ВОХӮРӢ БО ШОИРАИ БАЧАГОН

Чанде пеш шоираи хушбаён ва нависандаи бачаҳо Маҳбуба Неъматзода меҳмони деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка шуда, бо хонандагони мактабҳои рақами 9 ва 43-юми деҳа вохӯрӣ гузаронд.

Чанде пеш шоираи хушбаён ва нависандаи бачаҳо Маҳбуба Неъматзода меҳмони деҳаи Навободи ноҳияи Бӯка шуда, бо хонандагони мактабҳои рақами 9 ва 43-юми деҳа вохӯрӣ гузаронд. Ин вохӯрӣ барои хонандагон, дӯстдорони шеъру чистон, ҳикояву афсона хеле хотирмон гардид. 
Ҳангоми вохӯрии шоира бо хонандагони ин мактабҳо хотироти 23 сол пешро ба ёдам овард. Ӯ бори аввал соли 1998 ба мактаби рақами 9-ум ташриф оварда буд, ки мо дар синфи 1-ум мехондем. Он вақт шоира бо китоби тозанашри худ “Таваллудат муборак” меҳмон шуда, аз шеърҳои ин маҷмӯа қироат карда буд, ки барои мо – хонандагон манзур гардид. Дар вохӯрии навбатӣ шоира бо китоби тозанашри худ “Одоб ҳусни инсон аст” меҳмон шуд ва барои хонандагони наврас як лаҳзаи хурсандибахшро бо шеъру чистон, афсонаву ҳикояҳояш эҳдо кард. Дар вохӯрӣ нависанда ба хонандагон шеърҳои “Аммаҷони ҷонона”, “Падарҷон”, “Боғи шамол”, “Ҷангара”, “Беҳунар”, “Омӯзгор”, ҳикояҳои “Қасди гург”, “Шоҳин”, “Пурхӯрак”, “Бозгашти барраи пӯстинпӯш”, “Кенгуруи дайду”, “Олуфтамаймун” ва дигаронро хонда, дар бораи онҳо маълумот дод. Тӯли як ҳафта мешавад, ки хонандагон дар бораи ин вохӯрӣ суҳбат мекунанд ва китоби ӯро гаштаю баргашта мутолиа мекунанд. 
Бояд гуфт, ки Маҳбуба Неъматзода аз адибони хосаи кӯдакону наврасони мост, ки тӯли солҳои зиёд барои бачаҳо ҳам шеър ва ҳам ҳикоя менависад. Шеъру ҳикоя, чистону тезгӯяк ва афсонаҳояш аз ҷониби хонандагони хурдсол хеле хуб пазируфта мешавад. Бинобар гуфти муҳаррири китоби “Одоб ҳусни инсон аст” А.Шукуров “Ҳи-кояҳояш аз шеърҳояш ва шеърҳояш аз ҳикояҳояш беҳтаранд. Агар шеърҳояшро хонед, мегӯед, ки ҳикояҳояшро хонам. Агар ҳикояҳояшро хонед, мегӯед, ки шеърҳояшро хонам. Вай табъу завқи хуб дорад ва табъу завқи хонандагонашро ҳам хуб медонад...”. 
Бояд гуфт, ки китобҳои шоираи хушбаён аз қабили “Таваллудат муборак”, “Бонуи бобо”, “Модари ҷон, модарам”, “Тӯтии сухандон”, “Дӯсти беҳтарин” ва инак “Одоб ҳусни инсон аст” ба наврасону хонандагони хушзавқ манзур гардидааст.

М. ҚОДИРЗОДА,
вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: