Владимир Путин Шавкат Мирзиёевро бо зодрӯзаш табрик кард

Муҳтарам Шавкат Миромонович!

Шуморо бо зодрӯзатон самимона табрик мегӯям.

Шумо бо фаъолияти худ дар вазифаи президентӣ дар байни ҳамватанон эҳтироми зиёд ва обрӯи баланди байналмилалӣ пайдо кардаед. Таҳти роҳбарии Шумо Ӯзбекистон дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ муваффақиятҳои намоён ба даст овард, мавқеи худро дар арсаи ҷаҳон мустаҳкам намуд.

Саҳми шахсии Шуморо дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии байни давлатҳоямон, ҳамкориҳои дуҷонибаи пурсамар дар тамоми соҳаҳо беназир аст.

Ман гуфтушуниди самарабахши ба қарибӣ дар Тошканд барпогардидаро гарму ҷӯшон ба хотир меорам. Аз идома додани муколамаи созанда ва ҳамкории зич  ба нафъи халқҳои дӯсти Русия ва Ӯзбекистон шод мегардам.

Ба шумо аз сидқи дил саломатӣ, хушбахтӣ, хонаободӣ ва муваффақият орзумандам.

 

Бо эҳтиром,

 

Владимир Путин,

Президенти Федератсияи Русия

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: