1. ИДОМАИ КОРНОМАИ ПАДАРОН
Вилоят дар ин 80 соле, ки чун воҳиди маъмурӣ вуҷуд дорад, бо вуҷуди баъзе роҳу гузаргоҳҳо, маконҳои қадимии мадании худ, гуфтан мумкин аст, ки зиндагиро аз сар гирифтааст. Дар ин даштҳои беканор ҳазорон гектар заминҳои нав азхуд карда шуда, ба шӯристону қитъаҳои санглоху ташналаб қадами одамони бунёдкор ва меҳнатқарин аз миллат ва минтақаҳои гуногуни мамлакати паҳновар расида, нафаси зиндагӣ дамид. Аҳолии аслии ҳудуди вилояти Сирдарё онҳое мебошанд, ки аҷдодашон дар натиҷаи чандин мавҷи муҳоҷиркунӣ дар ин минтақа муқим гаштаанд ва ҳоло онҳо ба 837 ҳазор нафар расидаанд.
Насли имрӯзаи мардумони муҳоҷири ободгар низ бо сари баланд кори пурмашаққат ва ифтихорсозро давом медиҳанд, ки дар тӯли сафари якрӯзаи журналистони пойтахт ва маҳаллӣ ба вилоят бо ташаббуси Иттиҳоди эҷодии журналистон ин чизҳо бараъло ба чашм хӯрданд.
ДАР ОИНАИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ШИША
Аз ин ки ходимон ва роҳбарони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сирдарё универсал оина» бо ифтихор ва сарбаландӣ гап мезананд, дарк мегардад, ки онҳо воқиан аз кор ва корхонаашон мамнунанд, зеро то он ки ҳанӯз як сол пеш аз ин – то ин ки истеҳсолот дар он ба роҳ андохта шавад, аксарияти онҳо бекор буданд. Дар ин як кунҷи ноҳияи Сирдарё сохта шудани чунин корхонаи истеҳсолӣ якбора 70 нафарро ба кор таъмин намуд, ки барои ҷамоати шаҳрвандони «Пахтазор» ин воқеа наметавонист мояи ифтихор ва хурсандӣ нагардад.
Корхонаи шишасозӣ қариб панҷ гектарро фаро гирифтааст ва дар айни ҳол соле ба миқдори 1 млн. 700 ҳазор доллар маҳсулоти худро содир менамояд. Алҳол барои 200 млн. доллар қарордоди содирот вуҷуд дорад, ки ин боз барои фарогиртар намудани фаъолияти корхона заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҷумлаи ҳамкорони хориҷӣ ҶММ «Ахтар Суғд» ва «Истиқлол ва Ко»-и Тоҷикистон ба забон гирифта мешаванд.
Ҷолиб аст, ки тамоми ашёи хом барои истеҳсоли зарфҳои шишагии доруворӣ ва озуқаворӣ дар ҳаҷмҳои 50 гр.-1 литр аз минтақаҳои дохили ҷумҳурӣ расонда мешавад. Фаразан реги квартс аз ҳудуди вилояти Навоӣ оварда шавад, аз Қашқадарё – доломит, аз Қароқалпоқистон сода. Хулоса 100 намуди маҳсулоте, ки истеҳсол мегардад, ҳоло ба Тоҷикистону Қирғизистон низ фурӯхта мешавад ва ба гуфти роҳбари лабораторияи корхона Улуғбек Норқулов, «пас аз дарёфти сертификати байналхалқии бехатарии озуқа ISO-22000 дар бораи фурӯши маҳсулот ба мамлакатҳои Ғарб ҳарф задан мумкин».
Дар корхона дастгоҳҳои Олмон гузошта шудааст ва ба гуфти У. Норқулов дар яке аз марҳалаҳои ҷараёни кор дастгоҳе имкон медиҳад, ки сифати маҳсулоти тавлидшаванда бармаҳал аниқ карда шавад, то он ки дар сурати бесифатии он ашёи ҳосилшаванда зуд аз ҷараёни истеҳсолот берун карда мешавад, то ки вақт, имконият ва ашёву қувваи баъдии харҷшаванда сарфа гардад.
Суханони директор Шарофиддин Тоҳирҷонов, ки мегӯяд солҳои наздик то 1200 нафар дар корхона машғули кор мегарданд, умед мебахшад, ки мардуми нафақат атрофи корхона, балки аз дигар минтақаҳои ноҳия низ барои кор дар ин ҷо мароқ зоҳир менамоянд.
ДАР ШАҲРАКИ «ПЕНГ ШЕНГ»
Набояд чунин фикр карда шавад, ки ҳамин гуна шаҳрак дар харитаи вилояти Сирдарё арзи вуҷуд намудааст. Аслан ин тавр нест. Гап дар сари он аст, ки бо ин ном корхонаи муштараки Ӯзбекистону Чин дар ноҳияи Сирдарё таъсис ёфтааст ва аз дидани он чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ин худ як шаҳракест дар дохили ноҳия.
«Пенг шенг» бо он масоҳат ва фарогирии худ дар ин заминҳои беҳадди Сирдарё гӯё беохир менамояд ва мо бо электромобилҳои сохти Чин чанд қисми ҳудуди корхонаро гашта, ба чунин хулоса омадем, ки корхона ба ҳама кор «даст задааст».
– Аввал аз коркарди пӯст, ки соле то 600 ҳазор дона ош дода мешавад, шурӯъ карда, ҳамзамон ба кошинсозӣ пардохта шуд, – мегӯяд муовини директор Мӯъминбек Каримов. – Дар натиҷа ҳоло 80 фоизи кошинҳои мо ба хориҷа фурӯхта мешавад. Ягон узви ҳайвоноте, ки кушта мешавад, партофта намешавад, аз беарзиштарин узвҳои он барои ҳайвоноти хонагӣ – гурбаву саг ғизо тайёр карда мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки маҳсулоти моси технологияи фаннӣ – ресмони тиббӣ аз рӯдаи ҳайвонот низ аз ҷумлаи онҳост, ки мояи ифтихори мост.
Пас аз гаштугузор дар сехҳои истеҳсолӣ навбати қисми хоҷагии қишлоқ расид, ки аз ҷумла дар даҳҳо гармхонаҳо помидор парвариш карда мешавад. Гуфта шуд, ки то моҳи феврал онҳо парвариш карда мешаванд ва дар зарфи 3 моҳ ҳосил бардошта мешавад. Аз поруву ғизо ва обёрии қатра ва мӯътадил нигоҳ доштани гармхона бутае то 60 кг. ҳосил ба бор меорад. Зиёда аз сад гектар замини кишти пахта низ дар ихтиёри корхона аст, ки инчунин бо усули қатра обёрӣ мегардад. Дар натиҷа аз ин қитъаҳои замин, ки ҳар як поя то 54 адад шона задааст, андаряк то 50 сентнерӣ ҳосил рӯёндан имкон дорад.
Табиист, ки дар чанд лаҳзаи кӯтоҳ ҳамаи сехро аз назар гузарондан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, маҳсулоти боқимондаи истеҳсоли корхонаро дар намоишгоҳи он дидан мумкин буд, ки дар наздикии он дар маҷмӯи Боғи дӯстии Ӯзбекистону Чин, ки ҳамноми корхона аст, дидан мумкин буд. Дар ин толори маҷмӯа инчунин қаҳвахонаву ошхона, шуъбаи бонк ва аз ҳама муҳимаш муассисаи таълими томактабии «Дӯстлик» ҷой дода шудааст.
– Як сол аст, ки муассисаи мо фаъолият дорад, – мегӯяд мудира Насиба Ҳайдарова. – Алҳол 30 нафар кӯдак тарбия меёбад, ки 6 нафари онҳо фарзандони мутахассисони хитоӣ мебошанд. Забонҳои таълим – ӯзбекӣ, русӣ, хитоӣ, англисӣ мебошанд. Дар оянда умед аст, ки фарзандони зиёдтари мардумро фаро гирем.
Кошин, ҷиҳозҳои шустушӯӣ, обкашӣ ва пойафзори мавсимҳои гуногуни занона дар намоишгоҳи корхона гузошта шудааст.
Тоҷибой ИКРОМОВ, хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.