Вирусолог тағйироти асосии нишонаҳои "омикрон"-ро зикр кард

Дар муқоиса бо штаммҳои аввали коронавирус бемории "омикрон" дар шакли нисбатан сабук мегузарад ва фавт ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора профессори Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон олими вирусолог Константин Чумаков хабар дод.

Олим қайд кард, ки вирус тағйир ёфтааст: имрӯз ҷавонон бештар бемор мешаванд, ки ҷараёни беморӣ дар онҳо хеле сабуктар мегузарад, – хабар медиҳад РБК.

«Пештар вариантҳои кӯҳна кӯдаконро амалан нороҳат намекард. Ҷавонон онро пай набуурда, дар пой мегуаронданд. Ҳоло ҷавонону миёнасолон назар ба пиронсолон бештар бемор мешаванд”, – гуфт Чумаков.

Ба гуфтаи ӯ, "омикрон" асосан ба роҳҳои болоии нафаскашӣ таъсир мерасонад ва инчунин пневмонияро шиддат намедиҳад, чунон ки дар вариантҳои аслии COVID-19 рух додааст. Дар байни нишонаҳои асосии штамми "омикрон" Чумаков: дарди сар, зуком, надонистани бӯй, сулфа ва варамкунии биниро ҷудо кард.

«Беморӣ аз як рӯз то се ё панҷ рӯз давом мекунад. Аммо баъзе одамоне ҳастанд, ки бо омикрон ба беморхона бистарӣ мешаванд ва мутаассифона, баъзеҳо мефавтанд, – хулоса кард олим.

Вай инчунин изҳор кард, ки "омикрон"  нисбат ба дигар штаммҳо сирояткунии бештарро соҳиб аст, аз он ҷиҳат "хабари хуш" ба ҳисоб меравад, ки патогенӣ ва марговарии ин вирус коҳиш ёфтааст.

Илова бар ин, вирусолог дар мисоли Африқои Ҷанубӣ ишора кард, ки дар он штамми "омикрон" пайдо шудааст. Ӯ қайд кард, ки дар аввал афзоиши шадиди беморӣ мушоҳида шуда, баъдан зуд коҳиш ёфт. Олим инро бо он шарҳ дод, ки дар он ҷо бисёр одамон ба таври табий бемор буданд ва имрӯз дар Аврупо ва ИМА чунин манзара мушоҳида мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: