Аввалин шарҳҳо ва арзёбиҳои хориҷи кишвар ба натиҷаҳои мулоқоти 20 июни Президент Шавкат Мирзиёев бо аъзои Комиссияи конститутсионӣ оид ба ташаккули пешниҳодҳо бобати ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни асосии кишвар аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи коршиносон, оммаи васеъ ва шаҳрвандони ҷудогона ба равандҳои динамикии демократии Ӯзбекистон далолат медиҳад.
Роҳбари Донишкадаи сиёсатшиносии назди Донишгоҳи давлатии Варшава, профессор Тадеуш БОДИО:
– Тартиботи давлатдории ба конститутсия асосёфтаи замонавӣ такмили пайвастаро тақозо мекунад, зеро қонуни конститутсионии ҳар кишвар бояд аз рушди он пеш гузарад, ба рушди устувори ояндаи давлат хидмат кунад. Аз ин рӯ, ислоҳоти қонунгузории бунёдӣ як падидаи табиист.
Амалияи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар бисёр кишварҳо ислоҳоти конститутсионӣ дар давраи тағйироти куллӣ сурат гирифтааст.
Ман хуб медонам, ки тайи солҳои охир дар Ӯзбекистон ислоҳоти бунёдӣ, ба ҳам алоқаманд ва ба ҳамдигар вобастаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба бунёди кишвари нави демократӣ, ташаккули ҷомеаи озоду одилонаи шаҳрвандӣ нигаронда шудааст, ба амал бароварда мешавад. Дар сохти давлатӣ, ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маданию маънавии ҷамъият дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд.
Дар баробари ин, даврони имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, рақамигардонӣ, тағйирёбии иқлим ва босуръат дигаргушавии ҳаёт ҷиҳати модернизатсияи минбаъдаи кишвар, таҳкими сулҳу субот ва истиқлолияти миллӣ вазифаҳои нави таъхирнопазир ва ниҳоят муҳимро ба миён мегузорад.
Имсол ба Конститутсияи Ӯзбекистон 30 сол пур мешавад. Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, ки Президент Шавкат Мирзиёев эълон кардааст, ҳаллу фасли вазифаҳои сифатан нав, қабули қонуну консепсияҳои нав барои навсозии кишвар пешбинӣ шудааст. Онҳо, дар навбати худ, бояд ба қонунгузорӣ такя кунанд.
Муҳимтарин хусусияти марҳилаи кунунии таърихии рушди Ӯзбекистон бунёди ҷомеаи рақамӣ ва иттилоотӣ мебошад. Иттилоот ва дониш ба омилҳои стратегии рушд табдил ёфта, сохторҳои давлатиро ба сохторҳои камхарҷ ва муассири қудратӣ табдил медиҳанд. Ин бояд дар Конститутсияи навшудаи кишвар инъикос ёбад.
Дар ҷаҳон амалан конститутсияе нест, ки тағйиру такмил дода нашуда бошад. Сарқонуни Полша моҳи апрели соли 1997 қабул шуда буд, аммо рушди кишвар водор намуд, ки ба мазмуни қонуни асосӣ тағйирот ворид карда шавад, ки дар робита ба ин беш аз 70 ислоҳ ворид карда шуд.
Тағйироти конститутсиониро дар тамоми кишварҳо он чиз муттаҳид месозад, ки онҳо вокуниш ба чолишҳо ва таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ ба давлат мебошанд.
Ҳамчун дӯсти бузурги Ӯзбекистон ва мутахассиси Осиёи Марказӣ дар татбиқи нақшаҳо ва ташаббусҳои дарозмуҳлат муваффақият орзумандам.
Менеҷери лоиҳаи маркази таҳлилии «Diplomatic World Institute» Алберто ТУРКСТРА (Белгия):
– Дар ин рӯзҳо мо шоҳиди изҳороти таърихии Президент Шавкат Мирзиёев ҳастем, ки зимни мулоқот бо аъзои Комиссияи конститутсионӣ изҳор дошт, ки ислоҳоти конститутсионии пешниҳодшуда бояд тавассути раъйпурсӣ ба овоздиҳии умумихалқӣ гузошта шавад.
Ба нақша гирифта шудани ислоҳоти конститутсионӣ тааҷҷубовар нест, зеро воқеияти нави замонавии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон бознигарии куллии Конститутсияро тақозо мекунад.
Ман боварӣ дорам, ки соли ҷорӣ барои қабули ин қарор хеле рамзӣ аст, зеро моҳи декабри соли ҷорӣ Ӯзбекистон 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷашн мегирад.
Ҷанбаи ҷолиби дигар ин аст, ки тибқи қонунгузории амалкунанда парлумон ҳақ дорад ба Конститутсия тағйирот ворид намояд. Аммо агар ислоҳоти конститутсионӣ бо назардошти андеша ва раъйи шаҳрвандони кишвар тавассути раъйпурсӣ сурат бигирад, натиҷааш Конститутсияи аз ҷониби мардум ва барои мардум қабулшуда хоҳад буд. Ин қонунияти Қонуни Асосии кишварро афзоиш медиҳад, ки он аз як ҳуҷҷати сокин, ки ба давлат нигаронида шудааст, ба оинномаи зинда табдил меёбад, ки дар он шахсият ва ҳуқуқи ӯ мавқеи марказӣ доранд.
Ин раванд хеле зуд оғоз ёфт. Комиссияи конститутсионӣ 24 май дар ҳайати 45 нафар, аз ҷумла вакилони қонунгузор, сенаторҳо, намояндагони тамоми вилоятҳои Ӯзбекистон, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон ва дигар коршиносон, ки намояндагони қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва доираи васеи ҷомеаро ташкил медиҳанд, ташкил карда шуд.
Ин раванд тамоми аҳолиро фаро мегирад, ба онҳо пешниҳод карда мешавад, ки ташаббус ва пешниҳодҳои худро дар интернет ё тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ тақдим кунанд. Рӯзи 3 июн Комиссияи конститутсионӣ ба фиристодани СМС ба 30 миллион муштарии телефонҳои мобилӣ шурӯъ кард, ки онҳоро барои ирсоли пешниҳоди худ даъват мекунад. То имрӯз ба Комиссия аз шаҳрвандон 48 492 пешниҳод ворид шудааст, ки ин рашан гувоҳӣ медиҳад, ки ислоҳоти конститутсионӣ ҳиллаи абстрактии сиёсӣ набуда, балки зарурати объективӣ ва талаботи болоравии ҷомеа мебошад.
Дар Конститутсияи навшудаи Ӯзбекистон мо чиро мебинем?
Принсипи тақсимоти қудратҳо байни ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ яке аз хусусиятҳои асосии демократияи муосир мебошад. Яке аз вазифаҳои асосӣ таъсиси низоми одилона ва мустақили судӣ, прокуратурае мебошад, ки дар амал тартиботи қонуниро таъмин менамояд, қодир аст новобаста аз фишори беруна ва дахолати беасоси дигар шохаҳои ҳокимият амал кунад.
Дар Конститутсия баъзе ҳуқуқи асосӣ, аз қабили ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба шароити муносиби зиндагӣ ва меҳнат ва ҳимоя аз бекорӣ муқаррар карда мешаванд. Манъи меҳнати кӯдакон рамзӣ аст, зеро Ӯзбекистон амалан аз ин таҷриба халос шудааст. Ворид карда шудани қоидаҳои муайяне, ки ба ҳифзи муҳити зист (дар шароити фоҷиаи баҳри Арал ва дигар мушкилот) нигаронда шудаанд, таҳкими нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани мустақилияти сохторҳое, ки қаблан таҳти салоҳияти бевоситаи давлат қарор доштанд, аз ҷумла ба ниҳоди маҳалла додани ҳуқуқи мустақилона ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллиро қайд кардан ҷоиз аст.
Ӯзбекистон ҳамеша ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ эътибори бузург медиҳад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла Иттиҳоди Аврупо инро бо таваҷҷуҳи зиёд мушоҳида мекунад. Иттиҳоди Аврупо оид ба мундариҷа ягон тавсия намедиҳад, балки ба матлуб будани риояи баъзе стандартҳо ва принсипҳои аз ҷониби мақомоти дахлдор, ба монанди Комиссияи Венетсия тавсияшаванда таъкид мекунад.
Президенти Ассотсиатсияи оид ба тадқиқотҳои Авруосиёи Испания, президенти Ассотсиатсия оид ба рушди муносибатҳо байни Испания ва Ӯзбекистон, сармуҳаррири нашри онлайнии миллии «DiarioArbat»-и Испания, профессор Фернандо МОРАГОН:
– Имрӯз ман мехостам дар бораи раванди хеле муҳим ва таъхирнопазири ислоҳоти Конститутсияи амалкунанда дар Ӯзбекистон сухан ронам. Ин боз як далели он аст, ки ҷомеаи Ӯзбекистон таҳти сарварии Президент ҳамқадами замон пеш рафта, бо назардошти даъватҳои замонавӣ ва равандҳои нави ҷаҳонӣ диди нав меорад.
Конститутсия бояд ислоҳ карда шавад, то ки ба замонҳои нав ва ниёзҳои халқи Ӯзбекистон мутобиқ гардонда шавад.
Ба фикрам, мо шоҳиди раванди муҳим дар Осиёи Марказӣ ҳастем, ки боварӣ дорам, он дар оянда натиҷаҳои хуб хоҳад дод.
Директори Донишкадаи тамаддуни исломии Малайзия ФАРИЗА ШАМ:
– Конститутсия – Қонуни Асосии давлат мағзи тамоми низоми ҳуқуқии ин ё он кишвар буда, маъно ва мазмуни дигар қонунҳоро муайян мекунад.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон ҷустуҷӯйи пуршиддати моделҳои рушди конститутсионӣ идома дорад. Бешубҳа, дар пасманзари дигаргунсозиҳо ва ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ ва босуръат дар Ӯзбекистон ба Конститутсияи шумо низ бояд тағйироти дахлдор ворид карда шавад, ки ин, пеш аз ҳама, ба боз ҳам васеъ намудани ҳуқуқи қонунии шаҳрвандон хидмат мекунад.
Вақте тирамоҳи соли гузашта дар Ӯзбекистон будам, шоҳиди он гардидам, ки дар мамлакати шумо оила ячейкаи асосии ҷамъият аст ва ин дар боби XIV Конститутсияи Ӯзбекистон мустаҳкам карда шудааст, ки беназирии Қонуни Асосиро, ки аз Конститутсияи дигар кишварҳо фарқ мекунад, муайян менамояд.
Боиси хушнудист, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок мекунанд, ки то имрӯз зиёда аз 35 ҳазор пешниҳод аз намояндагони ҷомеаи васеъ ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар расидааст.
Итминон дорам, ки ислоҳоти дарпешистодаи конститутсионии Ӯзбекистон, ки бо ташаббуси сарвари давлат оғоз мегардад, ба татбиқи вазифаҳои минбаъд баланд бардоштани беҳбудии аҳолӣ ва шукуфоии иқтисодии кишвар, таҳкими иқтидори илмии он ва рақобатпазирӣ дар ҷаҳон хидмат мекунад.
Сафири Сингапур дар Ӯзбекистон Зулкифли БАХАРУДДИН:
– Ба фикрам, раванди ворид намудани тағйирот ба Конститутсия, ки дар Ӯзбекистон оғоз шуд, идомаи ислоҳоти ҳамаҷониба дар кишвар аст.
Мехостам хусусияти ғояҳоеро, ки дар Ӯзбекистон бобати такмил додани Конститутсия ба миён гузошта шудаанд, қайд намоям. Ислоҳоти пешниҳодшаванда дар ҳифзи манфиатҳои мардуми шумо ва рушди кишвар саҳми муҳим хоҳад дошт. Боварӣ дорам, ки самараи онҳо дар бунёди Ӯзбекистони Нав зоҳир мегардад.
Модели давлатии «Ӯзбекистон – давлати иҷтимоӣ»-ро пешниҳоди муҳим мешуморанд. Зеро, ин ғоя ба манфиати ҷамъият ва беҳбудии аҳолӣ ҷавобгӯ аст. Кишвар дар роҳи диверсификатсияи рушди пайваста, фароҳам овардани шароити рақобатпазир барои корхонаҳои маҳаллӣ ва дар натиҷа шароити зарурӣ барои зиндагии шоистаи мардум қарор дорад.
Ба ғайр аз ин, ман ғояи созмон додани модели «Дар Ӯзбекистон бунёд намудани давлати инсонпарвар, демократии ҳуқуқбунёд»-ро дастгирӣ менамоям. Маълум аст, ки ин модел танзимгари универсалӣ ва афзалиятноки зиддиятҳои сиёсию иҷтимоӣ буда, волоияти қонунро мустаҳкам мекунад, низоми меъёру тамоюлҳои устувори фаъолияти низоми давлатиро ҷорӣ мекунад.
Ба ин муносибат пешниҳоди Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи додани ваколат оиди таъин кардани роҳбарони Агентии зиддикоррупсионӣ ва Палатаи ҳисоб аз сарвари давлат ба Олий Маҷлис ба ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқ ва озодии тамоми шаҳрвандон хидмат мекунад.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам таъкид намоям, ки Ӯзбекистон дар роҳи деморатикунонии ҷамъият роҳи тӯлониро тай кардааст. Дар ин бобат Президент Шавкат Мирзиёев изҳор кард.
АИ «Дунё».