ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА БО ШИРКАТҲОИ КУРИЁӢ ҲАМКОРӢ МЕКУНАД

Ҳайати густардаи вилояти Фарғона таҳти раёсати ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ба Куриёи Ҷанубӣ сафар намуд.

 Дар ин бора дафтари матбуоти дастгоҳи ҳокимияти вилоят хабар дод. Ин сафар аз боздиди ширкати “Posco International”-и шаҳри Инчхон шурӯъ шудааст.
Гуфта мешавад, ки “Posco International” аз ширкати калонтарини Куриёи Ҷанубӣ шумурда мешавад ва он дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаҳои фулузот, нафту газ, мошинсозӣ, нассоҷӣ ва амсоли он дастовардҳои калонро ноил гардидааст. Он солона дар ҳудуди 6 миллиард доллар фоидаи соф ба даст меовардааст ва беш аз 63 ҳазор нафар коргарро муттаҳид намудааст. 
Дар ҷараёни музокираҳо масъалаҳои тибқи талаботи замон модернизатсия намудани корхонаи “Posco Textile”, ки аз соли 1996 дар вилояти Фарғона фаъолият мекунад, ташкили кластери пахтакорӣ дар ноҳияи Ёзёвон ва аз ҳосили пахта маҳсулоти тайёр истеҳсол кардан, ба роҳ мондани истеҳсоли сачоқҳои ба талаби Куриёи Ҷанубӣ мувофиқ, инчунин истеҳсоли матоъҳои гуногун аз нахи сунъӣ  ва амсоли он баррасӣ гардиданд.
Дар баробари ин, дар ин гуфтушунид роҷеъ ба он табодули назар сурат гирифт, ки дар заминҳои аз ғалла холишуда кишти маҳсулоти барои содирот мувофиқ ва азнавкоркарди он ба роҳ монда шавад. Масъалаҳои ба Куриёи Ҷанубӣ содир намудани мева ва маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Фарғона,  ширкати ин кишвар дар бунёди лоиҳаи Экошаҳари Фарғона аз роҳи ворид намудани сармояҳо низ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.  
Ин манбаъ мегӯяд, ки ҷониби Куриёи Ҷанубӣ барои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои пешбинишуда изҳори омодагӣ кард. Бар асоси ин созишномаҳо миёни вилояти Фарғона ва ширкати “Posco International” ба маблағи 65 миллион доллар ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳайати вилояти Фарғона ба яке аз калонтарин шаҳрҳои Куриёи Ҷанубӣ – Йонгин ташриф оварда, бо мақомоти расмӣ таҳти роҳбарии шаҳрдори он Пек Кун Ки мулоқот намуд.
Шаҳри дигар – Ёнгин соли 2008 бо вилояти Фарғона созишномаи бародаршаҳрӣ ба имзо расонидааст. Он яке аз шаҳрҳои босуръат рушдёбандаи Куриёи Ҷанубӣ дар доираи консепсияи «шаҳри оқил» муаррифӣ шудааст. Шаҳри машҳури истеҳсоли нимноқил дар ҷаҳон дар Ёнгин воқеъ гаштааст, инчунин бузургтарин боғи фароғатии “Everland” ва аквапарки  “Caribbean Bay”, Боғи миллии Куриёи Ҷанубӣ дар ин ҷо маскан гузидаанд.
Дар мулоқот тасмим гирифта шуд, ки ду ҳудуд равобитро ба ҳамкориҳои амалӣ табдил медиҳанд ва барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судманд тавассути табодули ҳайатҳои байни Палатаҳои савдо ва саноат, ҷалби сармоягузорӣ ба истеҳсоли нимноқилҳо, электроника ва молҳои рӯзгор ба роҳ мемонанд. 
Фарғона ва Йонгин дар масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳои таълимӣ, табодули таҷриба дар соҳаи сохтмон ва пешбурди инфрасохтори шаҳрӣ ва иншооти сайёҳӣ низ ҳамкориҳои густарда ба роҳ хоҳанд монд.
Гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик «Харитаи роҳ»-и ҳамкориҳои мутақобилан судманд таҳия ва ба таври онлайн имзо карда мешавад.
Намояндагони вилояти Фарғона аз “Everland”, яке аз калонтарин боғҳои тематикии ҷаҳон боздид карданд, ки ба гуфтаи мизбонон, онро соле қариб 7 миллион нафар одамон тамошо мекунанд, ки мувофиқи экосистемаи табиӣ бунёд шудааст.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: