ВОХӮРИИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ АНДИҶОН БО ДОНИШҶӮЁН

Ҳокими вилояти Андиҷон Шуҳратбек Абдураҳмонов дар Маркази ҷавонони шаҳри Андиҷон бо ҷавонон-донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълими олӣ таҳсил мегиранд, вохӯрд.

Дар вохӯрӣ ҳокими вилоят таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавии имрӯза барои тарбия, илмомӯзӣ ва ояндаи ҷавонон, дар ҷамъият ҷойи муносиби худро пайдо кардани онҳо ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст, ҷавонон бояд лоиқи чунин эътибор бошанд. Ғайр аз ин, ҳокими вилоят доир ба яке аз масъалаҳои муҳим – бедор намудани ҳисси дахлдории онҳо ба ислоҳоти амалишаванда ва ояндаи кишвар низ гуфта гузашт. Дар чорабиниҳое, ки дар доираи форуми сармоягузории байналхалқии I «Open Andijan» баргузор шуд, ба тарзи ихтиёрӣ ё ки ба сифати тарҷумон фаъол иштирок кардани ҷавононро алоҳида эътироф намуд.
Дар чорабинӣ ҷавонон фикр, пешниҳод ва андешаҳояшонро дар хусуси баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсӣ ва салоҳияти зеҳнии ҳамсолонашон ва бо ғояю ташаббусҳо ба тараққиёти ҷамъият хизмат кардан гуфта гузаштанд.
– Ҳокими вилоят пешниҳоди манро доир ба дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук кушодани хештек таҳти шиори «Ман Андиҷонро дӯст медорам» ва пурра кардани маълумот бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ доир ба Андиҷон дастгирӣ кард, – гуфт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Андиҷон Олимбек Турсунов. – Ин, бешубҳа, нафақат ба шахсоне, ки дар мамлакатамон, балки дар миқёси ҷаҳон аз шабакаи интернет истифода мебаранд, имконияти дастрас кардани маълумотҳоро доир ба Андиҷон медиҳад.
Дар чорабинӣ пешниҳоди ҷавонон оиди ба тарзи доимӣ ба роҳ мондани тадбири «Ҳоким ва ҷавонон» маъқул дониста шуд. Ҳокими вилоят шанбеи сеюми ҳар моҳ  доимӣ баргузор кардани мулоқотро бо ҷавонон таъкид намуд.
Ҳокими вилоят ба ҳамаи саволҳои ҷавонон ҷавоб дод. Ба ҷавонони фаъолу ташаббускор миннатдорӣ изҳор кард. Ба як гурӯҳ ҷавонон ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: