Дар толори Донишгоҳи давлатии Фарғона вохӯрӣ бо аҳли эҷод аз намояндагони соҳибқалами тоҷик баргузор гардид.
Дар толори Донишгоҳи давлатии Фарғона вохӯрӣ бо аҳли эҷод аз намояндагони соҳибқалами тоҷик баргузор гардид.
Устоди донишгоҳ Зокирҷон Раҳимов гуфт, ки кушода шудани гурӯҳи тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Фарғона натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат мебошад. Ба гуфтаи ӯ барҳақ онро яке аз дастовардҳои бузург дар бобати мустаҳкам шудани дӯстиву рафоқати байни миллатҳои ӯзбеку тоҷик арзёбӣ метавон кард.
– Мо бояд масъулияти бештар эҳсос кунем, ки ҳар як дарсу машғулиятамон пурмаънову мазмун гузарад. Дар айни ҳол донишҷӯёни донишгоҳамон аз беҳтарин шароитҳо бархурдор ҳастанд ва дар ихтиёри онҳо толори барҳавову китобхонаи ғанӣ қарор дорад, – иброз намуд Зокирҷон Раҳимов.
Раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони ҷумҳурӣ Шарофат Эрматова изҳор дошт, ки дар кишварамон сол аз сол дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд, шаҳру деҳотамон ободу зебо мегарданд.
– Таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон ба як кишвари аз ҳар нигоҳ пешрафта ва зиндагии мардумаш фаровон табдил меёбад. Дар чунин шароити хубу созгор донишҷӯён вазифадоранд, ки қуллаи илму донишро фотеҳона забт кунанд ва ба кишвару мардуми худ аз таҳти дил хидмат намоянд, – зикр намуд Шарофат Эрматова.
– Ман мехоҳам бештар дар бораи дӯстиву рафоқати байни ӯзбекону тоҷикон ҳарф занам, зеро дӯстӣ неъмати бузург аст ва онро мо бояд муттаҳидона ҳифз намоему рушд диҳем. Дарҳақиқат, онҳо як халқеанд, ки ба ду забон ҳарф мезананд ва бо ҳам қудову анда ва хешу пайванд шудаанд. Ин иттиҳоду ҳамбастагӣ водор месозад, ки мероси гаронбаҳои адабии гузаштагонамонро низ омӯзем, таҳқиқ кунем ва дар тарғиби он ҳиссаи худро гузорем, – тазаккур дод шоир Ҷаъфари Муҳаммад.
Дар пайи ин вохӯрӣ шоирони фарғонагӣ Расулбеки Аҳмадзод ва Эркин Давронов низ аз чакидаҳои хомаҳои худ чанд намуна ба аҳли толор пешкаш карданд.
Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Фарғона.