ВОХӮРИИ ПУРМАЗМУН

Барои ҳар як инсон беҳтар аз замине, ки он ҷо хуни нофаш рехта, аҷдодаш зиндагӣ кардаанд, ҷойи муқаддастаре нест.

Инсон баъд аз ба воя расидан, дар ҷамъият ба кадом пояе нарасад, вай бояд, аввалан ватанпарвар бошад. Дуруст аст, ки Ватанро шабеҳи модар медонанд. Аз ин рӯ, онро ҳамчун модар дӯст доштану эҳтиром кардан зарур аст. Мо халқи ватанпарварем ва гузаштагону муосирони зиёде дорем, ҷасуру диловаранд ва туфайли онҳо имрӯз дар диёри обод ва озод дар оромиву осоиштагӣ хушбахт зиндагӣ мекунем. Ин озодӣ, ин бахту саодат, албатта, ба осонӣ даст надодааст. Вазифаи авлоди кунунӣ ба қадри ин озодиву хушбахтӣ расидан ва ба ворисони оянда вогузоштани он аст. 
Алҳол дар чорабиниҳои маданию маърифатие, ки дар сартосари мамлакат дар доираи моҳонаи ватанпарварӣ ба муносибати 27-умин солгарди ташкил ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ва 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан баргузор мешаванд, дар афзун кардани эҳсоси муҳаббату садоқат дар қалби ҷавонон нисбат ба Ватан нақши муҳим мебозанд. 
Аз ҷониби шуъбаи мо низ бино бар моҳонаи мазкур нақшаи чорабиниҳо коркард гардида, дар гузарондани онҳо намояндагони ҷамоаҳои шаҳрамон, куҳансолони рӯзгордида, эҷодкорони маҳаллӣ фаъол иштирок мекунанд. 
Чорабинии навбатии маърифатӣ дар қисми ҳарбии тобеи қӯшунҳои сарҳадии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Когон ҷойгир аст, баргузор шуд. Ба ҳузури хидматчиёни ҳарбӣ, ки дар арафаи ҷашни касбии худ қарор доранд, эҷодкори когонӣ, узви Иттиҳоди нависандагон Сулаймон Шодиев ва намояндаи шӯрои ҷамоатчигии нурониёни назди шуъба Эргаш Ёриев ташриф оварданд. Дар чорабинӣ, ки бо ҳарбиён ба тарзи суҳбати озод гузаронда шуд, дар мавзӯи ватанпарварӣ сухан ронда, шеърҳо дар васфи Ватан садо доданд. Он ба иштирокдорон дар арафаи ҷашн кайфияти хуб бахшид. Дар охири чорабинӣ, муовини командири қисм оид ба корҳои тарбиявӣ, майор Акрам Абдураҳимов барои вохӯрии пурмазмун ба иштирокдорони он миннатдорӣ изҳор кард. 

Олим ЯНГИЕВ,
раиси шуъбаи Бунёди «Нуронӣ»-и шаҳри Когон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: