Он вақт дар мактаби таълимии рақами 11-уми ноҳияи Риштон (мактаби рақами 1-уми ноҳияи Сӯхи ҳозира) мехондем.
Бо иштироки хонандагони синфҳои болоии мактаб дар майдончаи варзишӣ ҷамъомад доир гашт. Ҷонишини директор С.Завҳаров ва мудири қисми таълимӣ (шодравон) М.Обидҷонов ба ҳозирон оиди ба Сӯх ташриф овардани адиби шинохта ва арбоби намоёни давлатӣ Шароф Рашидов хабар расонданд. Гуфтанд, ки дар клуби марказии хоҷагии давлатии Сӯх вохӯрӣ бо ин шахсияти намоён ба амал меояд. Дар чорабинӣ толибилмони синфҳои болоии дабистонамон низ бояд ширкат ҷӯянд. Барои истиқболи сазовор бояд тайёрӣ дид.
Баъд роҳбарони мактаб ба як гурӯҳ толибилмони фаъол супориш доданд, ҳаёт ва фаъолияти адабию ҷамоатии Шароф Рашидовро омӯзанд. Вохӯрӣ бо барномаи адабӣ-мусиқии хонандагони мо оғоз меёбад ва иштирокдорон, ки асосан меҳнаткашони оддианд, тавассути баромади шумо ба зиндагиномаи адиб ва арбоби давлатӣ аз наздик шинос мешаванд.
Бо кӯмаки омӯзгорони забон ва адабиёт, мо, як гурӯҳ хонандагони аълохон, китоби рӯзгор ва фаъолияти иҷтимоии Ш.Рашидовро варақ гардондем, асарҳояшро омӯхтем. Кай ва дар куҷо таваллуд ёфтан, дар куҷо хондан ва ба фаъолияти мустқилона шурӯъ сохтани ӯ бо ҳамин, дар хотирамон нақш баст.
Ш.Рашидов баъди даҳ соли роҳбари Ӯзбекистон гардидан ба Сӯх омад, ба ҳаёти мардуме, ки дар иҳотаи кӯҳҳо, дар масофаи 100 километр дуртар аз маркази вилоят умр ба сар мебаранд, шинос гардид.
Инак, дар раёсат роҳбари аввали ҷумҳурӣ аз дидор бо мардуми заҳматкаши кӯҳистон мамнун будани худро изҳор дошта, илова менамояд, аз шароите, ки онҳо доранд, огоҳ аст. Зиндагӣ дар иҳотаи кӯҳҳо душвор, масъалаҳое, ки ҳалли худро интизоранд, хеле зиёд. Метавонед онҳоро як-як баён созед. Муаммоҳое, ки шуморо азоб медиҳанд, ҳалли худ меёбанд. Марҳамат, кӣ сухан гуфтанист?
Депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (шодравон) Очаором Рафиқова, ки паҳлӯи Ш.Рашидов менишаст, ба минбар баромад. Вай гуфт:
– Норасоиҳое, ки аҳолии Сӯхро ба вазъи ногувор мегузоранд, асосан сето мебошанд.
– Алоҳида-алоҳида гӯед, ман навишта мегирам, – гуфт роҳбари ҷумҳурӣ.
– Қувваи барқ дар хоҷагӣ бо ёрии моторҳои дизел истеҳсол шуда, дар як шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат ба аҳолӣ дода мешавад. Рӯзҳое, ки моторҳо ба таъмир мӯҳтоҷанд ё дар вазъи ноқулаии обу ҳаво мо дар торикӣ мемонем. Ба мо қувваи баланди электрӣ лозим. Бовар кунед, бачаҳоямон баъди фуромадани шом дар шуълаи шайтончароғ дарс тайёр мекунанд. Коргароне, ки аз саҳро баргаштанд, дар торикӣ ё зери шуълаи моҳ хӯрок тановул мекунанд.
Масъалаи дуюм, абгор будани роҳи мошингарди Сӯх – Риштон. Агар барфи баланд борад ё сел ояд, робита ба маркази ноҳия билкул канда мешавад. Маҳсулоти кишоварзие, ки бояд ба давлат супурда шаванд, чанд муддат дар саҳро ё анборҳо монда мераванд.
Муаммои сеюм, набудани автобус. Одамон аз Сӯх то маркази ноҳия, ки 50 километр бештар аст, ё пиёда ё савори мошинҳои боркашон мераванд. Дар бордони мошин нишаста, роҳи дурударозро дар шароитҳои гуногуни табиӣ тай намудан – азоби сахт. Сӯхиён аз Риштон ё шаҳрҳои атроф баргарданд, бинобар шамол хӯрдан бистарӣ мешаванд.
Баъд Ш. Рашидов ба минбар баромад ва гуфт, ғайрат ва шуҷоати меҳнатии сӯхиён дар тамоми ҷумҳурӣ маълум. Дар минтақа чун картошкаи Сӯх картошкаи хуштаъм нест. Диловарони саҳрои ин сарзамин аз ҷуворимакка, шолӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, айни замон, ҳосили баланд мерӯёнанд.
Мо, албатта, меҳнати фидокоронаи шуморо қадр месозем. Барои офаридани шароитҳои мусоиди корӣ ва зиндагии мардуми воҳа ҳаракат мекунем. Гап сари муаммоҳо бошанд, онҳо албатта ҳал мешаванд. Соли 1969 хонадонҳои аҳолии Сӯх бо қувваи барқи доимӣ ва баландшиддат таъмин мегардад. Роҳи Сӯх – Риштон аз нав ба ҷое, ки бароятон маъқул аст, барқарор ва то 1-уми сентябри соли 1970 роҳи нави мумфаршро ба ихтиёратон месупорем. Роҳи нав, ки мавриди истифода гашт, масъалаи автобус ҳал мешавад. То ба истифода супурда шудани роҳ аз самолёт истифода мебарем. Байни Сӯх ва Қӯқанд маршрути ҳавоӣ мекушоем. Маъқул?
Роҳбари ҷумҳурӣ вақте бо ин суол ба аҳли маҷлис рӯй овард, чапакзанӣ баланд шуд. Ба гӯшҳои худ бовар намекардем: наход дар кӯҳистони Сӯх хати парвоз кушоянд?
Вале Ш. Рашидов ба ваъдаи худ вафо кард. Боз як воқеа аз он вохӯрии аҷиб дар хотирам нақш бастааст.
Мирмонбой Нишонов ном мӯйсафед, яктак (курта) ва шалвори сафед дар бар, асозанон назди Шарофака баромад. Якдигарро ба оғӯш кашиданд. Писарам, шумо подшоҳ, як арзи фуқарои худ мешунавед? гӯён вай суоломез ба роҳбари ҷумҳурӣ нигаристу садои ханда дар толор баланд шуд.
– Бифармоед, – гуфт Ш. Рашидов бо табассум.
– Синнам ба 85 наздик шуд, бинобар муаммои ҳуҷҷатҳо ҳанӯз ба нафақа набаромадаам.
– Падар, рӯзҳои наздик, албатта, нафақаатонро оварда ба дастатон месупоранд.
Мирмонбойбобо, ҳамин тавр, бо кӯмаки Шарофака нафақаашро гирифт. Дигар масъалаҳо низ ҳаллу фасл шуданд. Соли 1969 деҳоти Сӯх бо барқи баландшиддат таъмин, байни Сӯх ва Қӯқанд маршрути ҳавоӣ кушода (рӯзе 2 парвоз ба амал меомад), 1 сентябри соли 1970 роҳи Сӯх – Риштон дар масофаи 65 километр аз нав барқарор ва мумфарш гардонда шуд. Автобусҳои «ПАЗ» ба равуо сар карданд.
Аз байн зиёда аз ним аср гузашт. Вохӯрӣ бо Шароф Рашидов дар клуби марказии деҳаамон ҳамон дар пеши назарам. Мардуми кӯҳистон хидматҳои шоёни ӯро, ки ҳамеша ба кӯмак ҳозир ва ба ҳар ваъдааш вафо мекард ва ҳоло аз санаи таваллудаш 102 сол пур мешавад, асло фаромӯш намекунанд.
Неъмат ҒОЗИБЕКОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.