ҲАФТ ПИРИ ТАРИҚАТ

ПИРИ АВВАЛ

16 феврали соли ҷорӣ Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташриф ба вилояти Бухоро ба маҷмӯи ёдгории Баҳоуддин Нақшбанд рафта, барои дар миқёси байналхалқӣ муносиб қайд кардани 915-солагии таваллуди Аблухолиқ Ғиждувонӣ ва 700-солагии зодрӯзи Баҳоуддин Нақшбанд, обод кардани зиёратгоҳи ҳафт пир, аз ҷумла, таҳияи нақшаи чорабиниҳо супориш дода буд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармоиши Президент «Дар бораи тайёрии таҷлил ва гузарондани 915-солагии таваллуди Абдулхолиқ Ғиждувонӣ ва 700-солагии зодрӯзи Баҳоуддин Нақшбанд» аз 11 июли соли 2017, ҳамчунин, бинобар дигар супоришҳои сарвари давлат дар маҷмӯи Баҳоуддин Нақшбанд харитаи роҳ таҳия карда шуд.
Ҳоло бинобар иҷрои ин супориш корҳои амалӣ шурӯъ шудааст. Дар Бухоро қариб дуюним аср тариқати хоҷагон мунтазам, пайдарпай аз як пир ба пири дигар гузашта, такмил ёфтааст. Ин «давраи тиллоӣ»-и тасаввуф ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, айнан ҳалқаи тариқати нақшбандия, ки аз ҳазрати Паёмбар (с) то Хоҷа Баҳоуддин Нақшбанд идома ёфтааст, дар манбаъҳои таърихӣ «силсилат-уз-заҳаб», яъне, «силсилаи тиллоӣ» ном бурда мешавад.
Ҳоло гузориши аввал аз силсилаи «Ҳафт пир», ки ба Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ марбут аст, пешкаши хонандагони азизи рӯзнома мегардад.

ПИРИ АВВАЛ

Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ (Хоҷаи ҷаҳон)

Номи пуррааш Хоҷа Абдулхолиқ ибни Абдулҷамили Ғиждувонӣ (1103-1179) аст. Яке аз назарияпардозони машҳури таърихи тасаввуф буда, асосгузори тариқати хоҷагония мебошад. Бо лақаби Хоҷаи ҷаҳон маъруф шудааст. Айни замон ҳам дар байни аҳолии маҳаллӣ Ғиждувонро ба ҳурмати ҳамин шайхи бузург Хоҷаи ҷаҳон мегӯянд.
Дар фонди Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми ҷумҳурӣ нусхаи асаре  бо номи «Зикри воқеоти Хоҷаи ҷаҳон Абдулхолиқ Ғиждувонӣ», ки аз ҷониби муаллифи номаълум бахшида ба зиндагиномаи ӯ навишта шуда, соли 1717 рӯбардор гардидааст, нигоҳдорӣ мешавад.
Мувофиқи маълумоти ин асар Абдулхолиқ дар 9-солагӣ Қуръони каримро ҳифз карда, аз синни 10 дар маросимҳои зикри дарвешон фаъол ширкат меварзад ва аз донишманди бухороӣ Имом Садриддин тафсири Қуръони каримро меомӯзад.
Дар синни 22 ба Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ, ки аз шаҳри Ҳамадон ба Бухоро омада, бо тарғиби тасаввуф машғул мегардад, мурид мешавад. Он кас умри худро дар хидмат дар роҳи тасаввуф бахшида, доир ба назария ва амалияи тасаввуф 5 асар таълиф кард. Ба тарбияи муридон машғул шуда, дар роҳи камолоти руҳӣ ба комёбиҳо даст ёфт.
Хоҷаи ҷаҳон дар асари «Мақомоти Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ» зиндагиномаи муршиди худро баён карда, моҳияти таълимоти ӯро таҳлил месозад. 
Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ таълимоти Хоҷа Юсуф Ҳамадониро ҳаматарафа ғанӣ гардонда, ба амалиёти тасаввуф зикри хуфяро ворид кард. Ба чор қоида, яъне рашҳа («Ҳуш дар дам», «Назар бар қадам», «Сафар дар ватан», «Хилват дар анҷуман»)-е, ки Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ ҳангоми зикр амал кардани онро ҷорӣ карда буд, Хоҷаи ҷаҳон боз 4 рашҳа («Ёдкард», «Бозгашт», «Нигоҳдошт», «Ёддошт») илова намуда, онро ба 8 рашҳа мерасонад.
Ба ҳамин тариқ аз ҷиҳати амалӣ тариқати нави хоҷагонро шурӯъ намуда, онро аз лиҳози назарӣ асоснок намуд.
Ба ин тариқат раҳнамоӣ карданро ба муриди худ Хоҷа Орифи Ревгарӣ – Моҳитобон супурд. Ҳамин тариқ Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ сарҳалқаи ҳафт пири тариқати хоҷагония – нақшбандия гардид.
Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ барои Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ҳам сарҳалқаи тариқати хоҷагон, ки худ ба он дохил шуда, такмил додааст, ҳам пири увайсӣ, ки ӯро бевосита рӯҳан тарбия намуда, ба ҳисоб меравад.
Суханони Хоҷаи ҷаҳон аз ҷониби сӯфиёни даврҳои минбаъда низ омӯхта, шарҳ дода шудааст. Аз ҷумла, дар асри XVI Аҳмад ибни Мавлоно Ҷалолиддин Хоҷагии Косонии Даҳбедӣ, ки бо лақаби «Махдуми Аъзам» машҳур аст, асари «Рисолаи чаҳор калима»-и худро ба шарҳи 4 васияти ӯ бахшидааст. Ҳамчунин, моҳияти таълимоти ӯ дар асари «Рисола», ки ба қалами пири тариқати нақшбандияи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдиддин Қошғарӣ (вафот –1456) мансуб аст, васеъ тарғиб карда шудааст.
Қабри Хоҷаи ҷаҳон дар Ғиждувон аст. Мирзо Улуғбек ба ҳурмати ин зоти муборак дар қиблаи қабри ӯ мадраса бунёд кардааст.
Дар силсилаи тиллоие, ки аз Расули акрам (с) шурӯъ шудааст, Абдулхолиқи Ғиждувонӣ ҳалқаи 10-ум мебошад.
4 декабри соли 2002 қарори Девони Вазирони ҷумҳурӣ «Дар бораи таҷлили 900-солагии таваллуди Абдулхолиқ Ғиждувонӣ» қабул гардид. 
Манбаи аз ҳама беҳтар ва боварбахше, ки айни замон дар бораи ҳафт пир дар даст дорем, «Насоим-ул-муҳаббат»-и Алишер Навоист.
Дар ин тазкира дар бораи Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ каромоту ҳолатҳои хеле аҷиб баён карда шудааст.
Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ то бо Юсуфи Ҳамадонӣ вохӯрдан ҳам зикри хуфя дошт, дар ин бора ба он кас Хизр алайҳиссалом таълим дода буд.
Бинобар далолати Навоӣ Хизр алайҳиссалом ба Ғиждувонӣ ба ҳавз даромада, дар дил зикри «Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадур расулуллоҳ» гуфтанро супориш дод. Умуман, ҳолатҳои валигиро аз халқ пинҳон дошта, ошкор накардан роҳи хоксоронаи Хоҷа Абдулхолиқ буд. Ҳол он ки дараҷаи валоят дар вай ба ҳамон дараҷа расида буд, ки бинобар маълумоти Навоӣ ҳар намози худро ба Каъба рафта адо карда меомад.
Мутафаккири бузург боз як каромати ин валиюллоҳро баён мекунад. Тибқи гуфтаи ӯ, ҳазрат дар як ҷамоа аз маърифат маърӯза мекард. Дар ин вақт як нафар бо либоси зоҳидона, яъне, хирқа пӯшида, ба дӯш ҷонамоз гирифта омада, ба як гӯша нишаст. Ҳазрат аз чӣ бошад, ки ба ӯ таваҷҷӯҳ намуд. Дар ин вақт он ҷавон аз шайх пурсид: «Сирри ҳадиси «Аз фаросати муъмин тарсед, чунки ӯ бо нури Аллоҳи бузург ва тавоно нигоҳ мекунад» дар чист?»
Дар он замонҳо нафарони ғайримусулмон барои маълум кардан дар миёни худ ришта мебастанд. Ин ришта зуннор ном дошт. Он ҷавони ношинос аз фаросати мусулмон савол карда буд, ин валии бузург аз рӯйи фаросат ба ӯ чунин ҷавоб дод: «Сирри ин ҳадис дар он аст, ки зуннори зери хирқаатро бурида, имон меорӣ».
Ҷавон аз ин каромат ба ҳайрат монда, дарҳол зуннори худро бурида, имон оварда, мусулмон шуд.
Дар ин ҳол шайх мутаассирона ба ҳозирон муроҷиат карда гуфт: «Эй ёрон, биёед, он гуна, ки ин ҷавони наваҳд зуннори зоҳири худро бурида, имон овард, мо низ зуннори ботинро, ки аз уҷб иборат аст, қатъ карда, имон биёрем, то чунонки ӯ омурзида шуд, мо ҳам омурзида шавем».
Навоӣ дар ин ҳолат ҳаяҷони худро пинҳон намедорад: «Ҳолати аҷибе ба асҳоб даст дод. Ба пойи Хоҷа афтода, тавбаи нав мекарданд».
Як нафар умедвор аз Хоҷа илтимос кард: «Моро чунон дуо кунед, ки аз доми Шайтон ҷон ба саломат барем». Як дуохони оддӣ бошад, «Биё, як дуо диҳам, аз ман чӣ рафтааст», – гуфта дуо дод. Аммо ин нафар –Абдулхолиқ Ғиждувонӣ, медонед, ба он нафар чӣ гуфт? – «Одам агар фарзҳоро адо кунад, дуояш иҷобат мешавад. Ту бо адои фарз машғул шав ва моро бо дуои нек ба ёд ор. Мо низ пас аз адои фарзҳо туро дуо кунем. Дар ин ҳолат ҳам дуои ту, ҳам дуои мо иҷобат мешавад».

Комилҷон РАҲИМОВ,
доктори илмҳои таърих оид ба фалсафа, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи А. Берунӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: