ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТУРИЗМ ДАР САМАРҚАНД БАРПО ШУД

Оғози ҳафтаи равон шаҳри Самарқанд меҳмонҳои зиёдеро аз дохил ва беруни кишвар пазироӣ кард.

Меҳмонон барои иштирок дар “Ҳафтаи байналмилалии туризми зиёратӣ” озими ин шаҳри бостонӣ шудаанд. Ин матлабро тайи нишасти хабарӣ мушовири вазири туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ Темур Мирзоев дар арафаи баргузории ин чорабинӣ баён намуд. 
«Ҳафтаи байналмилалии туризми зиёратӣ» 1–3 ноябр тибқи қарори сарвари давлат аз 30 апрели соли 2022 “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии диверсификатсияи хизматҳои туризми дохилӣ” ва қарори Девони Вазирон аз 20 майи соли 2022 “Дар бораи чораҳои иловагии ташкил ва баргузор намудани ҳафтаи байналмилалии туризми зиёратӣ” роҳандозӣ шудааст.
– Ҳадафи асосӣ аз баргузор намудани ин чорабинии васеъмиқёс аз чанд омил иборат аст. Аз ҷумла, ба амал баровардани салоҳияти туризми зиёратӣ, муаррифии Ӯзбекистон ба сифати маркази муҳими тамаддуни ҷаҳонӣ, мавриди эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтани  он, инчунин хадамоти туризми зиёратиро диверсификатсия кардан ва содироти туризмро афзоиш додан аз зумраи ҳамин омилҳо маҳсуб меёбанд, – изҳор намуд Темур Мирзоев.
Дар нишасти матбуотӣ аз он ёдоварӣ шуд, ки собиқ раиси Ҷумҳурии Индонезия  Сукарно ба ҳайси нахустин шахсияти давлати хориҷӣ оромгоҳи Имом Бухорӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Самарқандро зиёрат кардааст. Набераи ӯ раиси Парлумони Индонезия дар эҳёи маҷмааи Имом Бухорӣ саҳми калон гирифтааст. Ин маънӣ дар намоишгоҳи «Trisakti Tourism Award» ва намоишгоҳи маҳсулот ва хидматрасонии «Halal Trip» дар шаҳри  Ҷакартаи Индонезия, ки 27–30 июни соли ҷорӣ баргузор шудааст, низ таъкид гардидааст.
Ба гуфтаи ноиби ҳокими вилояти Самарқанд, сардори садорати туризм ва мероси фарҳангӣ Рустам Қобилов масъалаи кушодадилӣ дар дини мубини ислом мавқеи хосро ишғол менамояд. Солҳои охир Ӯзбекистон барои мардуми дунё яке аз кишварҳои боамну субот ва дорои салоҳияти зиёди туристӣ муаррифӣ шудааст. 
Дар ҷумҳурӣ барои роҳандозии туризми ҷавонон низ корҳои зиёд анҷом дода мешавад.
– Яке аз чунин чорабиниҳо дар вилояти Қашқадарё ба вуқӯъ пайваст. Он ҷо қурултойи туризми ҷавонон баргузор гардид. Ҳадаф аз роҳандозии он маҳз тарғибу ташвиқи салоҳияти туристии мамлакат дар байни ҷавонон буд, ки хеле муваффақона анҷом пазируфт, – гуфт Темур Мирзоев.
Роҳандозии форуми байналмилалӣ дар маркази Имом Бухорӣ  таҳти унвони “Осиёи Марказӣ–гаҳвораи санъати исломӣ”, ки санъати наққошӣ, рассомӣ, кандакорӣ, меъморӣ ва амсоли онро мадди назар дорад, инчунин баргузории фестивали “Оҳангҳои дил” дар чаҳорчӯби “Ҳафтаи байналмилалии туризми зиёратӣ” аз чорабиниҳое мебошанд, ки шукӯҳи онро боло хоҳанд бурд.

 Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Шаҳри САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: