ВОБКАНД – ҲУДУДИ ҚАДИМАИ БУХОРО

Вобканд яке аз ҳудудҳои қадимии вилояти Бухоро буда, Роҳи бузурги абрешим тавассути он гузаштааст.

Аз ин ҷо Муҳаммад Наршахӣ, Хоҷа Муҳаммад Анҷир Фағнавӣ, Хоҷа Муҳаммад Ширинӣ, Мири Калон, Мири Хурд, Хоҷа Мири Азизон, Сӯфидеҳқони Валӣ, Амир Калон Вошӣ, Ҳазрати Хоҷа Муҳаммади Вобкандӣ, Толиб Толибӣ, Саҳбои Вобкандӣ, Шоҳназар Соҳибов, Саттор Ярашев, Ҷамол Камол барин олимон, пиру авлиё, санъаткору шоирон ба воя расидаанд.
Дар конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки дар ноҳияи Вобканд таҳти унвони «Таърихи Вобканд: гузаштаю имрӯза» бо ибтикори якҷояи Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Маркази тарғиботи маданият ва санъати Ӯзбекистон «Умрбоқий мерос», Донишгоҳи давлатии Бухоро ва ҳокимияти ноҳияи Вобканд ба амал омад, ин нукта алоҳида таъкид ёфт. Конференсия дар шакли иҷлосия ташкил ёфта, он кори худро дар шӯъбаҳо: таърихи мадании ноҳияи Вобканд ва мероси маънавию маърифатӣ идома дод. Дар онҳо қариб 30 маърӯза аз ҷониби намояндагони ҷамоатҳои илмии вилоятию ҷумҳуриявӣ шунида шуд. Ин ҷо муаррифии маҷмӯи мақолаҳо таҳти унвони «Таърихи Вобканд: гузаштаю имрӯза» низ сурат гирифт. Баромадкунандагон бобати ободгардонии ҷойҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо, қадамҷою мақбараҳо, масҷиду хонақоҳҳо, ба харитаи сайёҳӣ ворид намудани онҳо, ҷовид гардондани хотираи шахсҳои таърихӣ, эҳё намудани мероси маданию маънавии эшон изҳори ақида карданд. Аз ҷумла, дар бораи ба Институти таърихи АИ Ӯзбекистон гузоштани номи Абӯбакр Муҳаммад Наршахӣ, дар маҳаллаю деҳаҳо ташкил кардани экспедитсияҳои илмӣ, ҷамъ овардани унсурҳои мероси мадании ғайримоддӣ ва ҳифзи онҳо қарорҳо пешниҳод гардид.
Дар конференсия ноиб-президенти АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Институти шарқшиносӣ, раиси Шӯрои Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов, ҷонишини Саркотиби Комиссияи миллии Ӯзбекистон  оид ба корҳои ЮНЕСКО Саидафзал Маллахонов, Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Султонмурод Олимов, ҷонишини раиси Кумитаи корҳои байналхалқӣ ва робитаҳои байнипарлумонии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қодир Ҷӯраев, директори Маркази тарғиботи маданият ва санъати Ӯзбекистон «Умрбоқий мерос» Лутфия Мирзоева, навоишинос Зиёда Ғаффорова, ректори ДДБ, профессор Обидҷон Ҳамидов, ҳокими ноҳияи Вобканд Фарҳод Умаров ва дигарон ба сухан баромаданд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: