Бино ба натиҷагириҳои соли 2022 вилояти Фарғона аз рӯи ба муассисаҳои таълимии томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон дар байни вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷои якумро ба даст овардааст.
То охири соли 2022 дар вилоят шумораи кӯдакони 3-7-сола 308 ҳазору 412 нафарро ташкил намудааст.
Аз ин шумор дар 3 ҳазору 329 муассисаи таълимии томактабӣ 265 ҳазору 234 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Сатҳи фарогирӣ 86,3 фоизро ташкил медиҳад.
– Ҳоло дар вилояти мо 83 муассисаи томактабии хусусӣ, 112 муассисаи томактабии шарикӣ-давлатӣ ва 2 ҳазору 239 муассисаи таълимии томактабии типи оилавӣ фаъолият мекунанд. Миқдори боқимонда муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ мебошанд, ки сатҳи таълиму тарбия дар он хеле хуб ба роҳ монда шудааст, – мегӯяд сардори Садорати муассисаҳои таълими томактабии вилоят Юлдузхон Хоҷаева.
Тавре ки ӯ боз таъкид варзид, дар давоми сол аз ҳисоби ташкил намудани гурӯҳҳои рӯзона ва кӯтоҳмуддат дар муассисаҳои таълимии томактабии вилоят, ки бо иқтидори пурра кор намекунанд, таъсиси муассисаҳои нави таълимии томактабии ғайридавлатиро барномарезӣ намуданд. Гузашта аз ин, тармиму бозсозии муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ низ ба сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Имрӯз нишондиҳандаи фарогирии кӯдакон аз ҳамин ҳисоб 86,3 фоизро ташкил кард.
Юлдузхон Хоҷаева қайд намуд, ки дар вилоят ҳиссаи кӯдакони ба муассисаҳои таълимии томактабии ғайридавлатӣ фарогирифташуда то 25 фоиз пешбинӣ шуда буд, аммо ба далели фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои беш аз пеш аз тарафи давлат барои соҳибкорон ва хоҳишмандон имрӯз ин рақам 33,1 фоизро ташкил додааст.
Бар асоси маълумоти расмӣ, ҷиҳати фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таълимии томактабӣ шаҳри Мӯйноқи Қароқалпоқистон (100%) дар байни шаҳрҳои мамлакат ҷои аввалро ишғол мекунад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.