Ҳарчанд дар маросими ифтитоҳи клиникаи хусусии «Дурдонаи Сӯхи бостон» бевосита ширкат карда натавонистам, аммо чанд рӯз баъд бо муассиси он – Амонҷон Фармонов вохӯрдам.
Маълум шуд, ки мутахассисони варзидаи шифохона ва клиникаҳои давлативу хусусӣ аз маркази вилоят ба клиникаи ӯ даъват карда мешаванд ва онҳо бонавбат ба муоинаи беморон машғул мешаванд.
– Шумо худ огаҳ ҳастед, ки беморони зиёди сӯхӣ имкони молии равуо ба маркази вилоятро надоранд. Ба болои дурии роҳи байни Сӯх ва маркази вилоят – шаҳри Фарғона, убури посгоҳҳои марзии Ӯзбекистон ва Қирғизистон шахсони ба ягон беморӣ гирифторшударо бештар азият медиҳад. Барои ҳамин яке аз афзалиятҳои кори клиникаи хусусӣ маҳз аз тарафи мутахассисони варзидаи тиббӣ муоинаву муолиҷаи чунин беморон мебошад, – гуфт Амонҷон Фармонов.
Дарвоқеъ, ҳоло дар қаламрави ноҳия теъдоди клиникаҳои хусусӣ сол аз сол афзоиш меёбад. Қарори Президент Шавкат Мирзиёев аз 1 апрели соли 2017 «Дар бораи чораву тадбирҳои ривоҷ додани сектори хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ» барои таъсиси чунин муассисаҳои хусусии тиббӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
– Мо низ дар партави ҳамин қарор фаъолияти клиникаи хусусии худро ба роҳ мондаем ва он аз соли 2021 барои мардуми ноҳияамон хидмат мерасонад, – гуфт А. Фармонов.
Ӯ баъди хатми Донишкадаи тиббии Андиҷон аввал ба ҳайси пизишки бемориҳои дарунӣ, баъд ба ҳайси мудири поликлиникаи марказии ноҳия, сонӣ ҷонишини мудир ва мудири шуъбаи тандурустии ноҳия фаъолият намуд.
– Бо вуҷуди мушкилиҳову муқовиматҳои гуногун ба он муваффақ шудам, ки клиникаи хусусиро кушоям ва ба муоинаву муолиҷаи беморон машғул шавам. Беҳуда нагуфтаанд: шавқ агар раҳбар шавад, сад мушкил осон мешавад, – мегӯяд шифокор.
– Баъзан дар байни мардум гуфтугузори «Пизишкон танҳо барои манфиати худ клиникаҳои хусусӣ мекушоянд» низ ба гӯш мерасад. Шумо дар қиболи ин гуфтаҳо чӣ вокуниш нишон хоҳед дод?
– Беморе, ки ҳатто як маротиба дар клиникаи мо худро аз муоина гузаронидааст ва ё муолиҷа гирифта, дармон ёфтааст, ҳаргиз ба ин гуфтаҳо бовар нахоҳад кард. Зеро мо тибқи салоҳдиди худ ва бо дарки тамоми масъулият ба муоинаву муолиҷаи беморони худ мепардозем.
Дар акси ҳол мо дар чунин як муддати кӯтоҳ наметавонистем, ки ба теъдоди зиёд бемор қабул кунем.
– Дар ин муддате, ки ба ҳайси раҳбари клиника фаъолият мекунед, чӣ теъдоди беморон аз хидмати он баҳраманд гардиданд?
– Дар давоми ду солу шаш моҳ зиёда аз бист ҳазор бемор қабул ва мавриди муоинаву муолиҷаамон қарор гирифтанд. Аз сабаби дур будани роҳ ҳамеша бо шифохонаҳои вилоят аз наздик ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ташрифи мутахассисони соҳаи касалиҳои дил, асаб, эндокринолог, окулист, уролог, пулмонолог, травматолог аз маркази вилоят ба ноҳияи мо ташкил карда шуд. Зиёда аз даҳ маротиба қабули тарзи ройгони ин мутахассисон ташкил карда шуд ва беш аз 3 ҳазор нафар беморон аз назорати тиббӣ гузаштанд.
– Ин мутахассисонро номбар кардан мумкин?
– Бале, доктори илмҳои тиб, профессор, узви Иттиҳодияи кардиологҳои Аврупо Абдулазиз Раимҷонов, невропатологҳо Саидазиз Сайдалиев ва Нодирбек Қӯшоқов, пизишки окулист Фирӯзахон Абдуллоева аз ин шумор мебошанд.
Бо даъвати ӯ профессор А.Раимҷонов ба 47 хонадон ташриф овард ва ба бемороне, ки имкони ба маркази вилоят рафтан надоранд ва ё аҳволашон вазнин аст, аз муоинаи ройгони тиббӣ гузаронид.
– Дар қарор омадааст, ки бино, объект ва утоқҳои истифоданашуда, махсусан объектҳои давлатии муассисаҳои дар соҳаи тандурустӣ барҳам додашаванда ба воҳидҳои хоҷагидорие, ки ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд, бо арзиши сифр фурӯхта мешаванд. Шумо аз ин имконият истифода бурдед ё...?
– Не, соли 2019 майдони холии ҷои бинои клиникаро аз тариқи ауксион харида гирифтам ва дарҳол корҳои сохтмон шурӯъ гардид. Дар давоми якуним сол корҳои сохтмон ба охир расонида шуд, инчунин утоқҳои биноро ба ҳамин шакле, ки ҳоло ҳаст, бо анҷоми зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз намудем. Албатта, барои ин маблағи калон харҷ карда шуд, – мегӯяд ӯ.
Амонҷон Фармонов соли 1984 мактаби миёнаи рақами 10-умро бо медали тилло хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба Донишкадаи тиббии Андиҷон дохил шуда, бо анҷоми таҳсил дар ординатура ба фаъолият оғоз намудааст. Оҳиста аз пизишки одӣ то дараҷаи сардухтур расидааст.
– Вақте ки дар раъси иттиҳодияи тиббии ноҳия кор мекардед, кадом омилҳо ба фаъолияти шумо халал мерасониданд?
– Ман дар қадами аввал маҷлисбозиҳоро хуш надоштам. Фаъолияти кормандони соҳаи тиб, бо тафовут аз кормандони идораҳои дигар, он хоҳ давлатӣ бошад, хоҳ ғайридавлатӣ, аз барқарор намудани саломатии инсон иборат аст. Баъзан лозим меомад, ки бидуни иҷозаи калонҳо толори маҷлисро тарк кунам, вагарна метавонист саломатии беморе, ки дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон интиқол ёфтааст, ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ шавад.
Дарвоқеъ, шумораи кормандони клиникаи хусусиамон аз 5 нафар иборат аст: чаҳор нафар пизишк ва 1 нафар ба ҳайси ҳамшираи шафқат машғули кор мебошанд.
Тавре ки Амонҷон Фармонов боз тазаккур дод, дар сурати зарурат, аз ҷумла расонидани хидмати фаврии ҷарроҳӣ ё муоинаи беморе, ки ба амрози дил мувоҷеҳ гаштааст, бо кӯшиши дастандаркорони клиника ба ҷои лозима интиқол меёбад. Теъдоди ин гуна беморон то кунун нӯҳ нафарро ташкил мекунад. Бо хушҳолӣ метавон қайд намуд, ки саломатии ин беморон низ баъди ҷарроҳӣ ва муолиҷа хеле беҳтар шудааст.
– Ман аз муаллими нахустинам Кимсанҷон Мирзоев, муаллими химия ва биологияи мактаб Салоҳиддин Ҳакимов, муаллими забони русӣ Шарофиддин Додобоев ва муаллими фани физика Аслонбой Аслонов ва дигарон хеле сипосгузорам. Яке дастамро рост кардааст, дигарон дар омӯхтани забону илмии бароям зарурӣ заҳмат кашидаанд, – иброз медорад ҳамсуҳбати мо.
Падараш Аминҷон Фармонови дуредгар ва модараш апаи Майрамхон ҳамеша дар ҳақи ӯ дуогӯй ҳастанд. Вай як бародару се хоҳар дорад. Бо завҷааш – Фаризахон соҳиби як писару чаҳор духтар ва ёздаҳ набера мебошанд. Барои хидматҳояш дар соҳаи беҳбуди саломатии мардум бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва ташаккурномаҳои зиёд сарфароз гардидааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.