ВОРИСИ СУЛОЛА

Чустиёнро ҳамчун ҳунармандони тоқидӯз, кордсоз, бофанда, мисгар, косибу гаҷкор... ба забон мегиранд.

Роҳбари давлатамон дар қатори соҳаҳои дигар ба ҳунармандӣ низ аҳамияти калон медиҳад ва ин эътибор ғайрат ва ҳиммати онҳоро дучанд мекунад. 


Маҳсулоти ҳунармандони Чустро на фақат дар вилояту ҷумҳурӣ, балки дар бисёр кишварҳои дунё низ медонанд.
Ҷавонони чустӣ ҳунарҳои меросмондаро эъзоз карда, онҳоро давом медиҳанд. Дар бораи кордсози хубе мақола навиштанро ният кардем, ба мо усто Одилҷонро тавсия намуданд. Баъди суҳбати самимӣ маълум шуд, ки қаҳрамони мо  бо ин кор аз бачагӣ машғул будааст. Аз падараш Аҳадҷонако асрори ин ҳунарро омӯхта, онро такмил додааст. 
– Чун корро сар кардам, мехостам зудтар ба охир расонам. Чунки дарёфти навъи нави маҳсулот ба ман муъҷиза метобид, – мегӯяд Одилҷон – вакили ҳаштумини сулолаи кордсозон  Каримовҳо. 
«Дар кори мо саросемагӣ хуб нест, писарҷон. Кордсозӣ ҷараёни ниҳоят нозуку эътиборталаб аст, барои ҳамин ту бояд ҳушёр шавию диққатро ба як ҷо ҷамъ карда, ба бехатарии техникӣ низ риоя кунӣ», мегуфт падарам, – мегӯяд усто Одил. 
То ҳол аз ӯ маслиҳат мепурсам. Шукр, ки аз ҳунари интихобкардаам кам нашудам. Овоне, ки бачаи хурд будем, ин хел шароит набуд. Бобоям ва падарам то нисфи шаб бо кордсозӣ машғул мешуданд. Дукон надоштем, ҳамаи кор дар хона иҷро мешуд. Шогирди аввалинам, додари хурдиам Хайруллоҷон аст. Мо 4 нафар додарон дар паҳлӯйи падар истода ин касбро аз худ кардаем. Ҳоло ҳар кадом дукони худӣ дорем. Маҳсулоти худро ба  давлатҳои хориҷӣ низ содир мекунем. Аниқтараш худи онҳо омада аз дукон харид карда, мебаранд. Харидорон аз Фаронса, Италия, Русия ва ғайра ба маҳсулоти мо иштиёқи баланд доранд. Сайёҳоне, ки дар  фестивали «Иди гулҳо»  иштирок доштанд, низ харидорӣ карданд. Ба наздикӣ аз Ҷопон ҳайате ба хонаамон омаданд. Онҳо бо фаъолияти кории мо шинос шуда, гуфтанд, ки мехоҳанд дар ин соҳа низ муносибатҳои ихтисосонидашударо ба роҳ монанд.   
Оре, рағбат бошад, пешравӣ мешавад. Мо бо маҳсулоти худ дар якчанд озмун иштирок кардем, – хотима намуд усто. 
Дар Чусти қадима ҷавонон ҳунарҳои бобою бобокалонашонро эъзоз мекунанду мунтазам меомӯзанд. Мо як лаҳзаи ин анъанаро  дар мисоли фаъолияти Одилҷон Каримов мухтасар ҳикоя кардем. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: