Чанде қабл ноиб-президенти Ассотсиатсияи ширкатҳо ва операторони сайёҳии Малайзия (АШОСМ) Моҳда Оқил бин Моҳда Юсуф ба Ӯзбекистон ташриф оварда буд.
Бояд гуфт, ки Ассотсиатсияи ширкатҳо ва операторони сайёҳии Малайзия (АШОСМ) соли 1975 созмон дода шудааст. Он имрӯз беш аз 3100 оҷонсӣ ва ширкатҳои Малайзияро муттаҳид сохта, дар беш аз 15 шаҳри кишварҳои ҷаҳон намояндагии худро дорад.
Дар доираи сафари ҳайати Малайзия бо ширкатҳои сайёҳии кишварамон суҳбатҳо анҷом дода шуд. Дар ин суҳбатҳо ҷанбаҳои гуногуни рушди сайёҳии зиёрат дар Ӯзбекистон муҳокима гардиданд. Дар охир доир ба коркарди якҷоя оиди ворид шудани ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ба бозори Малайзия ва иштироки онҳо дар формати «В2В», «В2С» дар намоишгоҳу ярмаркаҳои байналхалқие, ки дар Малайзия баргузор мешаванд, аз ҷумла дар АШОСМ FAIR, аҳду паймон гардид.
Бино ба фикри М. Юсуф, Ӯзбекистон тӯли чанд соли охир ба ҷозибаи сайёҳии худ, тавассути барҳам додани тартиби раводид барои шаҳрвандони Малайзия, беҳсозии низоми бонкӣ ва роҳандозии терминали нави Фурудгоҳи байналхалқии Тошканд, ба таври назаррас афзуд. Вай қайд намуд, ки дар бозори Малайзия талаб ба иқтидори бузурги сайёҳии Ӯзбекистон зиёд аст.
М. Юсуф бо боварӣ изҳор дошт, ки ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон дар ояндаи наздик метавонанд дар бозори хидматҳои сайёҳии Малайзия ҷойи ба худ сазоворро пайдо кунанд.
ОИ «Дунё»,
КУАЛА-ЛУМПУР.