ҲАФТАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ОҒОЗ ЁФТ

22-27 августи соли ҷорӣ дар чаҳор шаҳри ҷумҳурӣ ҳафтаи «Ӯзбекистон – чорроҳаи роҳҳои бузург ва тамаддунҳо: салтанат, дин ва маданиятҳо» ва конфронси байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Ҳифзи мероси мадании моддӣ ва ғайримоддӣ: мушкилоти рӯзмарра ва стратегияи ҳалли онҳо» баргузор мегардад.

Бахшида ба ҳафта ва конфронси мазкур дар «Хонаи эҷоди ҷавонон»-и пойтахт нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдуҳакимов, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ваколатхонаи ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Фуад Пашаев, мушовири вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Камола Оқилова, раиси ҷамъияти байналхалқӣ доир ба ташвиқ, омӯзиш ва ҳифзи мероси мадании Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ширкат ҷуста, оид ба воқеаҳои муҳими ҳафтаи фарҳангӣ сухан ба миён оварданд.
Дар конфронси мазкур, ки 26 август дар Самарқанд баргузор мешавад, иштироки зиёда аз 200 нафар олимоне, ки аз 40 мамлакати дунё ташриф меоранд, пешбинӣ шудааст. 
Қисми асосии  чорабиниҳои ҳафта, ки дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Тирмиз баргузор мегардад, аз барномаҳои маърифатӣ иборат буда, дар он доир ба ҳаёт ва фаъолияти як гурӯҳ таърихшиносон ва археологҳо маълумот дода мешавад.
Намоишгоҳи «Хазинаи Кушон» («Тиллоҳои Далварзинтеппа»), ки дар Нигористони санъати тасвирии Ӯзбекистон баргузор мешавад, яке аз воқеаҳои муҳим барои иштирокдорони хориҷӣ ва маҳаллӣ ба шумор меравад.
Иштирокдорон аз Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ва Маркази тамаддуни ислом низ дидан карда, бо нусхаи бебаҳои Қуръони Карим – Мусҳафи Усмон шинос мешаванд.
Аз 24-уми август чорабиниҳои ҳафта дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Аз ҷумла, иштирокдорон бо маҷмӯи ибодатхонаи буддовии Фаёзтеппа, ки ба асрҳои I-III милодӣ тааллуқ дорад, осорхонаи археологии Тирмиз ва Искандарияи Оксиана, ки таҳти роҳбарии академик Эдвард Ртвеладзе дар Кампиртеппа дарёфт гардида буд, шинос мешаванд.
Гурӯҳе аз иштирокчиёни ҷашнвора дар Бухорои куҳан  обидаҳои таърихии шаҳрро тамошо мекунанд.
Дар Самарқанд саёҳати махсус таҳти мавзӯи «Обидаҳои Ӯзбекистон дар чӣ хусус нақл мекунанд?» ташкил дода мешавад, ки дар он меҳмонон бо номаҳои таърихии ҳукмдорон ва олимони асрҳои гузашта шинос мешаванд.
Дар конфронси байналхалқие, ки таҳти мавзӯи «Нуре, ки аз қаъри асрҳо интишор меёбад» бо иштироки олимони исломшинос баргузор мешавад, муаррифии китобҳои «Қуръони Лангари бузург: асрор ва ҳақиқат» ва «Навиштаҷоти обидаҳои Ӯзбекистон» низ сурат мегирад.
Ҷашнвораи навбатӣ «Самарқанд – қалби Роҳи бузурги абрешим» ном дошта, дар Боғишамол, ки яке аз ҳафт боғи Соҳибқирон Амир Темур буда, ҳоло дар асоси шаклу шамоили пешина аз нав бунёд гардидааст, баргузор мешавад.
Ҳафтаи байналхалқӣ рӯзҳои кушодашавии ҷашнвораи мусиқии байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» ба поён мерасад.

Набия НОДИРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: