ВОХӮРИИ НАХУСТИНИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ЧИН»

16 июл вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар нахустин вохӯрии вазирони «Осиёи Марказӣ – Чин» дар шакли конфронси видеоӣ иштирок кард.

16 июл вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар нахустин вохӯрии  вазирони «Осиёи Марказӣ – Чин» дар шакли конфронси видеоӣ иштирок кард.


Дар чорабинӣ вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, Ҷумҳурии Қазоқистон – Мухтор Тлеубердӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон – Чингиз Айдарбеков, Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов низ ширкат ҷустанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкориро дар соҳаҳои профилактика, пешгӯйӣ, пешгирии паҳншавӣ, аксуламал ба инфексияи коронавирус, механизмҳои таъмин кардани рушди устувори иқтисодиёт ва иқтидорҳои саноатии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро муҳокима карданд. 
Зарурати ба роҳ мондани ҳамкории тарафайни доимии байни мутахассисони тиббӣ ва идораҳои соҳавии кишварҳои иштирокдори ин конфронси видеоӣ ба мақсади баланд бардоштани самаранокии чораҳои амалӣ бинобар аксуламал ба таҳдидҳои эпидемиологии наздисарҳадӣ таъкид шуд. 
Қайд гардид, ки муттаҳид намудани саъю кӯшишҳо дар шароити кунунӣ барои дастгирӣ кардани савдои тарафайн ва таъмин сохтани амнияти озуқаворӣ, тезондани суръати рақамикунонии иқтисодиёт, ҳамчунин ташаккул додани низоми диверсификатсияи роҳҳои мубодилаи нақлиётиву транзитӣ тақозо мегардад. 
Аз ҷониби Ӯзбекистон коркарди муштараконаи Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили пандемия ва оқибатҳои он, ки самтҳои дар боло зикршудаи ҳамкориро дар бар мегирад, пешниҳод шуд. 
Абдулазиз Комилов эътибори ҳозиронро ба муҳимияти татбиқ сохтани лоиҳаҳои мушаххаси инноватсионӣ, инфрасохторӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикӣ барои таҳкими эътидол ва рушди некӯҳолии халқҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷалб кард.
Дар мулоқот ҳамчунин бинобар маъалаҳои мустаҳкам намудани амният ва эътидоли минтақавӣ, аз ҷумла барқарор кардани инфрасохтори иқтисодии Афғонистон мубодилаи афкор ба амал омад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: