ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲО

Имрӯзҳо ҳамкориҳо бо кишвари Русия дар ҳамаи соҳаҳо вусъат меёбанд.

Дар арафаи ташрифи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба ҷумҳурии мо як гурӯҳ намояндагони ҳокимияти вилояти Ҷиззах бо роҳбарии муовини ҳокими вилоят У.Эгамов баҳри шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба вилояти Ростов ва кишвари Краснодари Русия сафар карда буданд.
Онҳо бо ҷонишини губернатори вилояти Ростов Ю.Молодченко вохӯрданд ва миёни соҳибкорони ду вилоят бизнес-форум ташкил намуданд. Зимни бизнес-форум доир ба ҳамкорӣ намудан дар ҳамаи соҳаҳои барои ҳар ду тараф муфид мубодилаи афкор ба амал омад. Хусусан, ба имзо расидани созишнома дар бораи кушодани «хонаи савдо» дар шаҳри Ростови назди Дон бо ҳамкории ду вилоят воқеаи фараҳбахш ба шумор рафт. Инчунин миёни ҳокимияти вилояти Ҷиззах ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Стройинвест юг» лоиҳаи нав ба имзо расид.
Муовини ҳокими вилоят У.Эгамов бо ҳамроҳонаш дар кишвари Краснодари Русия бо муовини губернатор В.Шветс вохӯрд. Ин вохӯрӣ аз манфиат холӣ набуд. Дар вохӯрӣ меморандум дар бораи истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, пардаҳо ва ғайра ба имзо расид.
Дар вохӯрӣ муаррифии вилояти Ҷиззах оид ба сармоя ва сайёҳӣ ба амал омад. Дар ин тақдимот дар бораи имкониятҳое, ки дар ҷодаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳӣ дар ҳудуди вилояти Ҷиззах мавҷуданд, маълумотҳои таҳлилӣ тақдим гардиданд.
Бояд гуфт, ки айни замон ҳамкориҳо дар ҷодаи таълими халқ низ вусъат меёбанд. Чунончӣ, бо ёрии ҳайати Русия дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 60-уми ноҳияи Зомин ду синфхона таъсис гардид, ки ба амиқ омӯзондани забони русӣ ихтисос ёфтааст.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах» ва «Зоминфарм» давом доранд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: