Ҳафт пир (Пири ҳафтум) ХОҶА БАҲОУДДИНИ НАҚШБАНД

ИСМ, ЛАҚАБ, НИСБА ВА ШАҶАРА

Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд яке аз авлиёи машҳури олами ислом ва поягузори тариқати нақшбандия мебошад. Халқ ба ӯ бо номҳои «Баҳоуддин», «Хоҷа Баҳоуддин», «Баҳоуддини Балогардон», «Балогардон», «Хоҷаи бузург», «Шоҳи Нақшбанд» арҷ гузоштааст.
Номи аслиаш – Муҳаммад. Падарашро ҳам ном Муҳаммад буда, дар баъзе манбаъҳо омадааст, ки бобояш низ Муҳаммад ном дошт. Падараш аз авлоди сайидҳост. Шаҷарааш ба авлоди пайғамбар (с.а.в.) – Имом Ҷаъфари Содиқ мепайвандад. Насабаш аз ҷониби модар иртибот ба ҳазрати Абубакри Сиддиқ дорад. 
Аз он ки аз авлоди хоҷаҳост ба номаш калимаи хоҷа илова шудааст. Ба сабаби он ки дар ҷавонӣ ба газвор нақш меандохт, бо лақаби Нақшбанд машҳур шуда буд. Дар он рӯзгор ба онҳое, ки ба газвору қолӣ нақш меандохтанд, лақаби нақшбандро медоданд. Вожаи «Баҳоуддин» ба маънии «баҳои дин» аст. Ин унвони фахриест, ки дертар ба Хоҷаи Нақшбанд дода шудааст. Дар баъзе манбаъҳо дар шакли «Баҳо-ул-Ҳаққи ва-л-миллати ва-д-дин», яъне «Ҳақ таоло, нури миллат ва дин» низ омадааст. 

ТАВАЛЛУД

Баҳоуддини Нақшбанд моҳи марти соли 1318 дар деҳаи Қасри Ҳиндувони ноҳияи Когони вилояти Бухоро ба дунё омада, соли 1389 ҳиҷрӣ, вақте 71 сол  дошт, ин дунёи рӯшанро падруд гуфтааст. Қасри Ҳиндувон дертар ба шарафи Баҳоуддини Нақшбанд «Қасри Орифон» номида мешавад, имрӯз низ ин ном мондааст. Дар мақолаи шашум, дар мавриди Башорати Бобои  Самосӣ ин нукта ёдрас шудааст. 
Вожаи орифон ба маънии «сӯфиён», «аҳли тасаввуф» аст.

ПИРҲО 

Нақшбанд дар тӯли умр тарбияи чор пирро гирифтааст. Пири якуми ӯ Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ буд. Пири дуюмаш Амир Сайиди Кулол аст. Амири Кулол, баъди ба ӯ омӯхтани донистаҳои худ, иҷозат медиҳад, ки аз пирони дигар низ илм омӯзад. Пири сеюмаш Қусам Шайх мебошад. Баҳоуддин барои омӯхтани илм ба назди яке аз шайхони машҳури тариқати яссавия Қусам Шайх, ба Нахшаб – Қаршии имрӯза меравад. Се моҳ аз ӯ таълим мегирад. Баҳоуддин муътақиди ин пир буд, дар айни ҳол Қусам Шайх низ ӯро фарзандвор дӯст медошт. Дертар шайх ба туфайли эҳтиром ба ӯ ба Бухоро кӯч мебандад ва то охири умр дар ин ҷо мемонад.
Пири чоруми ӯ Султон Халил ба шумор меравад. Баҳоуддин солҳои 1335-1346/47, яъне дар фосилаи 17-29 солагӣ 12 сол дар хидмати ӯ буда, тарбияашро гирифтааст. 
Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, ӯро рӯҳи Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ низ тарбия кардааст. Рӯҳи авлиёи дар қарнҳои дуру наздик гузашта, агар бо тарбияи муриде машғул шавад, он муридро муриди «увайсӣ» гӯянд.

СИЛСИЛА 

Силсилаи нақшбандия ва яссавия ба Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ мепайвандад. Аз он, ки Нақшбанд аз пирони  ҳар ду тариқат таълим гирифтааст, номи ӯ дар ҳар ду силсила ба забон гирифта мешавад. Силсилаи нақшбандия дар сарчашмаҳо дар шакли «силсилат-уз-заҳаб», яъне силсилаи заррин омадааст. Он бад-ин тарз шакл гирифтааст: Сарвари коинот Муҳаммад (с.а.в. 571-632); Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р.а. 573-634); Ҳазрати Салмони Форсӣ (р.а. 578-657); Ҳазрати Қосим ибни Муҳаммад (р.а. вафоташ – 605); Ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (р.а. 702-765); Султон-ул-орифин Боязиди Бастомӣ (қ.с. вафоташ – 875); Шайх Абулҳасани Харақонӣ (қ.с. 963-1033); Шайх Абуалии Формадӣ (қ.с. 965-1055); Ҳазрати Хоҷа Юсуфӣ Ҳамадонӣ (қ.с. 1049-1141); Ҳазрати Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ – Хоҷаи ҷаҳон (қ.с. 1103-1179); Ҳазрати Хоҷа Орифи Ревгарӣ – Моҳитобон (қ.с. 1166-1263); Ҳазрати Хоҷа Маҳмуди Анҷирфағнавӣ (қ.с. вафоташ – 1286); Ҳазрати Хоҷа Алии Ромитанӣ (қ.с. 1191-1321); Ҳазрати Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ (қ.с. вафоташ – 1335); Ҳазрати Ҳоҷа Сайид Амири Кулол (қ.с. 1281-1370), Ҳазрати Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанди Бухороӣ (қ.с. 1318-1389).
Ҷойгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд дар силсилаи яссавия ба тарзи зер аст: Хоҷа Аҳмади Яссавӣ (вафоташ 1166); Мансур бинни Арслонбобо (вафоташ 1197); Абдулмалики Тоҷхоҷа (вафоташ – 1218); дар мобайн се шайхи номаълум, сипас Халил Ота (вафоташ – 1347); Баҳоуддини Нақшбанд (1318-1389). Нақшбанд тавассути Қусам Шайх низ ба тариқати яссавия мепайвандад.
АВЛОД 

Нақшбандро чаҳор духтару як писар буд. Як духтараш дар овони ҷавонӣ вафот кардааст. Калонӣ Бибӣ Хотуни Калон ном дошт. Ӯ бо писари Алоуддини Аттор — Ҳасани Аттор издивоҷ кардааст ва писарҳое бо номи Юсуфи Аттор ва Муҳаммади Аттор ва чаҳор духтар таваллуд кардааст. Дар «Рашаҳот...» омада, ки Фахриддин Алии Сафӣ аз хато гуфтааст, ки Алоуддини Аттор бо духтари Нақшбанд издивоҷ кардааст. Ин хаторо ҳарчанд муаллифони зиёде ислоҳ кардаанд, то ҳанӯз дар баъзе китобҳо ба чашм мерасад. Духтари дуюмиро ном Бибӣ Робия Хотун буд. Ӯ бо аллома Мавлоно Фазлуллоҳи Найистонӣ издивоҷ кардааст. Духтари хурдиаш Бибихотуни Сарвар ном дошт. Ӯ баъди вафоти падар бо Абулхайри Туркистонӣ издивоҷ кардааст ва фарзандҳоеро бо номи Хоҷа Баҳоуддини Набера, Хоҷа Амири Алӣ ва Хоҷаи Марак ба дунё овардааст. Хоҷа Амири Алӣ низ се писар дошт бо номҳои Мирмуҳаммад, Шайх Зайниддин ва Хоҷа Баҳоуддин. Хоҷа Мирмуҳаммадро низ се писар бо номҳои Хоҷа Мирак, Мирзо Оёқ ва Низомиддин Аҳмад буд. 
Вақте Нақшбанд нахустин бор ба ҳаҷ мерафт, писари ягонааш дар Бухоро вафот мекунад. Шояд фарзанди фавтидаи ӯ дар асл духтар буду дар манбаъҳо аз хато писар қаламдод шудааст. Зеро  фарзанд метавонад духтар низ бошад.
Ҳасанхоҷа Нисории Бухорӣ (вафоташ – 1005/1596) дар китоби худ «Музаккир-ул- аҳбоб» («Ёдномаи дӯстон») аз чанд фарзанди Нақшбанд ёд кардааст. Мирмуҳаммади Нақшбандӣ, Сайид Ҳодии Нақшбандӣ, Сайид Иброҳим ва Хоҷа Ҳасани Нақшбандӣ аз он ҷумлаанд. Дар китоби Бадахшонӣ «Ҷомеъ-ус-салосил» («Маҷмӯи силсилаҳо») омадааст, ки Хоҷа Ҳасани Мазорӣ (асри XVI) низ яке аз фарзандони Баҳоуддини Нақшбанд мебошад. 
Баъзе аз фарзандони Нақшбанд дар Қасри Орифон дафн шудаанд, чанде аз онҳо дар Кобул ва Деҳлӣ ба сар бурда, дар он ҷойҳо вафот кардаанд. 

ЗИЁРАТИ ҲАҶИ 
МУҚАДДАС

Баҳоуддини Нақшбанд ду маротиба ба ҳаҷ рафтааст: бори нахуст соли 1370-уми милодӣ ҳамроҳи падар ва муридони худ, бори дуюм, вақте ҳафтод сол дошт (соли 1388). Дар сафари дуюм ӯро муридаш Хоҷа Муҳаммади Порсо ҳамроҳӣ кардааст.

МЕРОС 

Олимон осори насрӣ – «Ал-аврод», «Далел-ул-ошиқин» ва асари  назмӣ – «Ҳаётнома»-ро, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудаанд, моли Нақшбанд меҳисобанд. Аз онҳо танҳо як қисми «Афрод» ба забони ӯзбекӣ баргардонда шудааст. Рубоиёти ӯ дар таркиби дастнависҳо то ба мо омадаанд. Яке аз он рубоиҳо басе машҳур аст, ки аз ҷониби дарвешон ҳангоми гузоштани намоз хонда мешуд.

БАЙТЕ, КИ ПЕШ АЗ НАМОЗИ ҶАНОЗА ХОНДА ШУДААСТ

Дар «Насоим-ул-муҳаббат...» нуктаи ҷолибе аз забони Нақшбанд оварда шудааст: 
«Яке аз муридони Шайх Абусаиди Абулхайр (асри X) суол кард:
– Пеш аз намози ҷанозаи шумо кадом оятро бихонанд?
Ӯ гуфт: «Оят хондан кори  бузург. Вале ин байтро бихонанд:
Чист аз ин хубтар дар ҳама 
офоқ кор,
Дӯст расад назди дӯст, 
ёр – ба наздики ёр.
Пас аз он Ҳазрати Нақшбанд ба муридони худ чунин васият кард:
«Қабл аз намози ҷанозаи ман ин байтро бихонед:
Муфлисонем омада дар кӯйи ту,
Лавҳашаллоҳ, аз ҷамоли рӯйи ту.

КАРОМАТ ДАР НАЗДИ НАҚШБАНД

Худо авлиёро бо кароматҳояшон бинавозад, ки аз Нақшбанд низ марҳаматашро дареғ надоштааст. Фахриддин Алии Сафӣ дар «Рашаҳот айн-ал-ҳаёт» овардааст, ки Баҳоуддин вақте чаҳор сол дошт, ба модараш гуфт: «Гови мо гӯсолае таваллуд хоҳад кард, ки дар пешонааш аломати ҳилол (моҳи нав) дорад. Тавре ки башорат карда буд, баъди чанд моҳ гов гӯсолае таваллуд мекунад, ки аломати ҳилол дар пешона дошт. 
Дар асл, Баҳоуддинро тарбия кардани рӯҳи Абдухолиқи Ғиждувонӣ низ, ки ду аср қабл ба сар бурдааст, худ як башоратест. 
Одамони одӣ дар ҳамаи замонҳо ба каромати авлиё ҳусни таваҷҷӯҳ доштанд. Навоӣ дар тазкираи «Насоим-ул-муҳаббат...»  овардааст, ки вақте одамон аз Нақшбанд низ каромат хостанд, ӯ гуфт: «Каромати моро ҳоло мебинед». Магар бо ҳамин қадар гуноҳ дар рӯйи Замин зинда мондани мо каромат нест?!» 

ОЁ ЗАМИН БА АНДОЗАИ НОХУН АСТ?

Қалби сӯфӣ ҳар қадар ки Худоро дарк созад, эҳсос хоҳад кард, ки ҳастии халқкардаи ӯ ба он андоза бекарон аст. Бад-ин тариқ, майдони идроки пирони тасаввуф тавсеа меёбад. Вақте ҳастӣ ба ин андоза бепоён аст, дар назди одамони одӣ замин бо он ҳама бузургӣ чӣ вусъате дорад? Шайхон ба ин суол таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд. Пири чаҳоруми тариқати хоҷагон – нақшбандия   Хоҷа Алии Ромитанӣ гуфта будааст: «Замин дар назди авлиё ба андозаи дасторхонест». Ин гуфта ба ду маънист. Маънии якум ин, ки шайхи комил Заминро ба андозаи дасторхоне, ки мебинад, пеши назар овардааст. Маънии дуюм: Замин аз офаридаҳои Худо як зарраест ба андозаи дасторхон. Дар таърихи тасаввуф заминро ба андозаи як кафи даст низ дидаанд. Баҳоуддини Нақшбанд ин фикрро тақвият бахшида гуфтааст: «Замин дар назди мо ба андозаи як нохун аст».

ХАЛИФАҲО – 
ҶОНИШИНОН

Халифа (ҷонишин) омода кардани ҳар як шайхи комил дар он рӯзгор ба анъана табдил ёфта буд. Баҳоуддини Нақшбанд муридони  зиёд дошт. Аммо аз байнашон чаҳор халифа омода кардааст, ки инҳоанд: Алоуддини Аттор (вафоташ 1400); Муҳаммади Порсо (1348-1420); Яъқуби Чархӣ (вафоташ – 1447) ва Алоуддини Ғиждувонӣ (вафоташ – 1448).
Баъди вафоти Баҳоуддини Нақшбанд Алоуддини Аттор ба сифати пири иршодгар шуҳрат пайдо кардааст. Дар тариқат тақсимшавӣ ба ҷараёнҳои асосӣ дар даври Аттор рӯй додааст. Тариқати алоияе, ки ба фаъолияти Алоуддини Аттор оғоз ёфта буд, баъди вафоти ӯ, бо фаъолияти писараш Ҳасани Аттор ва шогирдаш Низомиддини Хомӯш дар ду роҳ идома пайдо кард. Муҳаммади Порсо, Яъқуби Чархӣ ва Алоуддини Ғиждувонӣ, бино ба иҷозати Баҳоуддини Нақшбанд, дар мавзеъҳои мухталиф бо тарбияи ирфонӣ-тасаввуфӣ машғул шудаанд.
Ҷараёнҳои шурӯъгардида бо фаъолияти Алоуддини Ғиждувонӣ ва Муҳаммади Порсо он қадар оммавӣ нагардидаанд. Тариқатро, асосан, халифаҳои Аттор ва Яъқуби Чархӣ идома додаанд. Яъқуби Чархӣ, баробари дар тарбияи Нақшбанд будан, солҳои дароз бо Алоуддин Аттор ҳамсуҳбат будааст. Ин аст, ки дар манбаъҳои баъдӣ омадааст, ки халифаи Аттор низ буд ва таҳти роҳбарии ӯ ба камол расидааст. 
Хоҷа Муҳаммади Порсо ҳарчанд ба рушди амалии тариқат саҳми зиёд надошт, вале аз ҷиҳати назарӣ ба рушди Хоҷа Муҳаммади Порсо саҳми назаррас гузоштааст.

ВАФОТ

Нақшбанд, вақте аз сафари дуюми ҳаҷ бармегашт, бемор мешавад. Маҷбур мешавад, ки дар хонаи хурди корвонсарое иқомат гузинад. 
Дар ин ҳолат танҳо чанд муридаш бо ӯ буданд. Албатта, муридон дар фикри он буданд, ки Нақшбанд баъди худ киро ба халифагӣ таъин менамояд. Ӯ пеш аз вафот таъкид менамояд, ки тариқатро халифаи ӯ – Хоҷа Муҳаммади Порсо идома хоҳад дод. 
Бино ба ривояти дигаре фармудааст: «Сухани мо дар ин масъала – он чӣ ки дар роҳи Макка гуфтем, ҳамон хоҳад шуд. Агар ҳар кас дар орзуи дидани мо бошад, ба Хоҷа Муҳаммади Порсо бингарад».
Нақшбанд пеш аз марг дурудароз дуо мекунад. Ин ҳангом Алоуддини Аттор дар болои сари ӯ бо хондани сураи «Ёсин» машғул буд. Сура ба охир нарасида, пири комил дунёи фониро тарк мегӯяд. Он рӯз шоми 1-уми марти соли 1389 буд.

МАҚБАРАИ Ӯ

Бо мурури вақт дар атрофи қабри Нақшбанд масҷид, манора мадраса, хонақоҳ, мусофирхона ва дарвоза созонда шудааст. Дар қарни XVI дар ҳудуди дарвозаҳои  Тоқи Миёна, Диловар ва Салом «Дахмаи Шоҳон» воқеъ буд. Он дахмаҳои оилавии ҳукмдорон ва аъёни Бухоро – Абдулазизхон (1540-1549), Абдуллоҳхон (1589-1598), Имомқулихон (1611-1642), Субҳонқулихон (1682-1702) ва Нодир Девонбегӣ (асри XVII)-ро  дар бар мегирад.

Султонмурод ОЛИМ,
адабиётшинос,
 Ходими шоистаи 
фарҳанги Ӯзбекистон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: