Дар Кобул мулоқоти васеи ҳайатҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон баргузор шуд. Аз ҷониби Ӯзбекистон муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов ва аз ҷониби Афғонистон – муовини роҳбари Ҳукумати муваққати Афғонистон Абдулғанӣ Бародар сарварӣ карданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба рӯзномаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Афғонистон дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, нақлиёт ва логистика, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ табодули назар карданд.
Ҷониби Афғонистон дар бораи тадбирҳои ҷиҳати таъмини амният дар кишвар андешидашуда, барқарорсозии иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ, инчунин мубориза бо фасод маълумот дод.
Ба густариши ҳамкорӣ дар самти иҷрои сохтмони роҳи оҳани трансафғонистонии “Термиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар” таваҷҷуҳи хоса дода шуд. Ҷонибҳо ҷанбаҳои амалии татбиқи лоиҳаро баррасӣ намуда, омодагии худро барои ҳалли муштараки ҳамаи масъалаҳои мавҷуда изҳор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин имконоти ҷалби ширкатҳои Ӯзбекистон барои штирок дар лоиҳаҳои муштарак оид ба сохтмон ва барқарорсозии инфрасохтор, рушди соҳаи кишоварзӣ ва истихроҷи захираҳои табиӣ баррасӣ шуд. Дар бораи дар ояндаи наздик таҳия ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ӯзбекистону Афғонистон ва корҳои муштарак оид ба татбиқи он мувофиқа ҳосил шуд.
Ҳамчунин мувофиқа шуд, ки ҷонибҳо дар рӯзҳои наздик механизмҳои афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва вусъати транзитро тавассути қаламравҳои ду кишвар таҳия хоҳанд кард.
Зимни мулоқот роҳбарони вазорату идораҳои ду кишвар, дар навбати худ, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар заминаи соҳаҳои алоҳида пешниҳодҳо ба миён гузошта, омодагии худро барои фаъол гардонидани робитаҳои дуҷониба ба манзури суръат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда изҳор намуданд.
Дар поёни чорабинӣ сарони ҳайатҳо бартарияти густариши шарикии дуҷонибаро дар доираи самтҳои баррасишудаи ҳамкорӣ таъкид намуда, қадамҳои минбаъдаро ҷиҳати татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда муайян карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.