Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 декабр бо бунёдкориҳое, ки дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд амалӣ мешаванд, шинос шуд
Бо ташаббуси роҳбари давлати мо солҳои охир дар қисмати шаҳри кӯҳнаи пойтахт корҳои азими созандагӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон, хонаҳои баландошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ, ки нафақат симои қисмати куҳнаи Тошканд – Шаҳри куҳнаро дигаргун мекунанд, балки пойтахтро ба шаҳри диданӣ табдил медиҳанд, бунёд гардиданд.
Ҳамчун нишони эҳтиром ба хотираи асосгузори мактаби романнависии ӯзбек Абдулло Қодирӣ ва баҳри бузургдошти саҳми азими ӯ дар рушди адабиёти миллӣ бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар шафати боғи маданият ва истироҳати пойтахт, ки номи ин нависандаи бузургро дорад, мактаби эҷодӣ ва осорхонаи ӯ бино ёфтанд. Дар даромадгоҳи боғ пайкараи маорифпарвари бузург гузошта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи Соли нав аз мактаби эҷодии ба номи Абдулло Қодирӣ ва осорхонаи ӯ боздид ба амал овард.
Роҳбари давлат дар маросими кушоиши пайкараи нависанда иштирок намуда, ба пояи он гул гузошт.
Алҳол Ӯзбекистон ба давраи нави рушди худ, ки ба ғояи афзалиятноки «Аз эҳёи миллӣ – ба пешрафти миллӣ» асос мекунад, ворид гардид. Ба баланд бардоштани нақш ва мақоми забони ӯзбекӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои маънавии ҷомеа ба шумор меравад, эътибори махсус дода мешавад.
Ба мақсади гиромидошти забони модарӣ ва адабиёти миллӣ, барои ба насли ҷавон расонда додани мероси ғановатманди он мактабҳои эҷодии ба номи нависандагон ва шоирони барҷаста ташкил меёбанд. Мактабҳои эҷодии ба номҳои Муҳаммад Ризо Огоҳӣ, Исҳоқхон Ибрат, Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Ибройим Юсупов, Ҳалима Худойбердиева, Муҳаммад Юсуф аз ин ҷумла мебошанд.
Ба мақсади ошкор кардани ҷавонони соҳибистеъдод, баланд бардоштани кор бино бар таълим ва тарбия дар давраи нав мувофиқи фармони роҳбари давлат аз 9 сентябри соли равон дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Оҷонсии оид ба рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус таъсис ёфт.
Мактаби эҷодии ба номи Абдулло Қодирӣ ба омӯзиши амиқи забон ва адабиёти ӯзбек, асрори эҷодиёти бадеӣ тахассус дорад.
Муассисаи мазкури таълимӣ мувофиқи фармоишоти Девони Вазирон аз 3 декабри соли 2018-ум ташкил шуд. Барои таълим дар синфҳои 5-8-уми мактаб дар соли таҳсили 2019/2020 дар пояи имтиҳони эҷодӣ ва санҷишҳои тестӣ 121 нафар номзад баргузида шуданд, аз ҷумла толибаи синфи 5-ум, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони наврас» Зилола Шомуродова қабул гардид.
Дар мактаби дуошёна барои таълим ва тарбияи хонандагон тамоми шароитҳо фароҳам мебошанд: синфхонаҳои рӯшану фарох, хонаҳои фаннӣ бо технологияҳои замонавӣ ва воситаҳои таълим муҷаҳҳаз карда шудаанд. Дар ин ҷо ҳамчунин китобхонаи дорои хазинаи сарватманди адабиёти бадеӣ, толорҳои кушода ва пӯшидаи варзишӣ, сексияҳо, ки барои мустаҳкам кардани саломатии толибилмон тамоми имкониятҳоро доро мебошанд, амал мекунанд.
Президент Шавкат Мирзиёев бо шароитҳое, ки дар ин ҷо муҳайё гардидаанд, шинос шуд, бо омӯзгорон ва шогирдони онҳо ҳамсуҳбат гардид.
– Хонандагони мактаби эҷодии ба номи Абдулло Қодирӣ ояндаи Ӯзбекистони навро бунёд мекунанд. Тамоми муассисаҳои таълими ҳамагонӣ бояд дар масъалаи маънавият ва маърифат аз ин мактаб ибрат бигиранд. Зеро ин бачагон Ватанро аз таҳти дил дӯст медоранд. Мо мақсад гузоштем, ки дар мактабҳои эҷодӣ ватандӯстонро тарбия кунем, – гуфт Президент.
Дар муассисаи мазкури таълимӣ маҳфилҳое чун «Ворисони Қодирӣ», «Адабиётдӯстони ҷавон», «Журналистони ҷавон», машғулиятҳои факултативии «Қироати хуб», «Санъати наттоқӣ» ташкил карда шудаанд. Чорабиниҳои маърифатӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Абдулло Қодирӣ мунтазам гузаронида мешаванд.
Роҳбари давлат зарурияти дар мактаб баргузор кардани сабақҳои олимон, шоиру нависандагони шинохта, дарсҳо дар пояи услубҳои замонавиро таъкид кард. Хонандагони соҳибистеъдод ғайр аз машғулиятҳо, бояд дар донишгоҳҳо таҷриба омӯзанд, гуфт Президент. Бобати барои хонандагон ташкил кардани сафарҳо ба шаҳрҳои таърихии мамлакат, то ки онҳо таърихи онро дақиқ донанд, супоришҳо дода шуданд.
– Бовар дорам, ки мактаби мазкур дӯстдорони ҳақиқии Ватан, наслеро, ки иртиботи худро бо халқ хуб дарк мекунанд, ба воя мерасонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Тавре ки маълум аст соли равон 125-солагии Абдулло Қодирӣ васеъ қайд гардид. Чорабиниҳои ёдбуд дар мактаби эҷодие, ки ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст, низ дар муҳити махсус гузашт.
Ин чорабиниҳо идома доранд. Хонае, ки Қодирӣ зисту зиндагӣ ва эҷод кардааст, ба осорхона табдил дода шуд. Дар даромадгоҳи Боғи маданият ва истироҳати ба номи Абдулло Қодирӣ осорхонаи нависанда бунёд гардид. Дар бинои мазкур китобхонаи «Турон» низ ҷойгузин шуд. Бунёди осорхона нафақат пасовандони адиби машҳур, балки тамоми ҷомеаи адабӣ, арбобони маънавият, кулли халқи моро хурсанд кард.
Президент бо шароитҳое, ки дар осорхона ва китобхона фароҳам оварда шудаанд, шинос гардид.
Ҳикмати Абдулло Қодирӣ даромадгоҳи осорхонаро зинат медиҳад. Дар паҳлӯи чапи он маълумот дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти нависанда, экспонатҳои даврони таъқиб, ҳамчунин иншооте, ки ҳурмату эҳтиромро ба адиби машҳур дар солҳои истиқлолият инъикос менамоянд, ҷойгузин шудаанд. Дар монитори бузург зиёраткунандагон метавонанд филмҳои бинобар асарҳои адиб офарида шуда, аз ҷумла «Рӯзҳои гузашта» ва «Гаждум аз меҳроб» ва ғайраро тамошо кунанд.
Китобхонаи «Турон» дар ибтидои асри гузашта аз ҷониби маорифпарварони ҷадид таъсис ёфта буд. Бо ташаббуси роҳбари давлат китобхонаро ба ҷойи аввалаи худ – Шаҳри куҳна оварданд. Дар китобхона барои хонандагон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам мебошанд, толорҳои қироат бо компутерҳои замонавӣ, Wi-Fi, дастгоҳҳои нусхабардорӣ муҷаҳҳазанд. Дар ин ҷо ҳамчунин толори махсус барои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд, барои нобиноён китобҳо бо ҳуруфи Брайл мавҷуданд.
Роҳбари давлат зарурияти васеъ ҷалб намудани ҳамватанони моро ба китобхонаи дорои бунёди тақрибан 400 ҳазор адад китоб, бо ин мақсад дар ин ҷо ба роҳ мондани сафари сокинони маҳаллаҳои пойтахт ва толибилмони мактабҳоро зикр кард, умуман тавре бояд кард, ки ҳаёт дар ин ҷо биҷӯшад, – гуфт ӯ.
– Баъди табдил кардани ҷойи худ китобхонаи «Турон» аз эътибор соқит монда буд. Алҳол онро боз ба Шаҳри куҳна баргардонданд, ки нишони эҳтиром ба хотираи ҷадидон ба шумор меравад. Дар даврони гузашта гузаштагони бузурги мо – Фитрат, Чулпон, Абдулло Қодирӣ, Мунаввар Қорӣ хонаҳои зебо насохтаанд, сарват ҷамъ накардаанд, балки бо маблағҳои ба меҳнати душвор ғункардаашон китобхона бунёд кардаанд. Фикр мекунам, агар гӯем, ки онҳо баъд аз худ ганҷинаи бебаҳо гузоштаанд, ҳақиқат аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷараёни суҳбат бо нависандагону шоирон, олимони адабиётшинос, мунақидони ҷавон роҳбари давлат таъкид намуд, ки дар Шаҳри куҳна, ки гувоҳи бисёр воқеаву ҳодисаҳо буд, бунёд кардани мактаби эҷодии ба номи Абдулло Қодирӣ, осорхонаи ӯ ва китобхона шаҳодати он мебошад, ки ба ин мавзеъ ободонӣ бармегардад, маънавият эҳё мешавад.
– Соли сипаришудаистода дар таърих ҳамчун соли аз комёбиҳо ғании мамлакат ва халқи мо боқӣ хоҳад монд. Мо корҳои азими ободониро татбиқ менамоем ва дар доираи он ба бунёди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус оғоз намудем. Бо ин дар мамлакат асоси даврони эҳё (ренесанс)-и сеюмро гузоштем. Мақсади вохӯрии кунунии мо баррасии бештари эътибор ба адабиёт ва маънавият мебошад. Медонед: аз ҳама муҳимаш бидуни адабиёт на иқтисодиёт мешавад ва на маънавият буда метавонад. Ягон сарват бидуни китоб, дониш, маънавият наметавонад абадӣ бошад. Бачагоне, ки дар мактабҳои эҷодӣ таълим мегиранд, ҳеҷ гоҳ ба Ватан, ба оила хиёнат намекунанд. Аз ин нуқтаи назар ин муассисаҳои таълимӣ асоси тарбияи ватандӯстонаи ҷавононе мегарданд, ки миллат, адабиёт, маънавияти моро шуҳратёр хоҳанд кард, гуфт Президент.
Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки Ӯзбекистон ба даврони нави рушди худ ворид гардид, кишвари мо роҳи дурусти худро баргузид ва аз он ҳеҷ гоҳ рӯ наметобад, тӯли се соли охир эътибор ба адабиёт, ба маънавият бештар шуд, ки ин халқи моро рӯҳбаланд мекунад. Ҳам нависандагону ҳам шоирон бояд пуштбони давлат бошанд ва бо эҷодиёти худ ҷавононро аз пайи худ ба истиқболи дигаргуниҳои азими мамлакат бубаранд.
Раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, шоири халқӣ Маҳмуд Тоир, адабиётшиносон Наим Каримов, Иброҳим Ғафуров, набераи нависанда Хондамир Қодирӣ ва дигарон таъкид намуданд, ки дар солҳои таъқиб Абдулло Қодирӣ мардиву ҷасорат зоҳир кард, ба халқи мо мероси бебаҳо гузошт, вале то имрӯз ба ин мероси ғановатманд ва хотираи нависанда эътибори зарурӣ дода нашуда буд. Онҳо ҳамчунин иброз доштанд, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ба истифода супурда шудани маҷмӯи комил, ки дар худ мактаби эҷодии ба номи Абдулло Қодирӣ ва осорхонаро муттаҳид намудааст, дар ҳаёти маънавиву маърифатии мамлакат воқеаи муҳим, барои халқи мо туҳфаи арзанда шуд, онҳо ба роҳбари давлат барои ин миннатдорӣ баён карданд.
Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарфармондеҳи Олии Нирӯҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев аз Донишкадаи ҳарбии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва алоқа, ҳамчунин қисми ҳарбии воқеъ дар ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд боздид ба амал овард.
Мувофиқи фармоишоти роҳбари давлат Донишкадаи ҳарбии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва алоқа, ҳамчунин қисми ҳарбӣ барҳам дода ва ба шаҳраки нави замонавии ҳарбӣ кӯчонида шуданд.
Президент бо шароитҳое, ки дар ин ҷо муҳайё карда шудаанд, ҷараёни таълиму тарбия, муҷаҳҳазнокии он бо воситаҳои замонавии таълим, аз ҷумла дараҷаи ҷорӣ шудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ шинос гардид.
Мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 17 январи соли 2019 ба мақсади минбаъд такмил додани низоми тайёркунии кадрҳои соҳибихтисоси афсарӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва алоқа Факултаи махсуси Донигшгоҳи технологияҳои иттилоотии ба номи Муҳаммад ал-Хоразмии Тошканд ба Донишкадаи ҳарбии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва алоқа табдил дода шуд.
Дар донишкадаи ҳарбӣ бинобар шаш самт кадрҳои афсарӣ тайёр карда мешаванд. Кори даҳ кафедра ва факултаи такмили ихтисос ба роҳ монда шудааст. Лабораторияҳо бо таҷҳизоти замонавитарин таъмин мебошанд. Дар ин ҷо ошхона барои 700 нафар, толори пӯшидаи варзишӣ барои машғулиятҳо бино бар 14 намуди варзиш амал мекунанд. Курсантҳо ба донишкада аз ҷумлаи донишҷӯёни соҳибистеъдоди мактабҳои олии техникӣ баргузида мешаванд.
Дар ҷараёни сафар бо хидматчиёни ҳарбӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо, Академияи илмҳо, ректорони мактабҳои олии пешқадами техникӣ суҳбат баргузор шуд. Чораҳои навбатӣ бинобар рушди таълими ҳарбӣ, таъмин кардани ҳамкориҳои тарафайн бобати ба роҳ мондани низоми баргузинӣ ва тайёркунии мутахассисони алоқаҳои ҳарбӣ муҳокима гардиданд.
Қайд шуд, ки дар асри иттилоот мубодилаи зудамали иттилоотӣ, бахусус барои ҳарбиён аҳамияти бузург дорад, бояд низоми мазкур бо технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ таъмин бошад, бинобар тайёркунии мутахассисони соҳибихтисос бобати алоқаи бехатар корҳои мунтазам гузаронида шаванд.
– Мо алҳол натиҷаҳои аввалини кори соле пеш оғознамудаи худро бино бар рушди соҳаи алоқа мушоҳида мекунем, – гуфт роҳбари давлат. – Аввалин донишкадаи алоқа таъсис ёфт. Ҷойгузинии он дар як мавзеъ бо қисми ҳарбӣ ба курсантҳо баҳри омӯхтани ҳам назария ва ҳам амалия кӯмак мерасонад. Акнун бояд ба сифати таълим эътибор дода шавад.
Ба роҳбари давлат дар бораи корҳои бинокорие, ки дар қисми ҳарбӣ амалӣ мешаванд, лоиҳаҳо оид ба бозсозии шабакаҳои алоқа дар низоми мудофиа, ҷараёни автоматикикунонии равандҳои омодагии ҳарбӣ ва таълимӣ низ маълумот дода шуданд. Президент бо варзишгарони ҳарбӣ, ки шарафи мамлакатро дар мусобиқаҳои бонуфуз сазоворона ҳифз мекунанд, суҳбат кард.
Дар қисми ҳарбӣ Шавкат Мирзиёев бо намунаҳои техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои алоқа шинос шуд.
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
хабарнигорони ӮзА.