ВОХӮРӢ БАЪДИ НИМ АСР

Имсол ба донишкадаро хатм кардани мо – донишҷӯёни собиқи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба номи устод Садриддин Айнӣ панҷоҳ сол пур мешавад.

Нияти омӯзгории фанҳои дӯстдошта – мо – дастпарварони мактабҳои тоҷикии вилоятҳои гуногунро соли 1969 сӯйи «Сайқали рӯйи Замин» – Самарқанди бостонӣ оварда буд. Ба бештар аз сӣ нафарамон бахти донишҷӯӣ насиб кард. Рӯзҳо мегузаштанду дар давраи таҳсил, пахтачинӣ, ҳангоми кор дар сохтмону рӯзҳои таътил дӯстии байниҳамдигарии мо – ҳамдарсон нумӯъ меёфт. Ҳар як рӯзи давраи студентӣ бо воқеаю рӯйдодҳои худ барои мо гӯё таърихӣ буд. Машғулияту сабақҳои устодону омӯзгорон, ки баҳри обутоби мо хидмат мекард, дар лавҳи хотирамон нақши абадӣ гузоштааст. Имрӯз, мутаассифона, аксарияти онҳо байни мо нестанд, вале хотираи некашон дар дили ҳар яки мо – шогирдон маъво дорад. Самариддин Аслиддинов, Восеъ Қосимов, Шавкат Шукуров, Лӯъбат Назарова, Абдуаҳад Мирсафоев, Абдумӯъмин Фаттоев, Султон Иброҳимов, Рауф Маъруфов, Амон Воҳидов, Бахтиёр Насриддинзода, Салим Кенҷа, Аминҷон Аҳмадҷонзода, Хуршед Қамар, Малик Адашев, Азиза Юсуфӣ, Сабоҳат Умарова, Парда Холов ва дигарон баҳри ташаккулёбии ҳар яки мо чун омӯзгор саҳми арзанда доранд. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Фаромӯш макун ҳаққи 
устоди илм, 
Ки бар ҳиммати ӯст,
 бунёди илм.
Агар дар дилат меҳри 
устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз 
бод нест. 
Солҳои минбаъда аз байни ҳамдарсон роҳбарони мактабу маҳалла, рӯзноманигорону адибон, соҳибони мукофотҳои давлатию аълочиёни таълими халқ, депутату санъаткорон ба воя расиданд. Рӯдакии бузург беҳуда нагуфтааст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи 
дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил 
талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Ин мисраъҳои ҳаётии қариб ҳазору дусадсола, панди рӯзгори сардафтари адабиёти кулли форсизабонони олам то дунё ҳаст, ҳамеша пойдор хоҳад монд, зеро зиндагӣ бе дӯст маъние, таровате надорад. Таи солҳо эҳсосоти гуворои дидорбинӣ, хумор, ҷӯшу хурӯш, меҳри дӯстӣ ҳамдарсҳои моро борҳо ба Самарқанди биҳиштосо, ба хонадони Толиб Юнусзода ҷамъ оварда буд. Хушбахтона, имсол боз хонадони бароямон азиз дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқмасҷид» дар маросими  ҷашни нимасраи хатми донишкадаи мо мизбонӣ намуд. 
Ҳамин тариқ, ҳавлии Толиб Юнусзода барои ҳар яки мо солҳои зиёд аст, ки чун манзили худӣ аст.

Амрулло АВЕЗОВ.
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: