САЙҲУНОБОДИЁН ТАШАББУСРО БА ДАСТ МЕГИРАНД
Агар бигӯем, ки баъзе аз минтақаву ноҳияҳои вилоят дубора ҷавлон зада, дар тамоми соҳаҳо имконияти худро ба кор андохта, аз нав қомати худро рост мекунанд, дуруст мебуд.
Тавре ки дар суҳбат дар ҳузури ҳокими вилоят Ғафурҷон Мирзоев гуфта шуд, 8 ноҳия дар дотатсия қарор дошт ва имрӯз онҳо ҳар яке барои ба худкифоӣ расидан ҳама имконияти мавҷударо истифода менамоянд, то ки дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҳудуд ҷойгоҳи муносиби худро пайдо карда тавонанд. Пас аз он ки нақшаи ғалла 130 фоиз иҷро гардид, роҳбари вилоят бо боварии қатъӣ мегӯяд, ки дар ҷамъоварии пахта низ деҳқонон аз ғаллапарварон ибрат мегиранд.
Ноҳияи Сайҳунобод дар вилоят аз аввал чун рӯзирасони мардум асосан бо ҳоҷагии қишлоқ машғул аст. Эҳтимол бо ин андешаҳо бошад, ки ҳудуди он ва хусусан марказаш аз ҷониби маъмурияти вилоят ва ҷумҳурӣ аз эътибор дур мемонад. Хонаҳои якрангу назарногири иқоматӣ ва ҳатто бинои маъмурияти ноҳия ҳеҷ таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб намекунад. Хусусан дар атрофи бинои ҳокимият заминҳои тоза ҳамворшудаи хокиву кулӯхин дар ин рӯзҳо боз ҳамаро чанг зер кунондааст.
– Аз ин аҳвол тааҷҷуб накунед, – моро хотирҷамъ намудан мехоҳад роҳбари ноҳия Ботир Мирзоқулов. – Ин ноқулаиву ноҳамвориҳо дебочаи ободониҳост. Дар ин ҷо Боғи хотира таъмир гардида, китобхонаву истироҳатгоҳ бунёд мегардад, – бо ишораи даст шарҳ медиҳад ҳоким. – То ба қарибӣ ҳамагӣ 12 кӯдакистон доштем, ки ҳоло ба 21-то расид. Ва ин кӯдакистонҳои мавҷуда 67 фоизи кӯдакони ноҳияро ба оғӯш гирифтаанд.
Аз ободониҳое, ки роҳбари ноҳия бо ҳассосият ҳарф зад, мисолашро дар ҳамон маркази маъмурӣ дар иҷрои Хуршед Шарифов дидан мумкин буд. Ӯ аз бонк беш аз 21 млрд. сӯм кредит гирифта, дар маҳалли бекорхобида як бинои маъмурӣ-маишӣ-истироҳатӣ сохтааст, ки онро «Сайҳун планет» номгузорӣ намуда, дар ду ошёнаи он ба ғайр аз бозиҳои компутерии бачагона 2 кинотеатр – барои кӯдакон ва бузургон, мағозаҳои гуногун, боз дар он маркази хидматҳои давлатӣ, қабулгоҳи Сарвазирро ҷой додааст. Собиқ боғи истироҳатии «Ғалаба», ки дар шафати ин бино ҷой доштааст, низ аз ҷониби Хуршед дубора обод гардонда шуда, ҳоло аз маконҳои дӯстдоштаи кӯдакон ва ҷавонон гаштааст.
– Рӯзҳои ҷашну ид то 5-7 ҳазор нафар ба ин ҷо меоянд, – бо хушнудӣ нақл мекунад роҳбари ҶММ «Сайҳун планет» Хуршед Шарифов. – Рӯзҳои шанберо ҳатто рӯзи яхмоси бепул эълон намудем, ки мардумро бештар ба истироҳат ҷалб созем. Барои боздидкунандагон 50 нафар ходими муассисаамон хидмат мерасонанд.
Шоистаи зикр аст, ки чунин маҷмӯа ҳоло дар вилоят ягона аст ва воқиан аҳли ин маҳал метавонанд бо чунин макони барояшон ноёб ифтихор кунанд.
ҲЕҶ ГАНҶЕ НЕСТ АЗ ФАРҲАНГ БЕҲ...
Манзарае, ки дар пойтахт мебинем, чашмҳо одат кардааст ва он ҳама як падидаи муқаррариро мемонад. Аммо дар вилоятҳо шоҳиди ҷараёни сохтмонҳои зиёд гардидан, то андозае ғайриоддӣ ба назар мерасад, зеро дар баъзе ноҳияҳои ҳудудҳо дар даҳсолаҳои охир хиште рӯи хиште гузошта нашудааст. Мо ба чунин манзара дар ноҳияи Хавос шоҳид гардидем, ки маркази он каме канортар аз ҳозира тақрибан аз нав бунёд мегардад. Силсилаи биноҳои иқоматӣ, ки аз 4-7 ошёна иборатанд, манзараи як ноҳияи деҳотиро намемонанд.
Дар ин ҷо биноҳи истиқоматӣ бо тамоми шароити инфрасохтор ба вуҷуд оварда мешавад, ки ҳамаи ин пас аз қарори Президенти ҷумҳурӣ дар бораи ободонӣ ва бозсозии маркази Хавос оғоз ёфтааст.
Дар ноҳияи Мирзообод бошад, Маркази IT дар бинои куҳнасохт ҳам бошад, тибқи тақозои 5 ташаббуси наҷиби Президент ташкил гаштааст.
– Ҳоло барои ташвиқ намудан мардуми синни гуногун барои ба хотири ошноӣ бо компутер меоянд, – мегӯяд роҳбари ҳудудии Вазорати рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия Файзулло Ҳаққулов. – Аз моҳҳои оянда ба таври доимӣ курсҳои омӯзиши компутер ташкил карда мешаванд.
Маркази вилоят – шаҳри Гулистон имрӯз торафт ба худ намуди маркази воқеии маъмурӣ касб менамояд. Дар мавзеи Буюк келажак иморатҳои нави иқоматии 4-7 ошёна қад афрохтаанд, ки дар аксарияти онҳо аллакай одамон зиндагӣ мекунанд.
– То ҳол беш аз 550 хонавода ба ин биноҳо кӯчида омаданд. Яке аз ин иморатҳо барои хизматчиёни низомиву қудратӣ ҷудо карда шудааст, ки ба таври имтиёзнок соҳиб гаштаанд, – мегӯяд муовини ҳокими шаҳри Гулистон Ҷонибек Ёриев. – Бо баробари ҳарчи зиёд гардидани сокинони мавзеъ, аз он ҷумла дар хонаҳои ҳоло сохташаванда, тамоми воситаҳои барои ҳаёт муҳим васл карда мешаванд.
Бинобар суханони мудири садорати таълими вилоят Абдушокир Абдураҳмонов Мактаби ихтисосии забон ва адабиёти ба номи Ҳалима Худойбердиева дар маркази шаҳри Гулистон аз лиҳози меъморӣ ва ороиш барои маркази вилоят як нигине хоҳад гардид. Бинои аз лиҳози сохт ва тарҳ нодире, ки барои 150 нафар соҳибистеъдод муқаррар гаштааст, ба қимати 33 млрд. сӯм бунёд гардида, то охири моҳи ҷорӣ ба анҷом расонда мешавад.
Дар Гулистон ва умуман вилоят объектҳои маданӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ низ дар маркази эътибор аст.
Дӯкони китобфурӯшии «Уқитувчи», театри драма ва дигар муассисаҳо аз ин ҷумлаанд. Дар «Уқитувчи», ки баҳори соли ҷорӣ ба кор даромадааст, мисли дигар мағозаҳои китоб, дар ҳар мавзӯи оммавӣ китоб пайдо кардан мумкин аст. Забони он китобҳо низ муқаррарӣ – ӯзбекӣ, русӣ... Дар саҳни пеши он аз ду тараф ду тахтасанги мармарӣ гузошта шуда, дар онҳо ду байти ҳикматомези бузургмардони мо – Одамушшуаро Рӯдакӣ ва Камолиддини Биноӣ дар тарҷума ҳаккокӣ гаштааст, ки ин яке аз хусуси қадри илму дониш аз «Шоири шоирон» аст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Тоҷибой ИКРОМОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.