Сафорат ва Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Қазоқистон бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар ин кишвар қарор доранд, аз ҷумла донишҷӯён робитаи доимӣ доранд.
Намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Қазоқистон ба таври муқаррарӣ кор мекунанд. Ҳангоми зарурат ба шаҳрвандони Ўзбекистон ёрии ҳуқуқӣ расонда мешавад.
Дар баробари ин, ба муносибати эълони вазъи фавқулодда дар баъзе минтақаҳои Қазоқистон аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доранд, хоҳиш мекунем, ки ба маҳдудиятҳои ҷоришуда риоя кунанд.
Агар ягон савол пайдо шавад, шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд дар вақти дилхоҳ ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Нур-Султон (рақами телефони боварӣ +7 771 020 36 73), Алмаато (хатти телефони боварӣ +7 777 950 44 33) ва Актау ( рақами телефони боварӣ +7 777 599 00 51) муроҷиат кунанд.
Хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.