ВОРИСИ АРЗАНДА БОШЕМ!

Рӯзномаи «Овози тоҷик» қариб як аср боз ба мардуми тоҷику тоҷикзабони Ӯзбекистон ва барои рушди маънавияти ин миллат хидмат мекунад.

«Овози тоҷик» – таърих аст, парчами миллии соҳибзабонон, ифтихору маънавияти мост.
Сиёсати кунунии  Ӯзбекистон нисбати эҳёи ҳуввиятҳои миллии сокинони кишвар хайрхоҳона буда, кӯшишу ғайрат барои рушди забону фарҳанг аз худи мо – тоҷикон вобаста аст. Мақолаҳои Ӯзбакбой Раҳмон «Овози тоҷик»-чӣ? («Овози тоҷик», №7, 25 январи соли 2023) ва Сулаймон Содиқ «Тоҷдоронро чӣ шуд? («Овози тоҷик», №12,11 феврали соли 2023)-ро хондам. Ҳақ ба ҷониби муаллифон аст. Пайдост, ки онҳо аз лоқайдиву пастҳимматии соҳибзабонон виҷдонан азият мекашанд. Ман аз солҳои 70-уми асри гузашта то имрӯз ҳамасола ба ин рӯзнома обуна мешавам. Ҳамчун омӯзгори тоҷик ҳаёти худро бе ин рӯзнома тасаввур карда наметавонам. Он ғуруру нангу номуси мост. Ҳайф бар он омӯзгорони тоҷик, ки обуна намешаванду рӯзномаро намехонанд. Донишманде гуфтааст: «Марги миллат аз марги забон сар мешавад. Марги забон бошад, аз бепарвоиву бемасъулиятии соҳибзабонон маншаъ мегирад». 
Агар гуфтаниҳои худро дар бораи обуна ба рӯзнома нависам, як шумораи «Овози тоҷик» камӣ мекунад. Вале ин дардҳои маро, дареғо, ки боз фақат ҳамон шахсони ба рӯзнома обунашуда мехонанд. Ҳоло ҳар кас имкон дорад, обуна шавад, ба шарте ки хоҳиш бошад. Аз минбари муқаддаси «Овози тоҷик« истифода бурда, гуфтаниам:
Набояд фаромӯш кард, ки мо кӣ ҳастем? Пас, биёед, вориси арзандаи гузаштагон бошем. Ба «Овози тоҷик» – ягона рӯзномаи ҷумҳуриявии тоҷикон обуна шавем. Боқӣ, Худо ҳофиз.

 Бобои Ҳоҷӣ ҲОҶИЕВ,
омӯзгори санъати тасвирии
мактаби рақами 
43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: