7 апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сирдарё рафт.
Дар шаҳри Гулистон иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Сирдарё баргузор шуд.
Роҳбари давлат дар оғози суханрониаш изҳор дошт, ки сокинони вилоят бо дарки баланди ватандӯстӣ кор карда, ба комёбиҳои бузург ноил мегарданд.
Тӯли шаш соли охир ба вилоят дар андозаи 30 триллион сӯм сармоя ҷалб карда шуд, 6 ҳазору 640 корхонаи нав ба кор сар кард. Ба шарофати ин 55 ҳазор ҷойҳои доимии кор ташкил ёфт, 17 ҳазор оила аз нодорӣ раҳо гардид.
Дар Сирдарё низ миқдори соҳибкорон афзуд. Соҳаҳои нав, аз ҷумла маводи сохтмон, доруворӣ, саноати чарм ва хӯрокворӣ ба миён омаданд, ки пештар вуҷуд надоштанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маводи сохтмон 274 лоиҳа татбиқ шуд ва соҳаи мазкур ба муҳаррики нав табдил ёфт. Саҳми он ба саноати вилоят аз 7 фоиз зиёд шуд.
Вилоят дар ҷумҳурӣ бобати истеҳсол ва содироти маҳсулоти полизӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар Сирдарё сеяки нерӯи электрӣ, 16 фоизи маҳсулоти чарм ва 10 фоизи дорувории мамлакати мо истеҳсол карда мешаванд.
Баъд аз сафари Президент, ки моҳи октябри соли гузашта ба вуқӯъ пайваста буд, барномаи ба минтақаи аз бекорӣ озод табдил додани Сирдарё қабул шуд. Барои татбиқи он ба вилоят барилова 2 триллион сӯм ҷудо карда шуд.
Аз ҷумла, ба 20 ҳазор сокинон вомҳои имтиёзнок пешниҳод гардида, ба 5 ҳазор ҷавонони бекор барои хариди таҷҳизот субсидияҳо ҷудо карда шуданд. Ҳамчунин бобати ташкил кардани фаъолияти зиёда аз 2 ҳазор ҳунарманд, ҳунаромӯзонии беш аз 12 ҳазор писарону духтарон кӯмак расонида шуд. Барои ба роҳ мондани хоҷагии кишоварзӣ ба аҳолӣ барилова 5 ҳазор гектар замин ҷудо гардид, 10 ҳазор нафар соҳиби манбаи даромад шуданд.
Роҳбари давлати мо таъкид намуд, ки натиҷаҳои бадастомада аллакай таъриханд, имкониятҳо барои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа бошад, ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла Сирдарё дорои захираҳои ғановатманди табиӣ аст. Заминҳои кишт ба ҳар сари аҳолӣ нисбати минтақаҳои дигар 2-3 баробар бештар мебошанд. Дараҷаи таъминот бо оби кишоварзӣ низ баланд аст. Агар илм ва инноватсия ба кор андохта шаванд, метавон ҳаҷми истеҳсолот ва содиротро зиёд кард.
Сирдарё ба бозори бузургтарини истеъмолии ҷумҳурӣ – Тошканд дар масофаи наздик қарор дорад. Вай ҳамчунин дар байни кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистону Тоҷикистон дорои гузаргоҳи мусоиди нақлиётӣ мебошад.
Роҳбари давлат зарурияти ба кор андохтани имкониятҳо ва ба «Минтақаи пешқадами инноватсионӣ»-и саноатӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, таълиму тиббиёт табдил додани Сирдарёро таъкид намуд.
Дар ин ҷо истифода аз таҷрибаи Чин муфид хоҳад буд. Кишвари мазкур дар соҳаҳои зикршуда ба комёбиҳои бузург ноил шудааст. Ғайр аз ин, сармоягузорони чинӣ ба минтақа рағбати зиёд зоҳир мекунанд. Тӯли шаш соли охир дар шаҳри Ширин, ноҳияҳои Мирзообод ва Сирдарё беш аз 60 корхонаҳои азими саноатӣ кушода шуданд. Танҳо соли 2022-юм дар минтақа зиёда аз 250 миллион доллар сармояҳои чинӣ ҷалб гардиданд.
Дар ҷамъомад Президент 5 ташаббуси наверо, ки ба баланд бардоштани некуҳолии сирдарёиён нигаронида шудаанд, иброз дошт.
Якум, ба минтақаи пешқадами сармоявӣ тарзи махсуси имтиёзнок барои лоиҳаҳо бинобар 20 самт – дорувории биологӣ, маводи сохтмон, кишоварзӣ соҳаи хӯрокворӣ, электротехника, тиббиёт ва таълим ҷорӣ карда мешавад. Онҳо ба муҳлати 3 сол аз пардохти андози замин, андоз барои амвол, даромад ва муомилот , ҳамчунин боҷҳои гумрукӣ озод карда хоҳанд шуд. Қитъаҳои замин дар минтақа бо тартиби содда ҷудо карда мешаванд, қитъаҳо ва биноҳоро метавон ба муҳлати 5 сол харидорӣ кард.
Ҳамчунин дар Сирдарё Кластери биотехнологии ӯзбекистониву чинӣ дар ҳаҷми сармояи 500 миллион доллар сохта хоҳад шуд. Якҷо бо донишгоҳҳои машҳури Чин дар Гулистон донишгоҳи байналхалқии таълим ва тадқиқот, клиникаи тибби инноватсионӣ, Маркази геномии Осиёи Марказӣ, маркази терапияи ҳуҷайраҳо барои табобати бемориҳои онкологӣ бунёд меёбанд. Ҳамчунин кластер асбобу анҷомҳои замонавии ташхис, ваксинаҳои инноватсионӣ, пробиотикҳо ва воситаҳои давоии онкологӣ истеҳсол мекунад.
Барои кластер 200 гектар замин ҷудо карда мешавад, барои 10 ҳазор донишҷӯ биноҳои таълимӣ, кампуси замонавӣ, лабораторияҳо, мактаби муҳандисҳо сохта хоҳанд шуд.
Дуюм. 11 ноҳия ва шаҳрҳои вилоят ба соҳаҳои саноат махсусонида мешаванд ва дар ҳар кадом мувофиқи модели чинӣ хиёбонҳои инноватсионии техникӣ бунёд меёбанд. Дар онҳо татбиқ намудани лоиҳаҳои инноватсионии соҳаҳои электротехника, дорувори биологӣ, кимиё, маводи сохтмон, пиллапарварӣ ва саноати хӯрокворӣ пешбинӣ шудааст. Ба хиёбонҳои техникӣ мақоми минтақаи озоди иқтисодӣ бо ҷорӣ кардани низоми содаи «коркард дар ҳудуди гумрукӣ» дода мешавад. Соли равон барои инфрасохтори хиёбони техникӣ 200 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд.
Барои бо маблағ таъмин намудани лоиҳаҳои сармоявӣ дар Сирдарё Хазинаи сармояи ӯзбекистониву чинӣ якҷо бо Бунёди Роҳи абрешими Чин ва дигар идораҳои молиявии он ташкил меёбанд. Ба бунёд 1 миллиард доллар сармоя гузошта мешавад.
Сеюм. Дар Сирдарё агротехнологияҳои пешқадамтарин ҷорӣ карда хоҳанд шуд. Ба ҳокими вилоят аз Чин коршиносон оид ба хоҷагии қишлоқ машварат медиҳанд, сармоягузорон ба бозсозии низоми обрасонӣ ва обёрӣ ҷалб карда хоҳанд шуд.
Ҳамчунин бо кӯмаки таҷрибаи чинӣ дар Сайҳунобод маҷмӯаҳои экологии чорвопарварӣ ва паррандапарварӣ, дар ноҳияи Мирзообод бошад, боғҳои зудраси анор, харбуза, ҳавзҳои пекан ва моҳӣ сохта мешаванд. Дар Хавос иқтидорҳо бобати истеҳсоли рангҳои табиӣ аз растаниҳо, хиёбони нигоҳдории техника, коркард ва борбандии меваю сабзавот бунёд мегарданд. Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои машҳури Чин бобати офаридани зироатҳои ба гармиву хушкӣ тобовар, навъҳои нави чорво ба роҳ монда мешавад.
Чаҳорум. Сирдарё ба шоҳроҳи бузурги логистие, ки кишвари моро бо Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон пайванд мекунад, табдил меёбад. Барои ин дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони чинӣ хатсайрҳои нави нақлиётӣ ва маркази мултимодалии логистикӣ, ки қисмати шарқӣ ва марказии ҷумҳуриро бо самтҳои қаробати хориҷӣ алоқаманд мекунанд, бунёд карда мешаванд.
Ғайр аз ин дар Сирдарё таҷриба бобати ҷалби сектори хусусӣ ба сохтмон, нигоҳ доштан ва идора кардани роҳҳо оғоз меёбад.
Панҷум. Бо такя ба натиҷаҳои ислоҳоти соҳаи тиб ва имкониятҳои мавҷуда шаҳри Гулистон ба хабби тибби инноватсионӣ табдил дода хоҳад шуд.
Дар иҷлосия масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд. Президент Шавкат Мирзиёев ба вазифаи ҳокими вилояти Сирдарё номзадии Акмалҷон Маҳмудалиевро тавсия намуд.
А. Маҳмудалиев соли 1974 таваллуд шудааст. Вай бобати кор дар мақомоти давлатӣ таҷрибаи зиёд дорад. Дар вазифаҳои ҳокими ноҳияи Учкупруки вилояти Фарғона, муовини ҳокими вилояти Навоӣ оид ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва об кор кардааст. Аз ноябри соли гузашта иҷро кунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сирдарёро ба ӯҳда дорад.
Пеш аз муҳокимаи номзад иштирокдорон барномаи номзадро шуниданд. Акмалҷон Маҳмудалиев нақшаҳои кори худро бинобар рушди соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаёт барои аҳолии вилоят зикр кард.
Роҳбари давлат ба шахсони масъул бобати татбиқ сохтани таклифҳои зикршуда супоришҳо дод.
Пешбинӣ мегардад, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ дар Сирдарё бариловаи 685 миллиард сӯм, ки дар барномаи давлатӣ барои соли равон пешбинӣ гардидааст, боз 380 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад, ҳамчунин 110 миллиард сӯм барои рушди соҳибкории оилавӣ равона карда хоҳад шуд.
Супориш дода шуд, ки 1 миллиард доллар барои татбиқсохтани лоиҳаи соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ ва соҳибкорӣ, 105 миллион доллар барои сохтмони инфрасохтор ҷалб карда шаванд.
Баробари ин барои ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ва ба минтақаи инноватсионӣ табдил додани вилояти Сирдарё вазифаҳо гузошта шуданд.
Пас аз муаррифӣ депутатҳои шӯрои вилоят фикру ақидаҳои худро вобаста ба барномаи номзад иброз доштанд. Масъалаи ташкилӣ ба овоз гузошта шуд. Бинобар натиҷаи он Акмалҷон Маҳмудалиев ҳокими вилояти Сирдарё тасдиқ гардид.