ВОХӮРӢ ДАР САМАРҚАНД

(ёдкард аз чанде чеҳраҳои намоёни адаб, ки бо зарофат ғубор аз дилҳо мешустанд)

Вақте аз Тошканд ба Самарқанд мерафтем, дар Ӯзбекистон рӯзҳои фараҳбахши баҳор оғоз меёфтанд.
– Ҳавои баҳор дигархелтар-дия: тоза, нафас кашӣ тан роҳат мекунад, – гуфт Озод Шарофиддинов, ки дар пеш, дар паҳлӯи ронанда ба атроф ҳавасомез назар мекард.
– Вақте аз шаҳри тор ва ҳавояш дам берун баромадӣ, дигаргунӣ зуд ҳис мешавад, – фикри домуллоро қувват дод Саид Аҳмад.
– Баҳор зебост, вале, мутаассифона, зуд поймол мешавад, – гуфт Ӯткирака.
– Ӯткир, – бо табассум даҳон кушод Саид Аҳмад. – Ин гуна ҳавои тоза барои ту барин чалапаканаҳо хеле бафоида, бо серӣ нафас кашӣ, як ҷувол дору хӯрдагӣ барин сафедорвор баланд мешавӣ.
– Қади одам агар аз дору месабзид, сари шумо кайҳо ба абр мерасид, устод, – суст наомад Ӯткирака низ. – Дар Ӯзбекистон адиби чун шумо зиёд дору истеъмолкунанда набошад даркор.
– Толиб Йӯлдош, вақте ба хонааш меҳмон омад, дар назди он телефонӣ ба ман пӯписа карда, худро нишон медиҳад, – гуфт Саид Аҳмад хаёле сӯям нигариста. – Муҳаррират ҳам дар ҳузури Озоддомуллояш ҳамин тавр мекунад.
Ман дар байн менишастам. Ӯткирака акнун чӣ мегуфта бошад, гӯён нигарон будам, мавзӯъ дигар гардид.
– Вохӯрӣ дар куҷо мешавад, Ӯткир?
– Аввал дар донишгоҳ. Баъди он дар Ургут ва Каттақӯрғон.
– Дар Ургут бошад, зӯр мешудааст. Як дафъа омада Чорчанорро зиёрат карда будем. Чанорҳои чандҳазорсола, нӯгашон наменамояд, ба боло нигарӣ, тоқиат меафтад. Чашмасорҳои обашон сард.
– Номи аслии Ургут – Уркент, яъне шаҳр дар баландӣ, – шарҳ дод  домулло Озод, – бо мурури замонҳо Уркент ба Ургут табдил ёфтааст.
– Домулло Қутбиддин ба Ғафур Ғулом дар бораи Ургут бисёр нақл мекарданд, – ба хотир овард Саид Аҳмад. – Нақлҳои он кас дар бораи Ҳумули Ургутӣ, Ғавсул Аъзам барин валиҳо нағз дар хотирам.
– Домулло Қутбиддин алломаи ҳақиқӣ буданд, – оҳкашон гуфт Озодака. – Саид Аҳмад, мушоҳида кардаед, дар Нуриддин Шукуров як доноӣ, як файласуфӣ, қисса кӯтоҳ, як фариштагӣ ҳаст.
– Дар Воҳид Абдулло гӯед, Воҳид Абдулло бештар ин гуна сифатҳоро молик буданд.
Суҳбат, ҳамин тариқ, бо ёдкард аз олиму фузалои самарқандӣ идома ёфт. Озодака дар бораи Навоию Улуғбек, умуман, дар давраи Темуриён, гаҳвораи тамаддуни башарӣ будани Самарқанд, Саид Аҳмад оиди саргузаштҳои Ғафур Ғулом дар хонадони Садриддин Айнӣ сухан ронданд.
Саргарми суҳбат ба манзил расидани худро нафаҳмида мондем.
***
Рӯзҳои «Шарқ юлдузи», тавре Ӯткирака таъкид сохта буд, дар донишгоҳ оғоз ёфтанд.
Толори ҳашаматнок пур аз одам. Аз дигар муассисаҳои таълими олии шаҳр, ихлосмандони адабиёт, ки дар соҳаи мактабу маориф кор мекарданд, низ ташриф оварда буданд.
Ба машварати адабӣ Нуриддин Шукуров, ки номаш дар боло зикр шуд, барандагӣ кард. Профессор, Арбоби хидматнишондодаи фанни Ӯзбекистон Сайдулло Мирзоев маърузачии асосӣ будааст. Баъде Озодака ба минбар баромад, ба толор гӯё ҳавои тоза ворид гашт. Таҳлили ҳаққонии ҷараёни адабӣ диққати умумро ба худ кашид. Фикрҳо оиди нақш ва вазифаҳои маҷаллаи «Шарқ юлдузи» дар адабиёти ӯзбек низ бо мароқ шунида шуданд. Баъде навбат ба Саид Аҳмад ва Ӯткирака расид, давра боз ҷоннок гашт. Бинобар бо онҳо пештар ду маротиба ҳамсафар шудан аз муносибатҳои устоду шогирдиашон, ки бештар ба падар ва писар, ҳатто ҷӯраҳои наздик мемонданд ва соддаю самимона ҳангомаҳо доир менамуданд, огоҳ будам.
Саид Аҳмад дар вохӯриҳо худро бисёр озод ҳис мекард, бо ҳазлу шӯхиҳои беғубор ба ҳама хушҳолӣ мебахшид.
Баромади онрӯзаи адиби шинохта, ҳамчунин, ҳазломез оғоз ёфт.
– Ба Самарқанд бо умедҳои калон, нақшаҳои бисёр омада будам. Беваи зебо баромада монад, ба Самарқанд шояд домод шавам, гӯён фикр мекардам. Афсӯс, бармаҳал шодӣ карда будаам. Аз ҳамаатон дилам монд.
Лутфи беғубор бо ҳавои баҳор даромехта, дар қиёфаҳои ҷиддӣ табассум ҷилва кард. Ҳама нигарон, ки устод акнун чӣ мегуфта бошад. Вале вай, баъди диққати ҳамаро ба худ кашидан, мавзӯъро ба мазмуну мундариҷаи маҷалла кашид, бобати ҷилоҳои ба худ хоси эҷодиёти Ӯткир Ҳошимов сухан ба миён овард:
– Устоди сухан Абдулло Қаҳҳор, ки ҳар гуна нависандаро ба осонӣ тан намегирифт, Ӯткир Ҳошимовро бо қиссаи аввалинаш «Ҳавои чӯл» муборакбод сохта, дар мактубе, ки ба вай навишт: «Ӯткир! «Ҳавои чӯл»-ро хонда мамнун шудам. Ояндаи эҷоде, ки якбора аланга задааст, дурахшон мешавад», гуфта буд. Устод Абдулло Қаҳҳор хато накарда будааст. Ӯткир ҳақиқатан ҳам чун устоди сухан шинохта шуд. Дар асарҳои ӯ  забони халқ он қадар равон, он қадар ифоданок, ки ҳар як сатраш чун шеъри равон ҷорист. Барои ҳамин ҳам Эркин Воҳидов ӯро «шоири насри мо» меномад. Баъзе адабиётшиносон ба забони асар аз рӯи камию зиёдии мақолҳои халқӣ баҳо медиҳанд. Не, адиби хуб худаш афоризм меофарад. Ӯткир Ҳошимов аз қабили ҳамин гуна адибон.
Дар қисми «саволу ҷавобҳо» Саид Аҳмад боз ҳам кушода шуда рафт. Ба ҳар савол шӯхиомез, аммо бо ташбеҳҳои пурмантиқ ҷавоб дода, давраро метасфонд. Донишҷӯе пурсид:
– Ҳозир дар бораи забон ва маҳорати бадеии Ӯткир Ҳошимов ҳарф задед. Боз кадом фазилатҳои адибе, ки ҳамаамон дӯст медорем, бароятон бештар бақадр?
Саид Аҳмад:
– Дониста истодаам, ин саволро ба ту худи Ӯткир гуфта ва нависондааст. Вагарна дар ҷамъомад бахшида ба «Шарқ юлдузи» ин хел савол намедодӣ. Дурустмӣ? Лекин айб дар ту не, дар Ӯткиракаат, ин бача шогирди ман. Психологияашро чун ду каррат ду азёд кардаам. Таъриф бошад, аз бом меҷаҳад. Ҳозир ҳам устодам маро тавсиф кунад, гуфта туро тезондааст. Аммо-лекин ҳама фазилати ба таъриф арзанда дар Ӯткир Ҳошимов мавҷуд. Аз офтоб энергия мегирад магар, ҳар рӯз ду-се ҳикоя менависад, ба қисса менишинад, бо фуроварди қисса ба роман шурӯъ месозад, романро навишта мешавад ё не, песаро сар карда мефиристад. Ё дасташ чаҳорто, ё занаш менависад, ё дар маҳалла артели нависандагӣ кушодааст ин. Касе ин қадар корро қоил кардааст, камаш як сол тоқиро наздаш гузошта, дар ҷойи сояву салқин ошхӯрӣ бояд кунад. Ин бошад, аз телевизор намефурояд. Вақтҳои охир дарзмолро ба ток пайвандӣ ҳам Ӯткир Ҳошимов менамудагӣ шуда монд. Масъалае нест, ки дахолат накунад. Як нигарӣ мӯйсафеди аз ҳафтод гузаштагӣ барин ба солхӯрдаҳо ақл ёд медиҳад, як нигарӣ зани аз шавҳар баромадагӣ барин ба модаршӯву арӯсҳо панду насиҳат мехонад. Ӯткир, мегӯям баъзан дарунам тасфида, тоқӣ пӯшӣ, ҷиягашро аз оҳан кун, набошад ақлат тоқиро шикофида мебарояд. Гӯед, канӣ, писараки сенздаҳсола доктори фан шавад, ин ҳолати «нормалний» аст ё «ненормалний?» Албатта, «ненормалний!» Кампири ҳафтодсола чун кӯдак гиряд ҳам – ҳамин гуна ҳолат. Қатор-қатор роман навиштани ин бача, айни замон, ҳолати «ненормалний» аст. Муҳраи чашм гирифта, таҳи каш дӯхта мон, гӯям, духтарон талош карда, гирифта гурехтанашон мумкин. Дар адабиёт талафоти калон мешавад. Ба фикрҳо хулоса карда, ба саволи додарам ҷавоб доданӣ бошам, ман, дар навбати аввал, меҳнаткашии Ӯткирро қадр мекунам. Аз инсоне, ки бо сухан сурат кашида метавонад, нависанда мебарояд. Ба шарте, аз меҳнат натарсад. «Меҳнати ман кардаро агар маймун мекард, он ҳам нависанда шуда мерафт», гуфта будааст устодамон Абдулло Қаҳҳор. Худо ҳеҷ касро аз меҳнат ҷудо накунад.
– Ду суол дорам, – гуфт донишҷӯи дигар, – якум, иди Наврӯз чаро ба таъқиб дучор шуд. Дуюм, ба навишта шудани асаратон «Домод» чӣ такон бахшид?
Саид Аҳмад:
– Духтарам, ман ҳукумат нестам, як нависандаи бечораам. Ин гуна масъалаҳои ҷиддиро Ӯткиракаат мефаҳмад. Амалдор, арбоб. Аз вай пурс, ҷавоб медиҳад. Ба саволи дуюмат оем, чизе, ки такон бахшид, аҷиб нест. Аммо баъде «Домод»-ро дида, аз загс гузаштани бисёр мӯйсафедон – факт.
Муаллимаи мактаб:
– Шумо дар ҳаёти худ пастиву баландии зиёд дидаед. Бигӯед, дар оила нақши падар чӣ гуна бояд бошад?
Саид Аҳмад:
– Агар байни шумову домод пишаки ало гузашта бошад, ба гӯшаш гӯед, падар гуфтанӣ дар рӯзгор хурӯси мепоидагӣ нест. Падар ба оила бояд дону дуни заруриро кашонад.
Муаллими мактаб:
– Дар бораи нақшаҳоятон гуфта медодед.
Саид Аҳмад:
– Ҳозир гуфтам-ку, ягон беваи хушрӯ барояд, ба ҳамон нигариста, нақша кашиданӣ будам. 
Акнун нақша-пақша нест.
Донишҷӯ:
– Устод, ба танқид муносибататон чӣ хел? Тоқат мекунед?
Саид Аҳмад:
– То ба ин рӯзҳо расидан калтаки нахӯрдаам намонд. Чӣ дар ҳаёт, чӣ дар адабиёт ноадолатиҳои зиёд дидам. Аз танқиди кӯр-кӯрона осонаш нест. Онро дида, таҳлил намуда, таклиф карда намешавад. Тавре шоир ва мутафаккири олмон Волфганг Гёте таъкид карда, ҳаётро ҳис кардан аз дарёфти ҳақиқат хеле осон, хато дар рӯ мехобад, онро дарҳол дидан мумкин. Ҳақиқат бошад, дар чуқурист, то он расида рафтан кори ҳар кас нест. Умр кӯтоҳ аст. Ҳақиқат бошад, дурудароз зиндагӣ мекунад. Танқиди ҳалол ҳақиқат гуфтани гап. Адиби бузург Абдулло Қаҳҳорро чун тимсоли ҳақиқат мешиносам.
Ӯткир Ҳошимов:
– Ин хел бошад, вақте домулло Қаҳҳор китоби аввалинатонро танқид кард, чаро ҷигот андохта гаштед?
Саид Аҳмад:
– Дар хонае, ки бача ҳаст, сир хоб намеравад, гуфтагиаш ҳамин-да. Ин “безобразний” ман шогирд гуфта, сирамро дониста гирифта, маҳмаддоноӣ кардагиаш-кардагӣ. Аммо, даъвои Ӯткир дуруст. Соли 1941 китоби нахустинам «Туҳфа» аз чоп баромад. Худро ба қатори нависандагони калон ҳамроҳ карда, ба дунё нагунҷида гардам, оиди маҷмӯаам дар маҷаллаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» мақолаи Абдулло Қаҳҳор баромад. Хонда, сарам гирд гашт. Миён хам зад. Абдулло Қаҳҳор ҳамаи ҳикояҳоямро ба «брак» бароварда, ақаллан барои дилам чизе нагуфтааст. Фақат: «Саид Аҳмад ба даст танбур гирифтааст, аз гирумонаш маълум, ки машқ зада метавонад, лекин танбураш ҳануз садо набаровардааст», гуфта мешавад дар охири мақола. Чанд вақт ранҷида гаштам, ба дил мегуфтам, маро чашми дид надорад, аз вай пеш гузаштанамро намехоҳад. Он вақтҳо нависандаи батамом «кӯдак» будам. Тасаввур ва илмам дар бораи адабиёт заиф буд. Дере нагузашта, сад фоиз ҳақ будани Абдулло Қаҳҳорро эътироф кардам. Вақте романам «Уфуқ» аз нашр баромад, вай навишт, ки «Уфуқ» машқи бо илҳом ва маҳорат навохташуда аст. Бисёр будани инсонҳои чун Абдулло Қаҳҳор адолатнокро орзу менамоям.
Дар вохӯрӣ дар доираи муаммоҳои ҳаётӣ, адабиёт, шеърият, ҷараёнҳои адабӣ саволҳои бисёр афтоданд. Саид Аҳмад, Озод Шарофиддинов ва Ӯткир Ҳошимов барои ба саволҳо ҷавоб гардондан ҳаракат карданд. Вақте вохӯрии баъди хӯроки нисфирӯзӣ оғозёфта анҷом пазируфт, пардаи торикӣ мефуромад.

Абдусаид КӮЧИМОВ
Тарҷумаи Ш. МУҲАММАД

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: