Вохӯрӣ бо раиси ширкати чинии "CSCEC"-и Хитой

Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ҳайатро бо сарварии раиси Корпоратсияи давлатии муҳандисии сохтори Чин (China State Construction Engineering Corporation - CSCEC) Чжэн Сюесюан пазируфт.

Дар он дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои сохтмон ва ободонии шаҳр баррасӣ гардид.

Барои маълумот: ширкати CSCEC дар феҳристи ТОП-500 ширкати ҷаҳон дар соҳаи сохтмон ҷои 13-умро ба даст овардааст. Он соли 2018 ба бозори Ӯзбекистон ворид шуда, аз он замон то имрӯз бо созмонҳои маҳаллӣ ва ширкатҳои хусусӣ бомуваффақият ҳамкорӣ мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: