ВОХӮРИИ АВВАЛИНУ ОХИРИН

Ман ҳам ба ҷуз муаллимони адабиёти худ як устоди азизе доштам, ки ғоибона ба воситаи шеъру мақолаҳояш мешинохтам.

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Ман ҳам ба ҷуз муаллимони адабиёти худ як устоди азизе доштам, ки ғоибона ба воситаи шеъру мақолаҳояш мешинохтам. Мо хонандагони синфҳои болоии солҳои охири шастум ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») таваҷҷӯҳи хосса доштем. Хабару мақолаҳояшро бо завқ мехондем, шеърҳояшро бо меҳри беандоза қироат мекардем.
Камина, ки ҳанӯз аз синфи панҷум ба навиштани шеър майл доштаму шеъргунаҳои маро аввал устодам Ҳикматулло Қодиров, баъд Шамсиддин Рашидов, Баҳриддин Саломов ва Қурбонмурод Азизов дида маслиҳат медоданд, шояд дар синфи нӯҳум бошад, ба идораи рӯзнома дар баробари кадом як хабар «шеър»-ҳо ҳам фиристодам.  Ҳоло он шеъргунаҳоро мехонаму механдам. Ҳатто ба устод Мирзо Турсунзода ҳам шеъре бахшида фиристода будам.
Хулоса, ба мактубҳои ман устод Ҷонибек Қувноқов ҷавоб менавиштанд, маслиҳатҳо медоданд. 
Шеърнависиро ба як кӯчаи сарбаста монанд кардан мехоҳам. Гоҳо роҳ меёбеду ба шоҳроҳ мебароед. Гоҳо дар ҳамон ҷо ноилоҷ монда меравед, яъне шумо шеъри равону дилчасп гуфта наметавонед.
Боре дар рӯзнома бо имзои ман ду рубоӣ чоп шуд. Бовар кунед, аз он ки номам он ҷо буд, хурсанд будам. Вале навиштаҳоям ин дараҷа равон набуданд, ин хидмати устод Ҷонибек буду хиҷолат мекашидам...
Дигар аз устод мактубҳои ҷавобӣ бо маслиҳатҳо меомад. Солҳои донишҷӯӣ шояд каму беш зӯр задам, вале инро танҳо шарикдарсам, шодравон Имомназар Холназаров медонист. Ӯ маро шогирд, ман ӯро муаллим мегуфтам.
Шояд тирамоҳи соли 1977 буд, ки бо падари бачаҳо (ҳанӯз фарзандон ба дунё наомада буданд) ба Тошканд рафтем. Орзуи ягонаи ман дидани идораи рӯзнома ва устод Ҷонибек буд. Аз шиносҳоям Норқул Шукуров дар он ҷо кор мекард. Ба утоқи кории он кас даромада нишастем. Он солҳо дар рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Сариосиё» кор мекардам. Мошини хатнависии акои Норқулро дида паси он нишастам. Дарою барои касеро ҳис намекардам.
– Акои Норқулбой, маро бо устод кай шинос мекунед? – гуфтам.
Он кас хандида гуфтанд:
– Ҳозир Ҷонибек даромаданд, шумо салом ҳам надодед.
– Наход!..
Пас ҳар ду ба утоқи кориашон рафтем. Салому алек ва пурсупос кардем.
– Чаро шеър наменависед? – пурсиданд он кас.
– Зӯрам намерасад, наметавонам, – гуфтам.
Суҳбати мо хеле самимӣ, пур аз маслиҳатҳои устодона ва пурсишҳои шогирдона буд. Ин вохӯрии аввалин ва охирин буд бо устод...
Боре Зулфия ном арӯсак (ҳоло соҳиби набераҳо) аз деҳаи Қизилой нақл кард, ки дар Донишгоҳи такмили ихтисоси Тошканд устод бо ӯ ва дугонааш вохӯрда, маро пурсида, онҳоро ба хонаашон даъват кардаанд. Ман аз одамгарӣ ва самимияти устод дар ҳайрат афтодам.
– Оилаи хубу ҳамсари зебое доштаанд, – гуфта буд Зулфия, – маро хуб меҳмон карданд.
Ҳоло китобҳои «Қарз» ва «Ифтихор»-ро варақ мезанаму сад афсӯс мехӯрам, ки ин инсони нек, ба иборае, пули байни халқҳои тоҷику ӯзбек миёни мо нест.

Ӯ.ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: