ҲАФТ ПИР

ХОҶА АБДУХОЛИҚИ ҒИЖДУВОНӢ (1103-1179)–ПОЯГУЗОРИ ТАРИҚАТ

Хоҷа Абдухолиқ ибни Абдулҷамили Ғиждувонӣ – яке аз чеҳраҳои барҷастаи олами тасаввуф, мулаққаб бо «Хоҷаи ҷаҳон», поягузори тариқати хоҷагон маҳсуб мешавад. Имрӯз низ аҳолии маҳаллӣ ба поси хотири ин шайхи бузург гоҳо шаҳри Ғиждувонро «Хоҷаи ҷаҳон» меноманд. Хоҷаи ҷаҳон соли 1103 дар Ғиждувони Бухоро таваллуд ёфта, дар ҳамин ҷо соли 1179 аз дунё чашм пӯшидааст. Қабраш низ дар ин ҷост. Ӯ сарҳалқаи силсилаи тариқати хоҷагон – нақшбандия мебошад. Бино ба маълумоти «Зикри воқеоти Хоҷаи ҷаҳон – Абдухолиқи Ғиждувонӣ» (соли 1117 рӯнавис шудааст) Абдухолиқ дар синни 9 Қуръонро аз бар намуда,  дар маросимҳои зикр фаъол иштирок мекард, тафсири Қуръонро аз устодаш – Имом Садриддин омӯхтааст. Абдухолиқ вақте 22 сол дошт, муриди Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ, ки аз Ҳамадони Эрон ба Бухоро омада бо тарғиби тасаввуф машғул буд, мегардад. Сипас, то поёни умр ба хидмати тасаввуф камар мебандад. Абдухолиқи Ғиждувонӣ бо номи «Рисолаи соҳибия», «Мақсад ас-соликин», «Маслак-ул-орифин», «Мақомоти Юсуфи Ҳамадонӣ», «Одоби тариқат» 5 асар офаридааст, ки мавзӯи назария ва амалияи тасаввуфро дар бар мегиранд. Муридони зиёдеро тарбия кард, дар роҳи тазкияи рӯҳ ба дараҷаҳои баланд расид.
Абдухолиқи Ғиждувонӣ ба 4 рашҳаи дарамалбудаи зикр, ки Юсуфи Ҳамадонӣ ҷорӣ карда буд, 4 рашҳаи дигар («Ёдкард», «Бозгашт», «Нигоҳдошт», «Ёддошт») илова намуда, теъдоди онҳоро ба 8-то расонд. Бад-ин тариқ, ӯ тариқати нави хоҷагонро аз ҷиҳати назарӣ асоснок кард ва ба амал ҷорӣ намуд.
Ғиждувонӣ дар таърихи тасаввуф ба тариқати охирин ва мукаммалтарин ҳусни оғоз бахшид. Дар қарни XIV Баҳоуддини Нақшбанд тариқати мазкурро такмил дод, ки бо номи «Нақшбандия» машҳур гашт.

Мадрасаи Ғиждувон ба шарафи кӣ бунёд гардидааст?

Қабри Ғиждувонӣ дар Ғиждувон аст. Мирзо Улуғбек барои поси хотири ин инсони шариф соли 1433 дар самти қиблаи қабри ӯ масҷиде созонда буд. Ба муносибати 915-умин солгарди зодрӯзи Ғиждувонӣ дар ин мавзеъ тибқи анъанаҳои қадимӣ маҷмаае қад афрохт.

Ҳалқаи даҳум

Гарчи силсилаи заррин аз паёмбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) шурӯъ гардида, Ғиждувонӣ ҳалқаи даҳум маҳсуб мешавад, ба эҳтироме сазовор гардид, ки сарҳалқаи тариқати хоҷагон – нақшбандия дошт.
4 декабри соли 2002 қарори Девони Вазирон «Дар бораи таҷлили 900-умин солгарди зодрӯзи Абдухолиқи Ғиждувонӣ» доир гардид. 27 ноябри соли 2003 дар Бухоро 900-умин солгарди таваллуди Ғиждувонӣ бо иштироки ЮНЕСКО дар сатҳи баланд баргузор шуд. Бозоре, ки дар назди қабри ӯ буд, ба канори шаҳр кӯчонда шуда, он манзил ба зиёратгоҳ табдил ёфт. Мадрасаи Мирзо Улуғбек, ки дар шафати қабри ӯ қад афрохта буд, таъмир карда шуд. Имрӯз одамон ба ин ҷо аз гӯшаву канори гуногуни дунё барои зиёрат меоянд.
Маросими мутантане, ки ба 900-умин солгарди зодрӯзи Ғиждувонӣ бахшида шуда буд, дар маҷмааи ёдгории Баҳоуддини Нақшбанд сурат гирифт. Дар шаҳри Бухоро доир ба мавзӯи «Абдухолиқи Ғиждувонӣ ва тасаввуф» конфронси илмӣ низ баргузор шуд.

Зикри хуфияро омӯзонд?

Ғиждувонӣ, пас аз ҳамаҷониба такмил додани таълимоти Ҳамадонӣ, ба амалиёти тасаввуф зикри хуфияро ворид намуд. Дар тасаввуф зикр, яъне тибқи тартибу қоидаҳои муайян зикри номҳои Худо, амалиёти муҳим маҳсуб мешавад. Дар баъзе тариқатҳо, мисолан, дар тариқати Яссавия аксарият ҳангоми зикр садо баланд мекунанд, дар Мавлавия рақси самоъ, яъне анъанаи садо баланд кардан ва рақсидан бартарият дорад. Дар тариқати хоҷагон зикри хуфия, яъне зикри бесадо — пинҳонӣ ҷорист.
Дар манбаъҳо оварда шудааст, ки зикри хуфияро ба Ғиждувонӣ Хоҷаи Хизр (а.) омӯхтааст. Бино ба фикри Навоӣ Хизр (а.) ба Ғиждувонӣ фармудааст, ки дар оби ҳавз фурӯ рафта гӯяд (зикр кунад): «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммад-ур-расуллулоҳ». Умуман, ошкор накардани ҳолатҳои авлиёӣ ва фурӯтанӣ роҳу тариқати интихобнамудаи Ғиждувонӣ буд. Ҳол он ки дар ӯ дараҷаи авлиёӣ ба он андоза баланд буд, ки ба қавли Навоӣ: «Ҳар боре, ки намоз мегузошт, ба Каъба рафтаву бармегашт».

Авлиёе, ки қалбро «мехонд»

Навоӣ дар тақвияти Ҷомӣ аз кароматҳои дигари ин авлиё низ сухан ба миён меоварад, ки яке ин аст: Шайх дар ҷамоае доир ба маърифат маърӯза мехонд. Ин ҳангом ҷавоне дар либоси зоҳидӣ, яъне хирқапӯше, ки дар китф ҷойнамоз дошт, омада дар гӯшае менишинад. Шайх мутаваҷҷеҳи ӯ мегардад. Ин ҳангом ҷавон ба Шайх суол мекунад: «Аз фаросати муъмин биҳаросед, зеро ӯ бо нури Худои азза ва ҷалла нигоҳ мекунад».
Дар он рӯзгор номусалмонҳо барои он ки намояндаи дини дигар буданашон ошкор гардад, ба миён зуннор (ришта) мебастанд. Ба суоли ҷавони ноошно Ғиждувонӣ аз рӯйи фаросат посух медиҳад: «Сирри ҳадиси мазкур ин аст, ки аз баҳри риштаи миёнат баромада, имон меоварӣ». Ҷавон аз каромати Шайх мутаҳаййир гардида, филфавр риштаи миёнашро мебурад ва имон меоварад.

Дуои кӣ мустаҷоб гардад?

Шахсе бо умед аз Ғиждувонӣ дархост менамояд: «Моро чунон дуо кунед, ки аз доми шайтон бираҳем». Агар ба ҷойи Ғиждувонӣ як дуохони одӣ мебуд, дар дил: «Аз ман чӣ рафтааст» мегуфту дуо мекард. Вале Ғиждувонӣ ба ӯ гуфт: «Оне, ки фарзҳоро адо кард, дуояш мустаҷоб мегардад. Ту фарзҳоро адо кун ва моро бо некӣ ба ёд овар. Мо низ баъди адои фарзҳо, туро дуо мекунем. Дар он сурат дуои ҳар дуямон мустаҷоб гардад».

Мансури Ҳаллоҷ ва дор 

Навоӣ дар бораи ин шайхи бузург навиштааст: «Равиши эшон дар тариқат ҳуҷҷат аст. Мақбули ҳамаи форуқон (ҳақро аз ботил ҷудокунандагон) бошад». Зеро Ғиждувонӣ барои муридону дарвешон маҷмӯи қоидаҳои ахлоқу одобро танзим кард, тасаввуфро ба эътидол овард, бо сиёсату дини расмӣ оштӣ дод, моҳияти ҳаётии онро кушод. Вақте Хоҷа Алии Рометанӣ гуфта буд: «Агар дар рӯйи замин яке аз фарзандони (шогирд) Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ мебуд, Мансури Ҳаллоҷ ҳеч гоҳ ба зери дор намерафт», айнан тасаввуфро ба эътидол овардани шайхро дар назар дошт. Зеро ба Ҳаллоҷ барои он ки «Ана-л-Ҳақ» – «Ман Худоям» гуфт, ҷазо доданд. Ӯ ин суханро ба халқ ошкоро гуфт, шайхони нақшбандия низ дар ҳамин фикр буданд, аммо онҳо инро ошкор накардаанд.

«Кам гӯ, кам бихӯр ва кам бихоб»

Фахриддин Алии Сафӣ (қарни XIV) дар рисолаи худ «Рашаҳот айн-ул-ҳаёт» овардааст, ки Ғиждувонӣ ба писараш чунин гуфт: «...Барои илму маърифат, ахлоқу одоб ва тақво ҳамеша саъю кӯшиш ба харҷ деҳ; саривақт намоз гузор, вале аз имомию муаззинӣ даст каш; баъди худ асари гаронбаҳо ба ёдгор гузор; ба мулозимати аҳли суннату ҷамоат кӯшиш намо; илмҳои фиқҳу ҳадисро муттасил биомӯз; ҳаргиз шуҳратталаб набош, зеро шуҳратталабӣ муҷиби офат аст; муқайяд ба мансаб нашав, ҳамеша саъй бикун, ки хоксор бошӣ; хонақоҳ масоз ва дар хонақоҳҳо зиндагӣ накун; кам гӯ, кам бихӯр ва кам бихоб; дар хилвати худ бош, ҳамеша ҳалолу пок бош, бо ҳаром маёмез; гоҳи ханда садо баланд накун, ки муҷиби харобии қалб бошад; ба ҳар кас бо чашми меҳру шафқат нигар, ҳеч касро паст мазан, таҳқир накун; дар фикри ороиши зоҳир набош, зеро аз ин аъмол ботинат (намои дарунӣ) тира гардад; бо мардум дар муҷодала (баҳсу мунозира) набош; аз касе чизе тамаъ накун; касеро ба хидмат нагузор; ба машоих бо молу ҷонат сидқан хидмат гузор; бо молу дунё ғарра машав, ки дилат ором гирад».
Панду насиҳатҳои шайх оиди одобу ахлоқ, суханони ибратангез ва қонуну қоидаҳои ба тарзи ҳаёт табдилёфтаи ӯ дертар барои дарвешоне, ки ба сулуки нақшбандия пайвастанд, мизони асосӣ гардид.
Дар шеърҳои Ғиждувонӣ низ қоидаҳои тариқат инъикос ёфтаанд:
Дари хилват банду дари 
суҳбатро кушой,
Дари шайхиро банду дари 
ёриро кушой.

Саодати ду олам

Шиори маълуму машҳур ва пурмаънии тариқати хоҷагон – нақшбандия – «Дил ба ёру даст ба кор»-ро низ бори нахуст Ғиждувонӣ ба миён гузоштааст. Рашҳаҳои дигари тариқат, яъне қоидаҳои ҳаётӣ низ такя ба ин шиор доранд. Бад-ин тариқ, шурӯъ аз таъриқати хоҷагон дар таърихи тасаввуф гардиши куллӣ рӯй дод. Минбаъд дар тасаввуф ин натиҷагирӣ, ки инсон метавонад дар роҳи расидан ба Ҳақ ба дараҷаи камолот бирасад, барои ин аз баҳри лаззатҳои ҳалоле, ки Ҳақ арзонӣ доштааст, баромадан – тарки дунё кардан шарт нест, баръакс инсон бояд як умр некӣ кунад, бо бунёдкорӣ машғул гардад, аз худ нақше бигузорад, доман густурд.

Султонмурод ОЛИМ,
адабиётшинос, Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: