ВОҚЕАН, НЕСТ ҶУЗ КИТОБ АНИС...

Хушбахтона, солҳои охир ҷевони китоби моро китобҳои тозаи хонданӣ оро медиҳанд.

Хушбахтона, солҳои охир ҷевони китоби моро китобҳои тозаи хонданӣ оро медиҳанд. Ба қарибӣ ду китоб бо номҳои “Гули санг” ва “Сабзу сурх”  дар  нашриёти  “Тамаддун”-и Тошканд рӯйи чопро дид. Мураттиб, муҳаррир ва муаллифи китобҳо Юнуси Имомназар мебошад. 
Кӯҳистони Нурато дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Самарқанд воқеъ буда, маҳдудаҳои он аз назари маъмурӣ ба вилоятҳои Самарқанд, Навоӣ ва Ҷиззах мутааллиқ аст. Ин кӯҳсор аз бахши ҷанубу шарқ ба самти шимолу ғарб ба фосилаи 170 километр тӯл мекашад. Барои мо он чиз бениҳоят муҳим аст, ки аз қадимулайём дар кӯҳистони Нурато тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва дар асл, халқи таҳҷоӣ ва муқим асосан тоҷикҳо мебошанд. Мутаассифона, чандин деҳу русто ва гузарҳои тоҷикнишин  бо мурури солҳо  ва аз дасти сиёсатҳои роҳафтода аз байн рафтаанд, мардум пароканда шудаанд, одамон манзилҳои худро тарк карда ба ҷойҳои дигар кӯч бастаанд.  Дар ҳоли ҳозир деҳоти тоҷикнишини боқимонда асосан дар доманакӯҳҳои қисми шимолии риштакӯҳҳои Нурато – аз машриқ ба самти мағриб деҳаҳои Порашт, Асраф, Ҳоят, Ӯхм, Моҷарм, Андагин, Синтаб, Соб, Симбулоқ, Эҷ, Сойхурд ва дар қисми шимоли қаторкӯҳ деҳаи Устук арзи вуҷуд доранд. Дар ҳамаи ин деҳот омӯзиш ба забони модарӣ сурат мегирад. Аз ин сарзамини кӯҳистонӣ донишмандон, муарриху меъморон, шоиру нависандагон, муҳандису варзишкорон, дар кул, инсонҳои ҳунарманду соҳиби касбу пешаи гуногун сабзида баромадаанд. Ҷойи зикр аст, ки дар кӯҳистони Нурато мардум забони модарии худро чун гавҳараки чашм пос медоранд. Забону адабиёти форсизабонони ин минтақа то ба имрӯз побарҷост. Онҳо ба мисли гули санг аз дили кӯҳистони сахту санглох падид омада нашъунамо меёбанд, асарҳои мондагор меофаранд, ба афзудани обрӯ ва шукӯҳи диёри худ мусоидат менамоянд. Яке аз дӯстдорони забони модарӣ,ҷавонмарди суханошно Раҳмони Содиқ аз деҳаи Эҷ чунин менависад:
Садою нағмаи кабки 
дариро,
Иваз бар бонги чуғзи шум 
накардам.
Миёни сангу шахҳо 
зистам, лек
Забони модариро гум 
накардам...
Дар маҷмӯаи «Гули санг» шарҳи ҳол ва намунаҳо аз ашъору осори насрии беҳтарин адибони деҳоти тоҷикнишини кӯҳсори Нурато гирд оварда шудааст.  Шоиру нависандагон Баҳром Фирӯз, Ҷонибек Қувноқ, Бекназар Тӯйназар, Паймон, Абдулло Субҳон, Пайванди Гулмуродзода, Қироншоҳ Шарифзода, Пайғом, Юнуси Имомназар, Ҳикмат Султонзода, Шакари Сайфӣ ва Фаридуни Фарҳодзод – ҳама дар рустоҳои кӯҳистонии силсилакӯҳи Нурато зода шудаанд ва дар адабиёти муосири тоҷик мақому нақши хосса доранд. 
Дарвоқеъ, дар ба рӯйи кор омадани китоб саҳми дӯстдори забону фарҳанг Ҷалоли Ҷамол арзанда аст. Умед аст, ин маҷмӯа барои тамоми пажӯҳишгарон, мунаққидон ва адабиётшиносон ҳамчун як манбаи муҳими омӯзишу таҳлил ва барои дӯстдорони шеъру насри бадеъ ба унвони китоби адабию бадеӣ  ва дӯсту ҳамдами лаҳзаҳои танҳоӣ хидмат мекунад.
Китоби “Сабзу сурх” ба қалами адиб Юнуси Имомназар мансуб буда, муҳаррири он доктори фалсафа доир ба илмҳои филология Олим Давлатов мебошад. 
Аз пайи инқилоби Октябр, ки дар Русия ба вуқӯъ пайваста буд, аввали солҳои бистуми асри ХХ дар сарзамини Аморати Бухоро низ табаддулоти куллии сохти кишвардорӣ ба амал омад. Дар китоби мазкур низ воқеаю ҳодисаҳои ҳамин давраи гузариш, ки ҳудудан даҳ солро фаро мегирад, табаддулоти зеҳнию иҷтимоии одамон, одоб ва расму оинҳои алоқаманд бо нигориши бадеӣ баён шудаанд. Ин китоб ба хонандагони синну соли мухталиф пешниҳод мегардад.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”. 
        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: