Имрӯзҳо Муроҷиатномаи Президентро ба парлумон пиру барно муҳокима намуда, дар бораи муҳимтарин ҷиҳатҳои он фикру мулоҳизаи хешро иброз менамоянд.
Имрӯзҳо Муроҷиатномаи Президентро ба парлумон пиру барно муҳокима намуда, дар бораи муҳимтарин ҷиҳатҳои он фикру мулоҳизаи хешро иброз менамоянд. Дар Муроҷиатнома ба ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ эътибор нигаронида шудааст.
Алалхусус инкишоф додани имкониятҳои зеҳнии ҷавонон, ба кори доимӣ бандкунии бонувон, баланд бардоштани обрӯву эътибори омӯзгорон дар ҷомеа, оммавӣ гардондани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳар чӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои таълими томактабӣ, озодии сухан, ободии маҳаллаҳо, ислоҳоти соҳаи суду ҳуқуқ ва ҳоказо дар Муроҷиатнома мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.
Тавре ки дар он таъкид мегардад, соли 2020 аз ҳар нигоҳ барои халқи мо мушкил омад. Пандемия аҳли оламро ба ташвиш андохт. Низоми рушди иқтисодиёт халал ёфт. Натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки саросари ҷаҳон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт.
Бо вуҷуди ин халқи мо бо сабру таҳаммул ин ҳама мушкилиҳоро паси сар мекунад. Аз Муроҷиатнома мехонем: «Дар доираи ҳаракати миллии «Саховат ва дастгирӣ» бо иштироки фаъолонаи ҳамватанони ҳимматбаландамон беш аз 800 оилаи камтаъмин мадади моддиро дар миқдори беш аз 1 триллион сӯм ба даст овард».
Ҳукумати ҷумҳурӣ ғами ҳамватанони берун аз кишварро низ хӯрд. Пасу пеш онҳоро ба Ватан баргардонданд. «Ба мамлакат беш аз 600 ҳазор нафар ҳамватанон баргардонида шуданд. Қариб ба 100 ҳазор нафар шаҳрвандонамон, ки дар хориҷ дар вазъияти мураккаби ҳаёт қарор гирифтанд, кӯмак ташкил карда шуд», – омадааст дар Муроҷиатнома.
Барои истеҳсол ва захира кардани маҳсулоти мавриди ниёз дар хоҷагии қишлоқ корҳо қатъ наёфтанд. Кишоварзони ҷумҳурӣ ба қоидаҳои карантин амал намуда, маҳсулоти асосиро расонида доданд.
«Соли ҷорӣ 91 ҳазор гектар замин дубора ба кор андохта шуд. Технологияи сарфакунандаи об дар 133 ҳазор гектар замин татбиқ гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд аст».
Чуноне ки дар Муроҷиатнома зикр гардидааст: «Соли 2020 бемуҳобот дар соҳаи ҳимояи иҷтимоӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд овард». Оре, дар соли 2020 аз кӯмаки иҷтимоӣ ду баробар зиёд аҳолӣ баҳраманд шудааст.
Бандаро баробари ин гуна масъалаҳои муҳим нигоҳи тозаи сарвари давлат, ки ба мактабу таълими халқ дорад, бештар ба худ мекашад. Ин нукта хеле муҳим аст, ки агар пойдевори таълиму тарбия боғча бошад, пас то соли 2023 75 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба боғчаҳо фаро гирифта мешаванд. Муассисаҳои таълими томактабии хусусӣ низ меафзояд. Яъне, саҳми бахши хусусӣ дар ин самт то 25 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.
Президент дар бораи муҳимияти сифати таълими мактабӣ сухан ронда, ғояи неки «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз системаи таълиму тарбия шурӯъ мешавад»-ро пеши ҳамагон вазифа мегузорад ва дар ҷое мегӯяд: «Сифати таълими мактабӣ ҳам дар пойтахт ва ҳам дар деҳоти дурдаст бояд баланд бошад. Бо ин мақсад, бояд барномаи махсуси бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мактабҳои ноҳияҳои дурдаст ва баланд бардоштани сифати таълим амалӣ карда шавад...»
Дарҳақиқат, ҳар як фарде, ки ба ояндаи диёр ва тақдири фарзандони худ бефарқ нест, ин нуқтаҳоро аз худ мекунад, барои иҷрои он кӯмак мерасонад.
Модоме ки тамоми диққату эътибор барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор равона карда шудааст, яъне: «касби омӯзгорӣ дар ҷомеа бояд бонуфузтарин ва муътабартарин гардад» пас омӯзгорон ҳам бояд барои таълими хушсифат, такмил додани дониши худ кӯшиш ба харҷ диҳанд...
Муроҷиатнома саршор аз ҳадафҳои нек, вазифаҳои таъхирнопазир мебошад. Иҷрои онҳо аз ҳар як кас масъулият металабад.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».