Боғи истироҳати «Чинор таги»-и шаҳраки Водил.
Дар майдони васеи он барои баргузории вохӯрии се насл рӯйи катҳои чӯбинро бо кӯрпачаҳои рангоранг ва болиштҳо фарш кардаву дар самти дигар мизу курсиҳоро қатор гузошта буданд. Мавҷи одамони сину соли гуногунро дидан мумкин буд, ки гурӯҳ-гурӯҳ барои ширкат дар чорабинӣ ба ин ҷо мешитофтанд.
Хусусан, як идда калонсолон низ ба чашм менамуданд, ки сари синаҳояшонро нишонҳои гуногун оро медод.
Ҳокими ноҳияи Фарғона Ҳамидулло Иномов гуфт, ки баргузории чорабинии «Вохӯрии се насл» мисле, ки дар саросари кишвари паҳноварамон ба ҳукми анъана даромадааст, дар ноҳияи Фарғона низ гоҳ-гоҳ роҳандозӣ шуда, пирони кору меҳнат, насли миёнсолу ҷавононро гирдиҳам мехонад.
– Ин бор низ чунин чорабинӣ бо иштироки собиқадорони меҳнат, ки аз аҳли маърифат ва адабу фарҳанганд, фаъолони истеҳсолот, роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ, инчунин насли миёна ва ҷавон мегузарад. Ин мулоқотест, ки намояндагони се наслро ба ҳам овардааст ва ҳар кадоми шумо аз дастовардҳои худ мегӯеду дигаронро мешунавед. Бовар дорам, ки насли калонсоли мо, ки дар рушди ноҳияамон заҳмати зиёд кашидаанд, ба ҷавонон роҳи дурусти кору зиндагиро нишон медиҳанд, – изҳор намуд Ҳ. Иномов.
Вай афзуд, ки имрӯзҳо дар идораҳои давлатӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои гуногун намояндагони насли миёна ва ҷавон дар паҳлӯи калонсолон меҳнат мекунанд. Бархе аз онҳо истеъдод ва лаёқати хуби корӣ доранд ва барои атрофиёни худ намунаи ибрат гаштаанд.
– Ҳамеша шахсони бомаърифати соҳиби илму фарҳанг ҷамъиятро аз паси худ бурдаанд. Имрӯз низ чунин рисолатро онҳо бо эҳсоси масъулият иҷро мекунанд. Дар ноҳияи Фарғона теъдоди ин зумра одамон хеле зиёданд, ки ҷавононро аз даромадан ба роҳи гумроҳӣ бозмедоранд, – гуфт Э. Уралов.
Дар чорабинӣ намояндагони фаъоли хазинаи «Нурониён» зикр намуданд, ки сиёсати Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев маҳз барои беҳбудии ҳаёт ва фаровонии зиндагии шаҳрвандони кишвар равона шудааст.
– Панҷ ташаббусе, ки Президент ба миён гузоштааст, дар рушду камоли ҷавонон, бедор шудани завқи онҳо нисбат ба мусиқа, рассомӣ, адабиёт, театр ва санъат, варзиш ва амсоли он хеле нақши муассир мебозад. Мушоҳида гардид, ки дар як тараф мусаввирони ҷавон суратҳои кашидаашонро ба намоиш гузоштаанд, дар тарафи дигар як гурӯҳ ҷавонон ба мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ машғуланд, – изҳор намуд паҳлавони машҳури водилӣ Турсуналӣ Мамаҷонов.
Як гурӯҳ собиқадорони меҳнат аз тарафи Хазинаи «Нурониён»-и вилоят бо «Ташаккурнома»-ҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Инчунин ҳокимияти ноҳия даҳ нафар намояндагони насли миёнсол ва ҷавононеро, ки дар ҷодаи меҳнат, намудҳои санъат, варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ намунаи ибрат гаштаанд, бо туҳфаҳо рағбатнок намуд.
Вохӯрии се наслро таронаҳои овозхонҳо шукӯҳи бештар бахшид.
Алишер ХОЛОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.