ВОХӮРӢ БО АҲЛИ ФАРҲАНГ

Дар арафаи ҷашни «Аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз» бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар тарабгоҳи «Боғишамол Garden» бо эҷодкорон ва қаламкашоне, ки дар вилояти Самарқанд фаъолият доранд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он ходимони адабиёту санъат, кормандони рӯзномаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, телевизиону радиои вилоят ширкат доштанд.
– Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегарданд, барои осудаву хушбахтона ҳаёт ба сар бурдани халқамон таҳти шиори «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунад» тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд, – қайд намуд Э. Турдимов. – Баҳри равшаннамоии ин ҷараёнҳои муҳим, ба омма расонидани мазмуну моҳияти ислоҳоти амалишаванда, ошкор намудан ва бартарафсозии айбу нуқсонҳои ҷомеа бе иштироки эҷодкорон ва журналистон тасаввурнопазир аст. Зеро эҷодкорон барои гуфтани сухани ҳақ аз душвориҳо намеҳаросанд, ба нуқтаҳои пурҷӯши ҳаёт ворид шуда, манфиатҳои халқу Ватанро дар ҷойи аввал мегузоранд ва ба воқеаву ҳодисаҳои атроф холисона баҳо медиҳанд. 

З. ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: