ВОХӮРӢ БО АДИБОН

Дар Маркази ахбору китобхонаи ба номи Пушкини вилояти Самарқанд маҳфили навбатии «Қофилаи Рӯдакӣ» баргузор гардид. Шоиру рӯзноманигори маҳбуб Абдулло Субҳон ва адиби варзидаву тарҷумони бомаҳорат Юнуси Имомназар меҳмонони маҳфили адабӣ буданд.

Чорабиниро раиси маҳфил шоира Дилшоди Фарҳодзод ҳусни ифтитоҳ бахшид, баъдан ба ҳозирон доир ба рӯзгор ва осори ду эҷодкор маълумоти видеоӣ пешкаш гардид. Устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Садрӣ Саъдиев, олим Саиди Саъдӣ, сармуҳаррири “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов, раиси бахши тоҷикии шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Асадулло Шукуров, адибаи ҷавон Маликаи Бахтиёр ва дигарон дар бораи паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти ин адибон андешаҳои худро иброз доштанд.
– Абдулло Субҳон яке аз шоирони беҳтарини муҳити имрӯзаи адабии мо ба шумор меравад, – гуфт доктори илмҳои филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев.  Сурудаҳояш бештар дар мавзӯоти “ҷаҳонро бо чашми хирад дидан” ва ишқу зебоӣ мебошад. Ӯ Ватани худ, миллати худ, деҳаи худ ва оламиёнро дӯст медорад. Дар шеъри “Дар тақвияти сухани ошное” вай чунин мегӯяд:
Фидо ҷони азизам бод!
Ба он насле, ки дар марзи 
ҳақиқат, дӯстдорӣ решаҳо 
дорад,
Ба он насле, ки аз фардои 
миллат ба сар андешаҳо 
дорад.
Фидо ҷони азизам бод!
Ба он насле, ки бебоку 
ғаюру чорагар бошад,
Дар аввал дӯстдори 
кишвару халқи азизи хеш,
Дар охир ошиқи сайёраву 
кулли башар бошад!  
Дар идома забоншинос Саиди Саъдӣ дар бораи доираи мавзӯот, мундариҷа ва хусусиятҳои забонии навиштаҳои Юнуси Имомназар фикрҳои худро гуфт. 
– Ман ба мақолае, ки барои рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар бораи ҳикояҳои нависанда навиштаам, баъзе камбудиҳоро ошкор баён карда будам, – гуфт Саиди Саъдӣ. – Юнуси Имомназар аз зумраи нависандагонест, ки шеваи баёни худро дорад. Вай натанҳо бо навиштани ҳикоя, балки дар дигар жанрҳо ҳам қалами худро обу тоб медиҳад. Романи “Сурху сабз”-и ӯ дар бораи солҳои ҷанг буда, хонанда   бо хондани асар дар бораи худшиносӣ ва донистани қадри имрӯзи осоиштаи кишвар хулоса мебарорад. Ҳикояҳои нависандагони муосири ӯзбекро содаву саҳеҳ ба забони тоҷикӣ баргардонидааст. 
Донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик аз ашъори Абдулло Субҳон шеърҳо қироат карданд ва аз рӯйи навиштаҳои нависанда саҳнаҳои ибратомӯзро манзури ҳозирин гардонданд. 
Абдулло Субҳон ва Юнуси Имомназар ба сухан баромада, доир ба аҳамияти чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ ва тарғиби китобхонӣ дар байни ҷавонон сухан гуфтанд. Таъкид гардид, ки имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат барои китобхонӣ ва баргузории чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 
Адибон барои даъват ба созмондиҳандагони чорабинӣ арзи сипос намуданд. Абдулло Субҳон аз шеърҳои тару тозааш барои ҳозирин гулдастае армуғон кард. Савту сурудҳои овозхони касбӣ Фармон Азимов ба шеърҳои А.Субҳон ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.
Дар охир  донишҷӯён ба саволҳои худ аз меҳмонон ҷавоб гирифтанд.

Шаҳзод КЕНҶАЗОДА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: