Шоири зуллисонайн Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ бо ашъори ноб ва илму маърифати хеш дар дилу дидаҳо ҷо гирифтааст.
Ӯ ҳар куҷое, ки меравад, бо шеъру шоирӣ ва латофату назокати суханронӣ атрофиёнро ба худ ҷалб месозад.
Дар ватани аҷдодии хеш, воҳаи шоирхези Сурхон бо ӯ ҳамин гуна як вохӯрӣ сурат гирифт.
Сараввал, шоир дар мактаби таълими ҳамагонии шумораи 29-уми ноҳияи зебоманзари Сариосиё бо муаллимон ва донишомӯзони мактаб мулоқот гузаронид. Хонандагон бошад, аз шеърҳои шоир қироат карда, ҷамъомадагонро хушҳол гардониданд.
Баъдан, дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнав шаби шеър бо иштироки устодон ва донишҷӯён, дӯстон, мухлисон ва шогирдон баргузор гардид. Ҷаъфари Тирмизӣ ба ҳозирин ба тариқи саволу ҷавоб мулоқот кард ва аз ашъори тару тозаи худ қироат намуд. Сармуҳаррири «Ховар» Олим Панҷизода, раиси Маркази миллии тоҷикони ноҳияи Деҳнав Шерзод Саидов, шоир Ӯғулой Ҷӯрабоева ва дигарон суханронӣ карда, аз эҷодиёти Ҷ. Муҳаммад намунаҳо оварданд. Ҳофизи хушовоз Тоҳирҷон Зокиров сурудеро сароида, ҳаводорони назму наворо болидахотир сохт. Дар охир шоири маърифатпарвар Муҳаммадрӯзӣ Ғанизод бо дуои хайр чорабинии мазкурро ҳусни хотима бахшид.
Шукруллоҳ СИРОҶ,
донишҷӯйи ДДТ.