ВОХӮРИИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТ БО СОҲИБКОРОНИ ҶАВОН

Ба наздикӣ вохӯрии ҳокими вилояти Бухоро Б. Зарифов бо соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони ташаббускор ба амал омад.

Дар он сарвари вилоят бо масъала ва таклифҳои тадбиркорони ҷавон шинос шуд. 
Бо мақсади таъмини самаранокии тадбир дар ҷараёни он роҳбарони секторҳои вилоятӣ, ҷонишинони ҳокими вилоят, роҳбарони корхона ва муассисаҳои дахлдор низ иштирок карданд. Ҳангоми мулоқот қариб 100 муроҷиати 71 нафар соҳибкорони ҷавон ва ҷавононе, ки дар арафаи оғози фаъолияти тадбиркорӣ қарор доранд, мавриди муҳокима ва иҷро қарор гирифт.
Ҷавонони соҳибкор бобати зиёдтар намудани миқдори кредитҳои имтиёзнок, дастраскунии қитъаҳои иловагӣ бо мақсади фарохтар гардондани фаъолияти худ ва бино, беҳтарнамоии инфрасохтор, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои кадастри бино ва ғайра кӯмак пурсиданд. 
Маълум гардид, ки аз ҷониби субъектҳои тадбиркорӣ, шахсони юридикӣ саривақт гардонда нашудани кредитҳои гирифташуда боиси номураттабии фаъолияти бонкҳо мегардад. Бо мақсади ислоҳ намудани вазъият ба роҳбарони  бонк ва мутасаддиёни ташкилот маслиҳат ва супоришҳо дода шуданд.
Бобати ҳалли масъалаҳое, ки вақт талаб мекунанд, чораю тадбирҳои дахлдор андешида шуд. 

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: