Ҳафт шаҳрванди Ӯзбекистон дар як садамаи нақлиётӣ дар Русия ба ҳалокат расиданд

1 сентябри соли 2024 дар шоҳроҳи федералии М-12 "Восток" дар ноҳияи Навашински вилояти Нижний Новгород (РФ) садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 8 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафари онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд, 3 нафар ҷароҳат бардошта, дар муассисаҳои тиббӣ қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомобили Hyundai Grand Starex (шаҳрванди Тоҷикистон) ба самти Маскав ҳаракат мекардааст. Мард идораи микроавтобусро аз даст дода, ба истгоҳ бархӯрдааст ва дар натиҷа мошин чаппа шудааст. Дар робита ба ин садама парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад. Сафорати Ӯзбекистон дар Русия ба наздикону пайвандони қурбониёни ҳодиса изҳори ҳамдардии самимӣ ва ҳамчунин ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар баён мекунад.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳукумати кишвар ҷиҳати зудтар ҳал намудани тамоми масъалаҳои ташкилии вобаста ба баргардонидани ҷасади ҳалокшудагон ба Ватан дар ояндаи наздик чораҳои зарурӣ андешад.

Масъала таҳти назорати махсуси Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Маскав қарор дорад.

Барои расонидани кумаки зарурӣ роҳбарияти Консулгарии генералӣ дар Қазон ва намояндагиҳои Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Дар ҳолати зарурӣ барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба Маркази тамоси шӯъбаи консулии Сафорати Ӯзбекистон дар Маскав: +7 499 238-36-20; +7-499 230-00-76, инчунин Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Қазон: +7 843 526-55-63 муроҷиат кунед.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: