ВОХӮРӢ ДАР СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИС

Муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Сафоев бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мобашар Ҷавод Акбар вохӯрд, ки барои иштирок дар ҷамъомади навбатии мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» ба кишвари мо омадааст.

Дар ҷараёни суҳбат аҳволи кунунӣ ва пешомади рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Ғайр аз ин дар доираи сафари пешистодаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҳиндустон, ки моҳи октябри соли равон ба вуқӯъ мепайвандад, мубодилаи афкор ба амал омад. 
Дар байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ҳамкориҳое, ки ба дӯстӣ ва шарикии стратегӣ асос мекунанд, мунтазам инкишоф меёбанд. Дӯстии бисёрасринаи байни халқҳои мо, робитаҳои фарҳангӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ барои ба дараҷаи сифатан нав бардоштани ҳамкориҳои пешомаднок мусоидат менамоянд.
Дар байни сохторҳои гуногуни кишварҳои мо мунтазам вохӯрӣ ва мулоқот ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» барои машваратҳои бисёрҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсӣ, баррасии масъалаҳои зиёд, аз ҷумла коркарди муоҳидаҳои пешомаднок дар соҳаҳои логистикаи нақлиёт ва сармояҳо, муборизаи муштарак бар муқобили таҳдидҳои мухталифи пешрафти устувор соҳати мусоид ба шумор меравад.
Дар вохӯрӣ Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мобашар Ҷавод Акбар махсус таъкид намуд, ки тағйироти мусбати таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев татбиқшудаистода ҷониби Ҳиндустонро низ ҳамчун ҳамкор ва дӯсти қарини Ӯзбекистон бағоят хушнуд мекунанд. Зарурияти истифодаи самарабахши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла имконияти гурӯҳҳои дӯстӣ дар таҳкими робитаҳо бобати ислоҳсозии давлат ва ҷамъият, озодкунии иқтисодиёт, истиқрори ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид шуд. 
Ҷонибҳо бинобар натиҷаи мулоқот ба муоҳида расиданд, ки барои бомуваффақият баргузор кардани чорабиниҳои муштараки ӯзбекистониву ҳиндустонӣ тамоми ғайрат ва имкониятҳои худро сафарбар намоянд.

Улуғбек ШОНАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: