОНИ РӮЗНОМАНИГОР ПАРЧАМИ ДАСТИ ӮСТ»

Ҳар гоҳ ба таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» оям, эҷодкоронро саргарми кор мебинам.

 Алалхусус, котиботро ба дили беқарори рӯзнома ташбеҳ додан мумкин аст. Фарорасии иди касбии кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ ба мо имкон дод, ки бо котиби масъули рӯзнома Фаридуни Фарҳодзод (Юлдошев) суҳбат ороста, аз ӯ ба чанд пурсиши худ посух гирем. 

– Чӣ сабаб шуд, ки ба рӯзноманигорӣ дил бастед? 
– Шояд бачае набошад, ки ба хабарнигорону нотиқони шабакаҳои телевизионӣ бо чашми ҳавас нигоҳ накунад. Аксар ҳангоми хурдсолӣ мехоҳанд журналист шуда, аз оинаи нилгун баромад кунанд, сухан гӯянд. Ман ҳам аз бачагӣ, ҳангоми таҳсил дар мактаби таълими умумии рақами 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ орзу мекардам, ки корманди телевизион бошам. Овони мактабхонӣ ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик шавқи зиёд доштам. Аз синфи ҳаштум ҳар сол аз ин фанҳо дар олимпиадаҳо иштирок кардам. Ҳангоми таҳсил дар синфи ёздаҳум дар зинаи вилоятии олимпиадаи фаннӣ ҷойи якумро гирифта, барои иштирок дар зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат ба даст овардам. Дар зинаи ҷумҳуриявӣ низ муваффақият ёр гашта, ҷойи сеюмро гирифтам ва дар асоси гувоҳномаи махсусе, ки тақдим гардид, бе имтиҳоноти давлатӣ, дар асоси имтиёз ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд қабул шудам. Солҳои донишҷӯӣ низ чанд хабару мақолаҳоям дар рӯзномаҳои мамлакатамон нашр шуданд. Пас аз хатми зинаи бакалавр соле дар мактаби зодгоҳ ба ҳайси омӯзгор кор кардам. Баъдан бо нияти такмили дониш ва таҷриба бозпас Самарқанд омадам ва таҳсилро дар магистратураи ДДС давом додам. Баъди хатми магистратура ба Ширкати садо ва симои вилояти Самарқанд ба кор омадам. Қариб се сол чун мухбири бахши тоҷикии шуъбаи радио кор кардам ва аз соли 2018 фаъолияти худро дар  рӯзномаи «Овози Самарқанд» оғоз намудам. Ҳамзамон дар рӯзномаи бачагонаи «Булбулча–доно» низ кор мебарам.
– Дар бораи мақолаи аввалини худ чиро дар хотир доред? 
– Бори нахуст ҳангоми таҳсил дар курси аввали факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба  рӯзномаи «Овози Самарқанд» омадам. Сармуҳаррири ҳамонвақтаи рӯзнома,  шодравон Ғафурҷон Маҳмудов пас аз суҳбати самимӣ, рӯзноманигори ботаҷриба Тошқул Азимовро ҷеғ зада, гуфтанд, ки мақолаҳои маро аз назар гузаронанд ва маслиҳатҳои худро дареғ надоранд. Азимов навиштаҳои маро дид ва аввалин мақолаам зери таҳрири устод дар рӯзнома нашр шуд.  
– Ба фикри Шумо рӯзнома чист ва рӯзноманигор кист?  
– Гарчанд дар соҳаи рӯзноманигорӣ собиқаи зиёди корӣ надорам, дар ин муддати кӯтоҳ фаҳмидам, ки ин пеша мушкилиҳои зиёд дорад. Рӯзнома минбари халқ аст, ки аз як тараф, барои бедор гаштани эҳсоси худшиносиву ватандӯстии мардум хизмат кунад, аз тарафи дигар, чун оина воқеаҳои ҳаёти иҷтимоиро инъикос менамояд. Барои дар соҳаи рӯзноманигорӣ муваффақ шудан, шахси журналист аз тамоми навгониҳои кишвар, вай хоҳ сиёсӣ бошад, хоҳ иқтисодиву иҷтимоӣ ва ё фарҳангиву тиббӣ, бояд огоҳ бошад. Ҳамқадам, ҳамнафас, ҳамдам ва ҳамрози мардум гардад. Пайваста барои такмили маҳорат ва сайқали қалами худ заҳмат кашад. Соҳиби иродаи қавӣ ва, пеш аз ҳама, виҷдони пок бошад. Вақте ки рӯзноманигор дар ботини худ ғаразе дорад ва аз рӯйи кинаву адоват кор мебарад, вай журналист нест. Виҷдони рӯзноманигор парчами дасти ӯст. 
– Муносибати шумо ба ислоҳоте, ки дар сохтори воситаҳои ахбори оммавӣ амалӣ мегарданд? 
– Тӯли ду-се соли охир муносибат ба воситаҳои ахбори оммавӣ тағйир ёфт. Имрӯз рӯзноманигорон камбудиҳои ҷомеаро ошкоро баён менамоянд, пешрафту мушкилоти ин ё он соҳаро мегӯянд. Боварии мардум низ ба нашрияҳои даврӣ афзудааст, ки барои дарёфти ҳақиқату адолат ба матбуот муроҷиат мекунанд. Ин далолат медиҳад, ки матбуот ба дарди мардум мерасад, барои ҳалли мушкилоту муаммоҳои онҳо талош менамояд. Мавриди баррасӣ қарор гирифтани муаммоҳо ва ҳал гардидани онҳо бо ёрии рӯзноманигорон хизмати бузурги журналистика  мебошад. Ҳоло журналистика то ҳадде ба пули миёни ҷомеа ва ҳукумат табдил ёфтааст. 
– Фаридун, боиси хурсандист, ки ҳикояҳои Шумо дар чанд китоб рӯйи чопро диданд... 
– Барои эътибор ташаккур. Дар деҳае, ки ба камол расидаам, дуртар аз хона – дар канори кӯҳ боғе доштем. Ҳар рӯз баъди анҷоми дарс барои нигоҳубинии боғ мерафтам. Ҳамеша ҳамроҳ китоб мебурдам ва мутолиа мекардам. Таъсири ҳамин ва афсонаву ҳикояҳои модаркалонам, ки ҳар шаб ба мо наберагон нақл мекарданд, дар дилам нисбати адабиёт меҳр пайдо кард. Баъд аз хатми донишгоҳ бо маслиҳат ва пешниҳоди як гурӯҳ устодон бештар бо ҳикоянависӣ машғул шудам. Вақте ки ҳикояҳоямро рӯйи саҳифаи фейсбук гузоштам, муносибати дилгармкунанда ва дастгирии ҳамзабонон маро водор сохт, ки бобати сайқали маҳорати худ кор барам. Бахусус, муаллимаи азизу арҷманд, шоира ва нависандаи хушкалом Марямбонуи Фарғонӣ маслиҳатҳои муфид медоданд. Оид ба камбудиҳо мегуфтанд ва дар ислоҳи онҳо ёрӣ мерасонданд. Бо дастгирии адиб Юнуси Имомназар нахустин ҳикояҳоям дар китоби «Деҳаи зархез» рӯйи чопро дид ва боз  имсол маҷмӯаи дастҷамъии худро зери унвони «Се барги сабз» чоп кардем.  
Бовар кунед, ки ҳар қадар бо сухан бештар кор кунам, ҳамон қадар аз сухангӯӣ меҳаросам. Метарсам, ки хато нагӯям. Як сухан чанд паҳлӯ дорад ва интихоби мувофиқтарину мутобиқтарини он корест заҳматталаб. Сухан гавҳари ноёб, ҷони инсон аст ва ба ҳамин маънӣ шоире фармуда, ки «гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст...» 
– Нақшаҳои ояндаатон...
– Ҳоло, ки мо дар саргаҳи роҳи пурпечи рӯзгор қарор дорем, бояд пайваста омӯзем ва таҷриба зиёд кунем. Вақте ки дар доманаи кӯҳ ҳастед, мехоҳед ба қулла бароед ва аз нуқтаи баландтарин атрофро тамошо кунед. Ин, албатта, лаззат ва роҳати дигар дорад.  
Аз фурсат истифода намуда, тамоми устодон ва ҳамқаламонро бо иди касбӣ шодбош мегӯям ва таманно дорам, ки қаламашон ҳамеша барои пойдории сулҳу субот, адолат, ҳақиқат ва рафоқат дар кишвар хизмат кунад.
 
Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: