ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА: ДОИРАИ ҲАМКОРИҲОИ ДУ КИШВАР ТАВСЕА МЕЁБАД

Баъди ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев ва анҷоми дидору мулоқотҳои вай бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар равобити байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сафҳаи нав кушода шуд ва ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф аз нав барқарор гардид.

Марзҳои тайи ду даҳсола маҳкаму сангин ба рӯи мардум боз гардид, равуоҳо аз сар гирифта шуданд. 

Маҳз дар ҳамин замина солҳои охир доираи ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангии миёни ду кишвар беш аз пеш вусъат пайдо кардаву дар заминаи асноде, ки сарварони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба имзо расонидаанд, рушду нумӯъ менамояд. Ин дастовардҳои наҷибро метавон дар мисоли рушди ҳамкориҳои миёни вилояти Фарғона ва вилояти Суғди Тоҷикистон низ мушоҳида намуд.  
Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона маълум кард, имрӯз дар ин вилоят 20 корхона бо сармояи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз ин шумор 13-тои он корхонаи муштарак ва 7-тои он ҳайси корхонаи хориҷӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғул аст. Дар соли 2022 дар доираи панҷ лоиҳа, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд, 7,2 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим азхуд карда шудааст. 
 Ба таври мушаххас ин корхонаҳоро номбар метавон кард, ки барои боло бурдани иқтисодиёти вилоят ва некуаҳволии мардуми он хеле мусоидат менамоянд. Инҳо ҶММ «Saiddiyon-Salmon group»-и шаҳри Қувасой, ки машғули корҳои дуредгарӣ мебошад. Корхонаи муштараки ҶММ «Beshariq kabel» дар ноҳияи Бешариқ ба истеҳсоли сим ва кабелҳои гуногуни барқ ихтисос дода шудааст. Корхонаи хусусии ҶММ «8181 Kand express» ба фаъолияти интиқоли мусофирон дар ноҳияи Бешариқ ихтисос дода шудааст. Корхонаи хусусии ҶСММ «Dom kabel», воқеъ дар ноҳияи Бағдод, ки ба истеҳсоли фулузоти ранга машғул аст. Корхонаи муштараки ҶСММ «Iplanet media global» дар Риштон хадматрасонии телефонҳои мобилиро бар ӯҳда дорад, инчунин ҶСММ «Do’st-hamkor BM» фаъолияти худро дар ноҳияи Учкӯприк ба истеҳсоли симон ихтисос додааст. 
 Акнун бевосита ба мисолҳои мушаххас рӯй меорем. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди  «Kokand», воқеъ дар шаҳри Қӯқанд 7 июли соли 2021 дар Маркази хадамоти давлатӣ сабти ном шудааст. Корхона дар ивази сармояи саддарсади Қаҳҳор Деҳқонов ном сармоягузор арзи вуҷуд намудааст. 
 Дар корхонаи мазкур ҳудуди панҷоҳ нафар мардуми маҳаллӣ ба кор таъмин шудаанд. Дар айни ҳол  корхонаи муштарак дар шаҳри Қӯқанд оҳиста нуфузи баланд пайдо мекунад ва доираи фаъолияташро низ тавсеа мебахшад. 
 Дар шаҳристони Риштон корхонаи муштараки Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Iplanet media global»  аз соли 2015 ба фаъолият оғоз намудааст. Сармояи оиннамоии он як миллиард сӯмро ташкил мекунад. Бист дарсади сармояи онро шаҳрванди Тоҷикистон Зафар Ҳамидов ворид намудааст. Ҳоло ин корхонаи муштарак дар шаҳрҳои Марғелон, Қӯқанд ва Фарғона низ бахшҳои худро ифтитоҳ намудааст. 
Зимни ташрифи Президенти мамлакат ба вилояти Фарғона, ки 4-5 феврали соли  2021 ба вуқӯъ пайваст, вай бунёди маркази «Савдо-логистика» дар мавзеи  «Собиртеппа»-и ноҳияи Бешариқро дастур дод, ки баъди анҷоми он дар ихтиёри соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта хоҳад шуд.
 Дар мавзеи «Собиртеппа» посгоҳи марзиву гумрукии «Андархон» воқеъ гаштааст. Ин посгоҳ кайҳо мақоми байналмилалиро касб намудааст. Дар ҳоли ҳозир дар майдони масоҳаташ 5 гектар минтақаи озоди тиҷоратӣ бунёд мегардад. Дар ин ҷо маҷмаи бузурги савдо низ иборат аз 2 ва 3 ошёна арзи вуҷуд хоҳад кард. 
Ба наздикӣ маросими гузоштани нахустин санги пойдевори он баргузор гардид. Дар ин маросим ҳайатҳои ду вилоят таҳти раёсати Хайрулло Бозоров ва Раҷаббой Аҳмадзода, шахсони расмӣ ва соҳибкорон ширкат кард. Сохтмони ин марказро ҶДММ «MB-Qoqon 7» ба дӯш гирифтааст. Тибқи нақша сохтмончиён 200 нуқтаи савдо, меҳмонхона, бонк, маркази логистикӣ ва қаҳвахонаю тарабхонаҳо бунёд хоҳанд кард. Имрӯзҳо дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд идома доранд. 
Дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии субъектҳои соҳибкории вилояти Фарғона бо Ҷумҳурии Тоҷикистон 38,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил намудааст. Аз ин ҳисоб содирот 27,0 миллион доллар ва воридот 11,3 миллион долларро ташкил кардааст. Қобили зикр аст, ки дар давоми соли сипаришудаи 2022 дар вилояти Фарғона 146 корхона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти худро содир кардааст. Гардиши савдои хориҷии субъектҳои соҳибкории вилояти Фарғона бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли 2023 аз 10,1 миллион доллар иборат мебошад, ки 7,5 миллиони он ба содирот ва 2,6 миллион доллар ба воридот марбут аст. Дар ин вилоят тӯли моҳҳои январ-марти соли 2023 бештар аз 70 корхонаву ширкати гуногун истеҳсоли маводи содиротиашро маҳз барои Тоҷикистон нигаронидааст.
Домани ҳамкориҳои миёни ду вилояти ҳамҷавор дар самтҳои гуногун бо инҳо иктифо наёфтааст, балки ғояи татбиқи лоиҳаҳои нав арзи вуҷуд намудаанд, ки баъди баррасии намояндагони ду ҷониб ҳатман мавриди иҷро қарор дода хоҳанд шуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: