Чемпиони ҷаҳон ва олимпиада оид ба бокс Шаҳобиддин Зоиров ба қарибӣ меҳмони ҷавонони қаровулбозорӣ гардид.
Чемпиони ҷаҳон ва олимпиада оид ба бокс Шаҳобиддин Зоиров ба қарибӣ меҳмони ҷавонони қаровулбозорӣ гардид.
Дар қасри маданияти заводи коркарди нафти Бухоро ба вай лозим омад, ки бо мухлисони варзиш, наврасон, варзишгарони ҷавон, ки дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналхалқӣ иштирок намуда комёб гардидаанд, мулоқот кунад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки як соли охир варзишгарони ноҳия дар 39 мусобиқаи гуногун иштирок намуда, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ соҳиби 2 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ, дар қувваозмоиҳои ҷумҳуриявӣ 1 медали тилло, 2 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ, барои ҷоми ҷумҳурӣ 6 медали тилло, 6 медали нуқра ва зиёда аз 10 медали биринҷиро ба даст даровардаанд. Ҳоло дар 21 намуди маҳфили варзишии ноҳия бештар аз 1600 нафар наврасон маҳорати худро такмил медиҳанд. Хабардоршавӣ аз роҳи зиндагии муштзани шуҳратманд, ки ба роҳхати олимпиадаи Токио кайҳо соҳиб шудааст, «асрор»-и комёбиҳо, муҳити оила ва устодони сахтгири Ш. Зоиров барои ҳар як иштироккунандаи вохӯрӣ хеле мароқнок буд. Намоиши иқтидори варзишии Шаҳобиддин дар маскани варзишӣ-солимгардонии «Нефтчи» барои мухлисони ҷавон хеле шавқовар буд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.