ВИЛОЯТИ БУХОРО: ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТ НАТИҶА МЕДИҲАД

Ёварони ҳокимон, ки дар маҳалҳо бо ташаббуси Президенти кишвар ба фаъолияти худ шурӯъ намуданд, ҷиҳати ҳалли мушкилоти аҳолии ниёзманди дастгирии иҷтимоӣ корҳои густурдаро амалӣ менамоянд.

 Инро дар мисоли расондани ёрӣ ба одамоне, ки ба «дафтари занон» ё «дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, дидан мумкин аст.
Корҳои мусбате, ки дар ин самт дар вилояти Бухоро анҷом дода мешаванд, низ самараи худро медиҳанд. Дар тӯли ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба 9 928 занони вилоят ба  маблағи умумии 187 миллиарду 500 миллион сӯм вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар маҳаллаҳо эҳтиёҷот ба дастгирии моддӣ ва вомҳо дар асоси омӯзиши ёварони ҳокимон ва тавсияномаҳои онҳо баланд мегардад. Ба масъалаи касбомӯзии занони бекор, расондани ёрии моддӣ ба воситаи ҷудо кардани вомҳои имтиёзноки бонкҳо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Дар ин бобат дар сафари матбуотӣ таҳти мавзӯи «Нақши ёварони ҳокимон дар баланд бардоштани мақоми маҳалла, татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ, дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд чӣ гуна аст?», ки дар Бухоро баргузор гардид, сухан рафт. Онро Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Агентии кори маҳаллабайъ ва рушди соҳибкорӣ ва ҳокимияти вилоят ташкил кардааст.
Нахуст журналистон бо фаъолияти ҶММ «Selikopit» дар маҳаллаи «Шергирон»-и вилояти Бухоро, ки ба он соҳибкор Маликбек Чориев роҳбарӣ мекунанд, шинос шуданд. 70 фоизи коргарону мутахассисони корхонаро заноне ташкил медиҳанд, ки қаблан бекор буданд.
– Пештар ин корхона як сехи хурде буд, ки дар шароити мутобиқшуда дар маҳаллаи «Работиқалмоқ» фаъолият мекард, – мегӯяд муовини раиси маҳаллаи «Шергирон» Азизбек Шаропов. – Пас аз омӯзиш тасмим гирифта шуд, ки як қисми бинои холии бо услуби замонавӣ сохташуда ба субъекти соҳибкорӣ, ки фаъолияташро густариш доданист, ба иҷора дода шавад.
– Имрӯз дар асоси фармоиши шарики асосии худ – ҶММ «Луна» (Русия) барои сайёҳон хаймаю халтаҳои мустаҳкам дӯхта, ҳар моҳ ба маблағи ҳудуди сад ҳазор доллар маҳсулот содир менамоем, – мегӯяд роҳбари корхона М.Чориев. – Инак, мо моҳе ба ҳисоби миёна ҳазор хайма ва 1300 халта истеҳсол карда, сад фоизи маҳсулоти худро ба шарикони хориҷӣ интиқол медиҳем. Дар оянда ният дорем фаъолиятамонро васеъ гардонем.
Дар соҳибкорӣ кордонӣ, меҳнатдӯстӣ ва ғайратмандӣ нақши муҳим мебозад. Сокини маҳаллаи «Қаҳрамон»-и ноҳияи Рометан Акмал Маҳмудов фурӯши тухмӣ ва чормағзи бастабандшударо ба роҳ монда, бо ин роҳ оилаашро бо кору даромад таъмин кард.
– Дар корхонаи оилавии «Алишер Дилсора», ки фаъолияташро ҳашт сол қабл оғоз намудааст, имрӯз 10 нафар меҳнат мекунанд, – мегӯяд ёвари ҳоким дар ин маҳалла Азамат Камолов. – Барои бастабандии 155 килограмм тухмӣ дар як соат имконият фароҳам оварда шуд. Соҳибкор соли гузашта аз ҳисоби маблағи худ технологияи туркии тамғаи «Pamukalle» харида, васл намуд, ки ба туфайли он маҳсулнокии меҳнат афзуд. Ашёи хоми зарурӣ натанҳо аз ноҳия, балки вилоятҳои Сурхондарё ва Қашқадарё харид карда мешавад.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки истироҳатгоҳи «Рометан сайлгоҳи», ки ҳоло дар маркази ноҳияи Рометан сохта мешавад, дар минтақа ҳамто надорад. Пас аз шуҳрат пайдо кардани минтақаи истироҳатии OAZIS, ки дар масофаи 10 километр аз маркази вилоят дар асоси андозаҳои замонавӣ сохта шудааст, ин мавзеъ низ макони дӯстдоштаи сокинони вилоят мегардад. Дар ин ҷо ансамбли ба худ хоси нусхаҳои хурди ёдгориҳои машҳури меъмории Париж, Мелбурн, Лондон, Лос-Анҷелес барпо карда мешавад.
– Барои ин лоиҳа дар маҳаллаи Ибни Сино дар маркази вилоят 31 гектар замин ҷудо карда шуд, – мегӯяд муовини ҳоким Талъат Шоев. – Корҳо оид ба бунёд намудани ҳар як иншоот бо тарҳи беназир байни 62 нафар соҳибкорон тақсим карда шуданд. Дар ин ҷо 70 минтақаи истироҳат, нуқтаҳои расондани хидмати савдо ва маишӣ сохта мешаванд. Мо омодаем ин объектро то ҷашни истиқлолияти мамлакатамон ба истифода супорем.
Дар маҷмӯи ягона, ки арзиши умумии лоиҳавии он 15 миллиарду 300 миллион сӯмро ташкил медиҳад, ба истифода додани аттраксионҳои гуногун барои бачаҳо, дуконҳо, нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумӣ ба нақша гирифта шудааст. Объектҳои мазкур ба соҳибкорон ба муҳлати 50 сол ба иҷора дода мешаванд. Аз ҳама муҳимаш ба истифода додани маҷмӯъ беш аз 200 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
Дар баробари ин иштирокдорони сафари матбуотӣ аз фаъолияти ёварони ҳоким дар маҳаллаҳои «Валфаҷр»-и ноҳияи Пешкӯ, «Анҷирбоғ»-и ноҳияи Вобканд – Ҷамшед Холов ва Баҳодир Саломов низ таассуроти зиёд бардоштанд.
Соҳибкори оилавӣ аз маҳаллаи «Валфаҷр» Дилфуза Ҳамидова дар дукони воқеъ дар манзилаш ҳудуди 30 дӯзандаро, ки ба дӯхтани либос барои тӯю маъракаҳо машғуланд ва ҳудуди 30 дӯзандаи дигарро дар деҳоти ҳамсояи Чоробод, Кучкало, Хуҷалар, Кӯпанак дар асоси хонакорӣ бо кор таъмин кард. Сех бо таҷҳизоти «JACK» ва дигар мошинҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Ёвари ҳоким аз маҳаллаи «Анҷирбоғ» Баҳодир Саломов ихтисоси молиячиро дошта, қаблан дар вазифаи муовини идоракунандаи филиали вобкандии ҶС Бонки миллӣ кор мекард. Аз рӯзи ба кор оғоз намуданаш вазъи моддии 2300 нафар, 510 кадбону ва 656 оила, мушкилоти иҷтимоии онҳоро омӯхт. Оиди расондани кӯмак ба 200 нафар бекорон инчунин қариб 80 оилаи камтаъмин чораҳо андешид. Ба ин ҳамкории зич бо субъектҳои соҳибкории вилоят мусоидат намуд.
– Соҳибкори пешқадами мо Ашраф Мирзаев дар деҳаи Оқработ дар пойгоҳи ҶММ «ASHMIR MILK INVEST» сехи коркарди ширро ба кор даровард, – мегӯяд ёвари ҳоким Баҳодир Саломов. – Аъзои панҷ оила бо кор таъмин карда шуданд. Ҳамзамон шири аз 50 оила ҷамъовардашуда таҳти тамғаи «ASHMIR» бастабандӣ карда мешавад. Ғайр аз ин, вақтҳои охир дар сех истеҳсоли творог ва қаймоқ ба роҳ монда шуд, ки боиси афзудани ҳосилнокии меҳнат гардид.
Иштироккунандагони сафари матбуотӣ аз иншооти истеҳсолӣ – фабрикаи либосдӯзии «АZTEX», ки таҳти тамғаи «Amirtex» фаъолият нишон медиҳад, дидан карданд.
– Ҳангоми ташаккули ҷамоаи корхона, интихоби дӯзандаҳои ботаҷриба имконоти занони бекор аз оилаҳои камбизоат махсусан мавриди омӯзиш қарор гирифта шуд, – мегӯяд ёвари ҳоким аз маҳаллаи «Гулистон» Зафар Умуров. – Аз ин шумор зиёда аз 50 нафар дар филиали мономаркази вилоят ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб карда шуданд.
Худи ҳамон рӯз кормандони ВАО аз хона-музейи Устои халқии Ӯзбекистон Алишер Нарзуллоев дар маҳаллаи «Абдухолиқ Ғиҷдувонӣ»-и маркази ноҳияи Ғиҷдувон ва коргоҳи кулолгарии ӯ дидан карданд. Онҳо бо фаъолияти сулолаи оилавӣ, ки анъанаҳои қадимаи ҳунари халқиро эҳтиёткорона нигоҳ медоранд, аз наздик шинос шуданд.
Дар ин ҷо писари устоди номдор, намояндаи сулолаи кулолгарон Олимҷон Нарзуллоев ба меҳмонон маълумоти муфассал дод. Бо экспонатҳо, таърихи музей шинос кард. Дар баробари ин дигаргунсозиҳое, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Абдухолиқ Ғиҷдувонӣ» ба амал бароварда мешаванд, корҳо оид ба ободонӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ки ёвари ҳоким Азизбек Ашӯров амалӣ менамояд, низ аз эътибор дур намонд.
Ҳамаи ин таҷассуми амалии ислоҳот ва ташаббусҳои наҷибонаи Президенти мамлакат мебошад.

Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: