Дар Бухоро бо ҳамкории кумитаҳои сайёҳӣ, дин ва ҳокимияти вилояти Бухоро таҳти унвони «Зиёрати табаррукӣ» ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ ба амал омад.
Дар он зиёда аз 100 нафар иштироккунандагон, аз ҷумла, меҳмонони аъзо ба ташкилоти давлатҳои туркӣ, олимон ва профессорон, омӯзгорон, уламо ва талабаҳои соҳаи дин, роҳбалад-тарҷумонҳо, туроператорон, роҳбарони хоҷагиҳои меҳмонхона, намояндагони ВАО-и маҳаллию хориҷӣ иштирок карданд.
Дар доираи ҳафтаина таҳти унвонҳои «Моҳияти зиёрати табаррук», «Салоҳияти сайё-ҳии зиёратӣ дар Ӯзбекистон», «Дунёи туркӣ ва зиёрати табаррук» ва ғайра семинарҳо, тақдимоти веб-сайт, шиносоӣ бо ширкатҳои дар минтақа фаъолиятдошта, суҳбатҳои мизи мудаввар, мулоқот, фестивали ҳунармандон, ярмарка, кушодашавии кӯчаҳо дар ноҳияҳои Ҷондор, Вобканд ва Ғиждувон, деҳаҳои этнотуризм ва ғайра сурат гирифт.
А. Авезов, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.