ВОХӮРӢ ДАР АЙЁМИ НАВБАҲОР

Дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё маҳфили базми шеър баргузор гардид.

Он ба ҳаёт ва эҷодиёти адиби хушбаён, шоири ширинсухан ва рӯзноманигор Асадуллоҳи Исмоилзода бахшида шуд. 
Он рӯзи гарми баҳорӣ саҳни таълимгоҳи мазкур намуди идонаро бо худ дошт. Омӯзгорони собиқадор Иброҳим Абдуллоев, Тоҳир Акбаров, ки даврони пирӣ меронанд, ба дабиристон ташриф оварданд.
Ҳеҷ шодӣ нест андар 
ин ҷаҳон. 
Бартар аз дидори 
 рӯи дӯстон...
Зимни суханронии худ узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, аъзои Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадуллоҳи Исмоилзода аз ин иқдоми пешгирифтаи таълимгоҳ ва пазироии гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, ҳамагонро бо пайки тозаи Наврӯз, ки ба шеъру сухан ҷилои тоза мебахшад, шодбош намуд. Мавсуф ҳамчун дастовез китоби тозанашри достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Алишер Навоӣ ва ҳамчунин зиёда аз 40 номгӯ китобҳои бо забони тоҷикӣ нашршударо ба китобхонаи таълимгоҳ ҳадя кард.
Меҳмонони фахрӣ аз кору пайкор ва фаъолияти эҷодии Асадуллоҳи Исмоилзода қисса намуданд.   Рақсу сурудҳои дилнишини таълимгирандагони боғчаи бачагона хотири ҷамъомадагонро шод гардонд. Ҳофизи шинохта Бозор Амонов аз эҷодиёти Асадуллоҳ чанд суруди тозаэҷодро манзури аҳли нишаст гардонд, ки ба маҳфил завқ ва шукӯҳи дигар бахшид.
Дар фароварди маҳфил аз тарафи маъмурияти дабистон ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Илҳом ХИДИРОВ, 
омӯзгори мактаби рақами 8-уми ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: