ВИЛОЯТИ СИРДАРЁ: ДАР ДИДАИ ҲАМАБИНИ ЖУРНАЛИСТ

Ҳеч пӯшида нест, ки нақши матбуот – воситаҳои гуногуни ахбор дар бозгӯӣ ва равшан кардану расондани ҳар гуна мужда ва маълумоту матолиб ба аҳли ҷамъият бебадал аст ва наметавон гуфт, ки кадом як воситаи дигаре чунин вазифаро ба ӯҳда гирифта тавонад.

Ҳар дафъа сафари журналист ва ё сафари дастҷамъонаи онҳо дар назди худ вазифаҳои муайянро мегузорад, ки аз нигоштаву раҳовардҳои онҳо хонандаву бинандагон баҳраманд гарданд. Маҳз ҳамин нуктаро раиси Иттиҳоди эҷодии журналистони ҷумҳурӣ Саъдулло Ҳакимов барои беш аз сӣ нафар журналист, ки тӯли як рӯз аз муассисаву корхонаҳои истеҳсолии вилояти Сирдарё боздид намуданд, гӯшрас намуд ва зикр кард, ки ташкил намудани чунин сафарҳои эҷодии хабарнигорон аз ҷониби Иттиҳоди эҷодии журналистон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Ҳамин тариқ гурӯҳи эҷодии мо иборат аз хабарнигорони рӯзномаву радиову телевизион ва расонаҳои интернетӣ бояд ҳар бурду бохт ва тағйироту ислоҳоти ҳаёти ҷамъият ва таҳаввулоти шуури онро медиду эҳсос мекард ва онҳоро барои мухлисон аз тариқи расонаҳои худ бозгӯӣ менамуд.
Вилояти Сирдарё, ки худ чун воҳиди маъмурӣ дар харитаи ҷумҳурӣ нисбатан дертар падид омадааст, аз ин рӯ тамоми таърихи пайдоиши он чун вилоят ва чун инфрасохтору заминҳои корами азхудшуда дар назари чашми бобоёну падарон ба вуҷуд омадааст. Яъне боз ҳам мардум ба шарофати қаламбадастони журналист ва нависандагону телерадио огоҳ гаштааст, ки дар ин даштҳои бекасу беоб чӣ гуна ҳаёти маданӣ ва кишоварзӣ арзи вуҷуд кардааст.
Эҳтимол чанд сол қабл хонандаву бинанда аз лавҳаву матолиби якрангу дилгиркунанда ва танҳо ба ситоиш ихтисосёфта дилаш бухс мекард, аммо имрӯз, ба гуфти як нафар бинандаи телевизион, «ҳатто тамошои «Ахборот» шавқовар гаштааст». Аз ин боис барои ҷавобгӯйи завқ ва ормонҳои ҷамъият будан воситаҳои ахбор дигар ҳақ надоранд, ки умедвории онро ба сароб бадал гардонанд.
Имрӯз барои журналист ҳама ҷиҳати шахс дар ҷамъият муҳим аст. Ё худ дар ҷойи кор, фаразан дар сохтмон бидуни либоси махсуси ягона ва тоскулоҳ кор кардан, миқдори маоши коргари гармхона, шароити иҷтимоӣ дар корхонаи истеҳсолӣ, шароит ва камбудиву норасоиҳои иморатҳои иқоматии нав... аз назари ҳамагири хабарнигор набояд дар канор монад.
Ё бигирем кофтуковҳои харобаҳои маҳалли Хавосободи ноҳияи Хавосро. Дар солҳои охир дар ин ҷо хеле хок ғалбер карда шуда, ашёву пораҳои зиёди қадимӣ пайдо шудаанд, ки аз чорроҳаи муҳим ва соҳиби корвонсарой будани ин мавзеъ далолат менамоянд. Гузашта аз ин маъмурияти ноҳия хеле моил аст, ки ин макон ба рӯйхати маҳалҳои зиёратӣ дохил карда шавад, зеро қабри шахсиятҳои мазҳабӣ дар ин ҷо маълум карда шуда, дубора обод ва бозсозӣ шудаанд.
Қабулгоҳи ҳокимияти вилоят дар шаҳри Гулистон агарчи моҳияти диниву мазҳабӣ надорад, чашмони ҳар бинандаро завқ мебахшад. Дар ҳамин бинои мунаққашу зебо роҳбари вилоят Ғафурҷон Мирзоев гурӯҳи моро пазируфта, мужда расонд, ки ба қабули нахустин дар он ҳайати мо мушарраф гардид. Бино бар суханони ҳоким, ҳунармандони чӯбкори Қӯқанд як соли тамом сақфу сутунҳои чӯбии онро тарошида, як асари томи меъморӣ офаридаанд.
Ҳамаи ин дидаву шунида, ки ба мухлисони рӯзнома ҳавола мегардад, ба туфайли ташаббуси Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон рӯйи саҳифаро дида, умед мебахшад, ки бо чунин созмондиҳиҳои он матолиби ҷолиб аз дигар минтақаҳо низ рӯйи чопро мебинанд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,  
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: